Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия

АЗИЗОВ КОМИЛ ҶУРАХОНОВИЧ

  • И.в. мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
  • номзади илмҳои фалсафа
  • 10.10.1989 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: komil_2016@mail.ru
  • Тел: (+992) 901706070
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б1/502А

 

Азизов Комил Джурахонович – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлатии Данғара. Азизов К.Ҷ. н.и.ф., рисолаи номзадияшро дар мавзуи «Фалсафаи ифтихори миллӣ ва давлатдорӣ дар «Шоҳнома» - Абулқосим Фирдавсӣ» 18-уми феврали соли 2021 ҳимоя намудааст. 10 -уми октябри соли 1989 дар н.Восеъ таваллуд шудааст. Соли 2008 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 2013 бо ихтисоси фарҳангшинос хатм намудааст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, «Аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

 

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2013-2016  – ассистент кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2016- 2023 – омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2018-2020  – ҷонишини декан оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2020-2021 – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, идораи минтақавӣ ва сайёҳӣ;
  • Солҳои 2021-2023 – мудири кафедраи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз 1-уми майи соли 2023 то ба ҳол - иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА

Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия аз рӯи ихтисосҳои 1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, 1-240101- Ҳуқуқи байналмилалӣ, 1-240103- Ҳуқуқи иқтисодӣ ва 30% фанҳои ҳуқуқ дар ихтисоси 1-020102 – Таърих. Ихтисоси иловагӣ (Омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ) дараҷаи бакалавр мутахассисонро омода менамояд. Дар таҳсилоти магистратура танҳо 1 ихтисос 1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ кафедра мутахассисонро омода менамояд.

  • Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳои кафедра дар соли таҳсили 2022-2023
  • Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ - 1-930101 - Бакалавр ва магистр;
  • Ҳуқуқи байналмилалӣ - 1-240101 - Бакалавр;
  • Ҳуқуқи иқтисодӣ - 1-240103 - Бакалавр.

 

Дар кафедра дар умум 18 нафар омӯзгор фаъолият менамояд, ки аз он 9 омӯзгори штатӣ, 6 ҳамкори дохилӣ ва 3 ҳамкори беруна ба шумор мераванд. Аз ин шумора 1 нафар доктори илм, 3 нафар номзадони илм, 5 нафар муаллимони калон ва 9 нафари дигар ассистентҳо кору фаъолият менамоянд.

  • Кормандони штатии кафедра:
  • 1. Азизов К.Ҷ. - н.и.ф., и.в., дотсент, мудири кафедра;
  • 2. Ҳасанов Ш.Қ. - н.и.ҳ., д.и.с., и.в.профессор;
  • 3. Соҳибзода М.С. - н.и.ҳ., и.в. дотсент;
  • 4. Гулзода Н.А. - н.и.п., и.в.дотсент;
  • 5. Ализода Алиҷон - омӯзгори калон;
  • 6. Раҳимзода Қ.Н. - омӯзгори калон;
  • 7. Аҷиков Алихон - ассистент;
  • 8. Ҷониев С.С. - ассистент;
  • 9. Шомардова Ш. - ассистент.

 

  • Ҳамкори дохилии кафедра
  • 1. Шарифи Дилбар - ассистент;
  • 2. Қодиров Ш.Б. - омӯзгори калон;
  • 3. Ҷорубов Ф.Ф. - омӯзгори калон;
  • 4. Саидзода Р.С. - омӯзгори калон;
  • 5. Холов Ф.М. - ассистент;
  • 6. Амирзода М. - ассистент.

 

  • Ҳамкорони берунаи кафедра
  • 1. Суннатуллозода Умед - ассистент;
  • 2. Умаров Фарҳод - ассистент;
  • 3. Назирзода Нодир - ассистент.

 

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ВА ИҶТИМОӢ-ТАРБИЯВИИ КАФЕДРА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

Мавзуи илмии кафедра “Асосҳои таърихи давлатдорӣ ва эҳёи заминаи ҳуқуқ  аз давраҳои Сосониён” мебошад, ки дар доираи ин мавзуъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз тарафи устодон анҷом дода мешаванд. Дар кафедра мавзуъҳоиои «Усулҳои тафтиши вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт», «Қонунгузории сервитут: моҳият, хусусият ва инкишофи он дар Тоҷикистон», «Ташаккул ва рушди ҳуқуқи оилавӣ дар Тоҷикистони муосир» мавриди таҳқиқ қарор доранд. Дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия аз аввали соли таҳсил то давраи ҳисоботӣ мувофиқи воҳидҳои штатӣ 16,37 воҳиди штатӣ, ки дар маҷмӯъ 10646 соатро ташкил менамуд, ки аз ин шумора 7687 соатҳои фаъол, 2575 соатҳои ғайри фаъол (таҷрибаомӯзиҳо, роҳбарӣ ба кор (лоиҳаи курсӣ, роҳбарӣ ба рисолаи дипломӣ, Аттестатсияи хатм, ташкил менамуд), боқимонда 384 соати дигар мебошанд. 

 

  • Руйхати омӯзгороне, ки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  машғуланд:
  • Саидзода Р.Ҳ. - Усулҳои тафтиши ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт. Роҳбари илмӣ н.и.ҳ., Қодирзода Д.;
  • Қодиров Ш.Б. - Усулҳои тафтиши вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт. Роҳбари илмӣ - н.и.ҳ., дотсент Саидзода И.Ҳ.;
  • Шарифӣ Д.Д. - Ташаккул ва рушди ҳуқуқи оилавӣ дар Тоҷикистони муосир. Роҳбари илмӣ - д.и.ҳ., профессор Холиқзода А.;
  • Ализода А.А. - Таърихи таъсис ва ташаккули матбуоти форсӣ. Роҳбари илмӣ - д.и.т., профессор Расулиён Қ.;
  • Раҳимзода Қ.Н. - Илму фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои 9-12. Роҳбари илмӣ - д.и.т., профессор Расулиён Қ.

 

Соли таҳсили ҷорӣ дар кафедра як қатор корҳо дар самти илм ба нақша гирифта шуда, мунтазам иҷро гардид. Аз ҷумла дар давоми сол ду конференсияи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ба пуррагӣ иҷрои худро ёфт. Аз ҷумла конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ», ки рӯзи 5-уми ноябри соли 2022 дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд, ки дар кори конфронс олимону муҳаққиқон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагон аз прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Дар кори конфронс 21 маърӯзаҳо шунида шуд, ки маводи конференсия дар ҳаҷми 130 саҳифа аз чоп баромад.

Дар таърихи рӯзи 27-уми майи соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” доир карда шуд, ки дар кори конфронс олимону муҳаққиқон аз донишгоҳу донишкадаҳо, ниҳодҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкати фаъолона намудаанд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Абдуллоњи Рањнамо Директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ дар мавзӯи “Таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ ба арзишҳо ва давлатдории миллии тоҷикон” баромад намудаанд. Дар ин конфронс 74 мақолаҳои илмӣ ба кумитаи тадорукот ворид гардид, ки аз он 35 тоаш ҳузурӣ ва боқимонда маҷозӣ ширкат варзидаанд. Маводи конференсия дар ҳаҷми 322 саҳифа аз чоп баромад.