Факултети молия ва иқтисод

                                                                                                                                        

                                                                                                                                    Қудратзода Парвиз Қудрат

                                                                                                                 декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Қудратзода Парвиз Қудрат - декани факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара. 16 майи соли 1989 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Соли 2007 ба шӯъбаи рӯзонаи факултети иқтисоди филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар н.Данғара дохил шуда, онро соли 2012 бо муваффақият бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 2012-2013 - Эдвайзер,(мушовири академӣ)-и донишҷуёни низоми кредитии таҳсилот дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Данғара;
Солҳои 2013-2016 - Аспиранти шуъбаи рӯзонаи аспирантураи  ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур;
Солҳои 2013-2016 - Ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаҷми 0,25 воҳиди корӣ);
Солҳои 2013-2017 - Ассистент, омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти инноватсионӣ ва идораи кормандон дар ДДД (0,25 воҳиди корӣ);
Солҳои 2016-2017 - Сардори Маркази таълими-тренингии «Асосҳои фермерӣ ва соҳибкорӣ», Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДД;
Аз 1.01.2018 - то 15.10.2018 - Мудири кафедраи иқтисодиёти инноватсионӣ ва таҳлили молиявӣ;
Аз 15.08.2018 - то 2019 - Декани факултети навгониҳо ва сармоягузории Донишгоҳи давлатии Данғара;
Солҳои 2019-2021 - Декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва технологияҳои муосири Донишгоҳи давлатии Данғара;
Солҳои 2021-2023 - Муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Данғара;
Аз 17.04.2023 то инҷониб - Декани факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

  • ФАКУЛТЕТ ДОРОИ 3 КАФЕДРА МЕБОШАД:
  • 1. Молия ва фаъолияти бонкӣ
  • 2. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ
  • 3. Иқтисод ва идора

Маълумот оид ба теъдоди омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Синну соли ҳайати омўзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз рӯи ихтисос дар факултет (соли таҳсили 2022-2023)

Номгӯйи ихтисосҳо ва равияҳои факултет дар соли таҳсили 2022-2023