Факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ

                                                      

                                                                                                                                           Ҳафизов Абдунасир Абдукаримович 

                                                                                                                          декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

 

 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 2001-2004  - Аспиранти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ;
Солҳои 2004-2006 - Омӯзгори кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ;
Солҳои 2006-2013 -  Омӯзгори калони кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур;
Солҳои 2005-2013 -  Муовини декан оид ба таълими факултети агрономии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур;
Солҳои 2013-2016 - Декани факултети техникии Донишгоҳи давлатии Данғара;
Солҳои 2016-2017 - Декани факултети аграрӣ ва истифодаи захираҳои табии Донишгоҳи давлатии Данғара;
Солҳои 2017-2022 - Мудири кафедраи агротехнологияҳои нав ва амнияти озуқавории Донишгоҳи давлатии Данғара;
Солҳои 2022-2023 - Декани факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ;
Аз 18.04.2023 - Декани факултети аграрӣ ва амнияти озуқавории Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

МАҚСАДИ МО-тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулотҳо, нигоҳдорӣ ва тайёр намудани онҳо бо талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ мебошад. Инчуни дар факултет мутахассисони соҳаи тибби ветеринарӣ, зоотехникӣ  ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки пас аз хатми донишгоҳ ба истеҳсолот равона карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босураътро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон намудааст, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ баланд бардоштани иқтидори содироти мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.                     

 

  • ФАКУЛТЕТ ДОРОИ 2 КАФЕДРА МЕБОШАД:
  • 1. Аротехнология
  • 2. Тибби бойторӣ

Маълумоти оид ба теъдоди омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Теъдоди аспирантону унвонҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултет

Синну соли ҳайати омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Ҳимояҳои рисолаҳо аз рӯи ихтисос дар факултет (соли таҳсили 2022-2023)

Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳои факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Теъдоди донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2022-2023

       Дар факултет айни ҳол 396 нафар донишҷӯй дар шуъбаи рӯзона ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 32 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз микдори умумии донишҷӯён 142  нафар ба тариқи буҷавӣ ва 254  нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил намуда истодаанд.

 

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҲАЁТИ ФАКУЛТЕТ: