Факултети филология ва рӯзноманигорӣ

                                                                                                                                                                                                            

                                                                                                                                                                 Ҳасанов Фарҳод Зикруллоевич

                                                                                                                                                  декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ

 

 

Ҳасанов Фарҳод Зикруллоевич - декани факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара. 27 -уми августи соли 1992 дар н.Данғара таваллуд шудааст. Соли 2010 ба факултети забонҳои Донишгоҳи давлатии Данғара дохил шуда, онро соли 2014 бо ихтисоси забони англисӣ хатм намудааст. Ҳамчунон мавсуф риштаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав) - ро бо ихтисоси муаллими забони англисӣ соли 2016 бо дипломи аъло хатм намудааст. Аъзои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон мебошад.

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2014-2016 - Омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассиаси таҳсилоти миёнаи умумии №70 –и н.Данғара;
  • Солҳои 2016-2020 - Ассистенти кафедраи назария ва амалияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2020-2022 - Ҷонишини  декан  оид  ба сифати таҳсилот ва инноватсия дар факултети филология ва рӯзноманигорӣ;
  • Солҳои 2022-2023 - Мудири кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети филология ва рӯзноманигорӣ;
  • Аз 18.04.2023 то инҷониб - Декани факултети филология ва рӯзноманигории Донишҳгоҳи давлатии Данғара.

 

МАҚСАДИ МО –тайёр намудани омӯзгорони соҳибкасби донандаи технологияҳои навини забондонӣ буда ва инчунин ба рушду ташаккули  омӯзгорони оянда заминаи мусоид фароҳам овардан мебошад. Зеро фаъолияти педагогӣ дар муҳити инноватсионии таҳсилот ҳамчун заминаи рушди инсонӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Шоири мумтози адабиёти классикии тоҷик Тошхӯҷаи Асирӣ дар васфи забон чунин гуфтааст:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

 

  • ФАКУЛТЕТ ДОРОИ 4 КАФЕДРА МЕБОШАД:
  • 1. Забон ва адабиёти тоҷик
  • 2. Забон ва адабиёти рус
  • 3. Назария ва амалияи забони англисӣ
  • 4. Рӯзноманигорӣ

Маълумоти оид ба теъдоди омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Теъдоди аспирантон, доктор PhD ва унвонҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултет

Ҳимояҳои рисолаҳо аз рӯи ихтисос дар факултет (соли таҳсили 2022-2023)

Синну соли ҳайати омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳои факултет дар соли таҳсили 2022-2023

Теъдоди донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2022-2023

 

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН:

Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултет тибқи нақшаҳои таълимӣ аз рӯи се самт ба роҳ монда мешавад: педагогӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онҳо дар навбати хеш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳои касбӣ ва муассисаҳои тахассусӣба таҷрибаомӯзӣ фарогир мешаванд. Факултет ва кафедраҳои тобеи он бо муассисаҳои илмию таълимии Институти забон ва адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи улуми инсонии ба номи Б. Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои факултетҳои филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия робитаҳои самарабахши илмиву таълимиро ба роҳ мондааст. 

 

КИТОБҲОИ ТАҲИЯШУДА АЗ РӮИ ИХТИСОС:

  • 1. Шокиров Т.С., Ҳусейнзода Ф. Забони тоҷикӣ. Маводи машғулиятҳои амалӣ ва маҷмуаи машқҳо бо иловаҳо. Душанбе: «Ирфон», 2019. 372 с.
  • 2. Хусейнзода Фарход. Убайд Раджаб и эволюция таджикской детской литературы – Душанбе, Ирфон. -2015, 194 с.
  • 3. Хусейнзода Фарход. Адабиёти маърифатоин ва тарбияи фарзанд. Душанбе, “Истеъдод” – 2018, 80 с.
  • 4. О.Ш. Саидҷаъфаров, М.М. Раҳмонов. Услуби баёни илмӣ.- Душанбе: ДДМИТ, 2019.- 176 саҳ.

 

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҲАЁТИ ФАКУЛТЕТ: