Кафедраи математикаи олӣ

  • Пиров Ҳайдарҷон Ҳокимҷонович
  • И.в. мудири кафедраи математикаи олӣ
  • номзади илмҳои физика - математика
  • 28.02.1963 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: pirov_1963@mail.ru
  • Тел: (+992) 111134913
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б4/109

 

Пиров Ҳайдарҷон Ҳокимҷонович – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Данғара. 28-уми феврали соли 1963 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Соли 1980 ба шӯъбаи рӯзонаи филиали Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар ш. Қӯрғонтеппа дохил шуда, соли 1985 бо ихтисоси математик-физик, муаллими математика ва физика хатм намудааст. Пиров Ҳайдарҷон Ҳокимҷонович номзади илмҳои физика - математика ба шумор рафта, рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Некоторые экстремальные свойства аналитических в круге функций» бо муваффақият дифоъ намудааст. Ба унвони сарисинагии Аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Аъзои Ҳизби Халқи Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Соли 1985  – ассистенти кафедраи таҳлили математикии факултети математика-физикаи филиали ДОДД ба номи Т.Г.Шевченко дар ш.Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1985-1987 – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1987-1988 – ассистенти кафедраи тањлили математикии факултети математика-физикаи  филиали ДОДД ба номи Т.Г.Шевченко дар ш.Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1988-1993 – омӯзгори калони кафедраи тањлили математикии факултети математика-физикаи  филиали ДОДД ба номи Т.Г.Шевченко дар ш.Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1993-1994 – ассистенти кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев; 
  • Солҳои 1994-1997 – муовини декани факултети математика ва физикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев; 
  • Солҳои 1997-1998 – мудири кафедраи таҳлили математикии  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев;
  • Солҳои 1998-2001 – аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2001-2004 – мудири кафедраи таҳлили математикии  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев;
  • Солҳои 2004-2006 – мудири кафедраи таҳлили функсионалии  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев;
  • Солҳои 2006-2007 – мудири кафедраи таҳлили математикии  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев;
  • Солҳои 2007-2009 – сардори шӯъбаи таълими  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев;
  • Солҳои 2009-2011 – декани факултети илмҳои табиии  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев;
  • Солҳои 2011-2013 – сардори раёсати таълими  филиали ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур дар н. Данғара;  
  • Солҳои 2013-2016 – мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Данғара.
  • Солҳои 2016-2020 – мудири кафедраи математикаи олӣ ва татбиқиии Донишгоҳи давлатии Данғара.
  • Солҳои 2020-2021 – Декани факултети фосилавӣ ва ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2021-2023 – мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз 1-уми майи соли 2023 то ба ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА

Дар кафедраи математикаи олӣ 12 нафар омӯзгори штатӣ ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 2-нафар номзади илм, 6 нафар саромӯзгор ва боқимонда 4-нафар ассистент мебошанд. Дар соли ҷорӣ (2022-2023) ҳамаи омӯзгорон дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок карданд. 

Равияи асосии илмии кафедра «Омӯзиши тарзҳо ва методҳои муосири таълим бо истифода аз технологияҳои навин дар таълими фанҳои риёзӣ» мебошад, ки омӯзгорон вобаста ба ҳамин равия дар ҳаллу фасли масоили усулҳои замонавии таълими мавзуъҳои алоҳидаи фанҳои риёзӣ саъю талош доранд. Иҷрокунандаи дотсенти кафедра, н.и.ф.-м. Пиров Ҳ. дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ду нафар омӯзгори калорни кафедра (Исматов Ҳ. ва Пирова Ҷ.) роҳбарӣ намуда, дар баробари ин дар мавзуъҳои моделиронии математикӣ ва наздиккуниҳои беҳтарини функсияҳои аналитикӣ дар фазои Хардӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро намуда истодаанд.

Таҳти роҳбарии номзади илмҳои физика ва математика, и.в.дотсент Пиров Ҳ.Ҳ. ду нафар унвонҷғёни кафедра оиди мавзуъҳои илмиашон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро менамоянд: 

  1. Исматов Ҳикматулло – дар мавзуи  «Моделҳои муосири педагогии рушди донишҳои математикӣ дар раванди ҳамкориҳои таълимгоҳ бо мактабҳои типи нав»;
  2. Пирова Ҷамила – дар мавзуи “Баъзе таҳқиқотҳои фундаменталии (бунёдӣ) фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ” .

Мавзуи илмӣ – таҳқиқотии ассистенти кафедра Дустов Хасан Муродович барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо аз рӯйи равияи илмии 01.04.02 - “Решение задачи Коши для уравнение второго порядка с постоянными коэффициентами”  буда, бо роҳбарии д.и.ф-м., профессор Косарев Николай Георгиевич таҳқиқоти илмӣ мебарад.

Ассистенти кафедра Турахонова Сокинамо дар мавзуи «Хусусиятҳои тафаккури техникӣ дар тайёр намудани омӯзгорони ояндаи таълимоти меҳнатӣ дар муассисаҳои умумии таҳсилоти миёна ва роҳҳои рушди он» таҳти роҳбарии н.и.ф.-м., профессор Иброҳимов Гурез корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузаронад.

Бо тавсияи мудири кафедра Пиров Ҳ. ассистенти кафедра Неъматов Юсуф зери роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, профессор Сафаров Ҷумабой (профессори кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав) ва Файзов Кишвар зери роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков (профессори кафедраи таҳлили функсионалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба иҷрои корҳои илмӣ машғул шуданд. 

 

  • Кормандони штатии кафедра:
  • 1. Пиров Ҳайдар - и.в. мудири кафедра, н.и.ф-м.;
  • 2. Каримов Алишер - н.и.ф-м.;
  • 3. Исматов Ҳикматулло - омӯзгори калон;
  • 4. Ғаримадов Алишер - омӯзгори калон;
  • 5. Алимов Салоҳиддин - омӯзгори калон;
  • 6. Пирова Ҷамила - омӯзгори калон;
  • 7. Турахонова Сокинамо - омӯзгори калон;
  • 8. Мирзоев Исмат - омӯзгори калон;
  • 9. Дӯстов Ҳасан - ассистент;
  • 10. Маҳмуродзода Гулмаҳмад - аасистент;
  • 11. Файззода Кишвар - ассистент;
  • 12. Неъматов Юсуф - ассистент.