Кафедраи биология ва биотехнология

  • Амиров Абдусалом Саъдуллоевич
  • И.в. мудири кафедраи биология ва биотехнология
  • 04.12.1963 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email:  abdusalom_amirov@mail.ru  
  • Тел: (+992) 907845009
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25. Б4/202.

 

Амиров Абдусалом Саъдуллоевич – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи биология ва биотехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара. 4-уми декабри соли 1963 дар н.Данғара ба дунё омадааст. Соли 2003 ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Н.Хусрав) дохил шуда, онро соли 2008 бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Амиров Абдусалом Саъдуллоевич - унвонҷӯи Институти зоология ва паразитологияи ба номи  Е.Н.Павловский мебошад. Дар айни замон дар мавзуи “Омӯзиши итиофаунаи поёноби дарёи Панҷ, шохобҳои Яхсу, Қизилсу ва обанборҳои Муъминобод ва Селбур" корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст. Аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон мебошад.

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 1982-1984 – хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС;
  • Солҳои 1984-1985 – коргари бригадаи бинокории винсовхози ба номи Фрунзе, н. Данғара;
  • Солҳои 1985-1989 – ошпази разряди 3-уми УРС «Главтажикводстрой»-и н.Данғара;
  • Солҳои 1989-1990 – коргари бригадаи пахтакории совхози ба номи Фрунзе, н.Данғара;
  • Солҳои 1990-1994 – мудири дукони сабзавотфурушии рақами 5-и н.Данғара;
  • Солҳои 1995-1997 –коргузори узели алоқаи н.Данғара;
  • Солҳои 1997-2001 – аъзои бригадаи механиконидашудаи рақами №1-и колхози «Оқсу»-и н.Данғара;
  • Солҳои 2001-2007 – китобдори литсейи №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 2007-2013 – бетончии разряди 3-уми участкаи бинокории рақами 4, кафшерчии электрикии разряди 4-уми участкаи сохтмони рақами 3-и ОАО «ЧиркейГЭСстрой»;
  • Солҳои 2013-2016 – кафшергари разряди 4-уми ЧШС "РоғунГЭСстрой";
  • Солҳои 2016-2021 – ассистенти кафедраи биология ва биотехнология Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • 2021-2023 – омӯзгори калони кафедраи биология ва биотехнология Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз 1-уми майи соли 2023 то ба ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи биология ва биотехнология Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА

Дар кафедраи биология ва биотехнология аз рўи штати корӣ 12 нафар омӯзгор ба таълиму тадриси донишҷўён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 4/1-нафар номзади илм, 2 – нафар омӯзгори калон  ва боқимонда 6/3-нафар ассистент мебошанд. Дар соли ҷорӣ (соли таҳсили 2022-2023) дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 12-нафар омӯзгорон иштирок карданд, вз ҷумла 4 нафар номзади илм, 1 нафар докторант, 5 нафар унвонҷўй. Аз 12 нафар омӯзгорони кафедра 8 нафар корманди штатӣ, 2 нафар ҳамкори дохила ва 2 нафари дигар ҳамкори беруна ба ҳисоб мераванд.

  • Кормандони штатии кафедра:
  • 1Амиров Абдусалом Саъдуллоевич - и.в. мудири кафедра, омӯзгори калон;
  • 2. Тағоева Хатича Эркаевна - н.и.б., и.в. дотсенти кафедра;
  • 3. Бобоев Абдумусобир - н.и.к., и.в. дотсенти кафедра;
  • 4. Халилов Баҳром Нуруллоевич - омӯзгори калон;
  • 5. Субҳонов Абдураҳмон Маҳмадқулович - ассистент;
  • 6. Мудинов Эҳсон Қурбонович - ассистент;
  • 7. Муқаддасов Умед Маҳмадуллоевич - ассистент;
  • 8. Холиқулова Наргиз Сафаралиевна - ассистент.