Кафедраи агротехнология

МУЗАФАРЗОДА ДАВРОН МАҲМАДШАРИФ

  • И.в. мудири кафедраи агротехнология
  • номзади илмҳои кишоварзӣ
  • 03.02.1985 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: muzafarov.davron@mail.ru
  • Тел: (+992) 918285494
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б3/208

 

Музафарзода Даврон Маҳмадшариф – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. 3-юми феврали соли 1985 дар н.Данғара таваллуд шудааст. Соли 2003 ба шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2008 бо ихтисоси агроном хатм намудааст.  Музафарзода Д.М. - номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент ба шумор рафта, дар мавзуи «Особенности выращивания двух урожаев зерна в условиях Дангаринского массива» соли 2017 рисолаи номзадияшро ҳимоя намудааст. Айни ҳол дар мавзуи  «Научные обоснование приёмов выращивания двух-трех урожаев сельскохозяйственных культур в условиях Дангаринского массива» корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро барои рисолаи докторӣ бо муваффақият пеш бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 100 таълифоти илмӣ-таҳқиқотӣ буда, инчунин дорои 4  китоби дарсӣ  ба шумор меравад, ки бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Мавсуф муаллифи 2 монография, 28 воситаи таълимӣ-методӣ ба шумор меравад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ҷоизадори "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон" ва "Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ" мебошад. 

 

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2002-2003  – саркоргари бригадаи пахтакории № 6-и совхози бо номи Собир Кабирови н. Данғара;
  • Солҳои 2008-2010  – ассистенти кафедраи технологӣ ва агрономии филиали Донишгоҳи аграии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2010-2011  – Методисти шуъбаи таълими филиали Донишгоҳи аграии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2013-2016  – омӯзгори кафедраи зироаткорӣ ва асосҳои агрономии филиали Донишгоҳи аграии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2016-2017  – мудири кафедраи истифодабарии замин ва агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2017-2020 – декани факултети аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2020-2021 –  сардори департаменти илм ва татбиқоти Донишгоҳи давлатии Данғара;         
  • Солҳои 2022-2023  – мудири кафедраи агроэколгия, механикунонӣ ва технологияи кишоварзии Донишгоҳи давлатии Данғара; 
  • Аз 1-уми майи соли  2023 то ба ҳол - и.в. мудири кафедраи агротехнология дар Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

  • МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА
  • Кафедраи агротехнология аз соли 2005 то соли 2008 бо номи технологӣ, соли 2008-2009 технологӣ ва агрономӣ, соли 2009 то сентябри соли 2013 зироаткорӣ ва агрономӣ, аз сентябри соли  2013 то августи соли 2016 асосҳои агрономӣ, аз сентябри соли 2016 то январи соли 2018 кафедраи истифодабарии замин ва агротехнология, аз январи соли 2018 то декабри соли 2020 бо номи кафедраи агротехнологияҳои нав ва амнияти озуқаворӣ, аз янври соли 2021 то марти 2023 бо номи агроэкология, механиконӣ ва технологияҳои кишоварзӣ ва аз моҳи апрел то имрӯз бо номи кафедраи агротехнология фаъолият дорад.
  • Дар кафедра ҳафт нафар номзадони илм (Ҳафизов А.А., Расулзода Б.Р., Музафарзода Д.М., Мирализода Ҷ.Р., Бобоев А.А., Камолов Ш.Ғ., Сафаралиев М.), 4 нафар омӯзгори калон (Хуҷамқулов Х.К., Амиров Қ.,  Саидов Ф.М., Ҳалимов Х.А.) ва 6 нафар ассистентон (Тураев Ш.Х., Қурбонов О.Р, Зубайдов С., Сатторов Ш., Амирқулов Н.Х., Давлатов Ф.) ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд.

 

  • Кормандони штатии кафедра:
  • 1. Музафарзода Д.М. - н.и.к., дотсент, и.в. мудири кафедра;
  • 2. Ҳафизов А.А. - н.и.к., дотсент;
  • 3. Расулзода Б.Р. - н.и.к., дотсент;
  • 4. Камолов Ш.Ғ. - н.и.к.;
  • 5. Бобоев А.А. - н.и.к.;
  • 6. Мирализода Ҷовид - н.и.к.;
  • 7. Саидов Фахриддин - омӯзгори калон;
  • 8. Амиров Қудратулло - омӯзгори калон;
  • 9. Хуҷамқулов Худойназар - омӯзгори калон;
  • 10. Шарифзода Ҷумахон  - омӯзгори калон;
  • 11. Ҳалимов Холмурод - муовини декан оид ба тарбия;
  • 12. Қурбонов Олим - ассистенти кафедра;
  • 13. Сатторов Шералӣ - ассистенти кафедра;
  • 14. Зубайдов Саъдӣ - ассистенти кафедра:
  • 15. Тураев Шоҳрух - асистенти кафедра;
  • 16. Амирқулов Нурулло - ассистенти кафедра;
  • 17. Давлатов Фазлиддин - ассистенти кафедра.

 

  • Ҳамкорони берунаи кафедра:
  • 1. Сафаралиев Маҳмадалӣ - н.и.к.

 

КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ВА ИҶТИМОӢ-ТАРБИЯВИИ КАФЕДРА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

Дар кафедра мавзуъҳои «Технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шароити Ҷануби Тоҷикистон», «Омӯзиши киштҳои омехта дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ», «Асоснокнамоии илмии гирифтани 2-3 ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар шароити мавзеи Данғара», «Маҳсулнокии навъҳои зироатҳои лӯбиёдонагӣ ҳангоми кишти такрорӣ вобаста ба истифодаи нуриҳои органикию минералӣ дар шароити мавзеи Данғара» мавриди таҳқиқ қарор доранд. Омӯзгорони кафедра муаллифони китобҳои дарсӣ (сабзавотпарварӣ, карантини растаниҳо, ҳифзи химиявии наботот, генетика, асосҳои агрономӣ, усулҳои парвариши зироатҳои полизӣ ва бодиринг) ва муаллифони чандин дастурҳои таълимю методӣ мебошанд.

Соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи 9674 соат (14,9 воҳид) ба нақша гирифта шуда буд. Нақшаи сарбории солона ва иҷроиши он аз ҷониби омӯзгорон иҷро гардидааст.  Ҳаҷми сарбории солона 9674 соат, аз ҷумла машғулиятҳои назариявӣ 2676 соат (27,66%), машғулиятҳои амалӣ 2736 соат (28,28%) мебошад. Ҳамаи нишондиҳандаҳои сарбории солона тибқи тақсимот дар ду нимсола иҷро карда шуданд.

 

  • Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳои кафедра дар соли таҳсили 2022-2023

  • 1. Агроном-иқтисодчӣ-менеҷмент - 1-74070100 - Бакалавр;
  • 2. Агрономӣ - 1-74020100 - Бакалавр ва Магистр;
  • 3. Ҳифзи растанӣ ва карантин - 1-740203 - Бакалавр;
  • 4. Таъминоти техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ - 1-74060200 - Бакалавр;
  • 5. Технолог-иқтисодчӣ-менеҷмент - 1-490101-2501 - Бакалавр;
  • 6. Технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ - 19030205 - Бакалавр;
  • 7. Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ - 191010101 - Бакалавр;
  • 9. Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ) - 1-54010105 - Бакалавр.

 

Ҳимояҳои рисолаҳо аз рӯйи ихтисос

 

Нақши олимони кафедра дар омодасозии кадрҳои илмӣ

 

Кафедраи агротехнология дар соли таҳсили 2022-2023 чунин нақшаҳоро амалӣ намуд:

  • – дар минтақаҳои гуногун таҷрибаҳои саҳроӣ ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварда шуд;
  • – ду китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расид;
  • – зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ба нашр расид, ки дар маҷаллаҳои эътирофшудаи КОА 19 адад чоп шуд.