Кафедраи тибби байторӣ

  

   Камолов Шуҳрат Ғоибович

   Мудири кафедраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ
   номзади илмҳои кишоварзӣ
   E-mail: shkamolov63@mail.ru
   Телефон: +992 909 444 339

 

Дар кафедраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ 8- нафар омӯзгор ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 5- нафар саромӯзгор боқимонда 3-нафар ассистент мебошанд.  Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни ихтисос ва равияҳои технолгӣ машғулият мегузаронанд. Равияи илмии кафедра технологияи нигоҳдори ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  мебошад.

 Дар кафедраи технологияи коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ  мавзӯъҳои «Технологияи замонавии  нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Омӯзгорони кафедра  муаллифони китобҳои дарсӣ ва монографияҳои илмӣ аз зумраи (маслиҳатҳо дар бораи технологияи бӯзу гусфандпарварӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва фермерӣ, (2016) мелиоратсияи биологии заминҳои дуборашуршуда, (2015) дастури таълимию методӣ аз фанни технологияи коркарди гӯшт , технологияи парвариш, нигоҳдорӣ ва коркарди помидор дар шароити Тоҷикистон, (2016) дастурамал оиди таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ,   (2015)  мебошанд.

Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмию тадқиқотии зерин: омӯзиши технологияи парвариши помидор дар шароити н. Данғара, навовариҳои техънологияи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ   машғул мебошанд. 

Кафедра дар раванди татбиқи барномаи дастгирӣ ва ҷустуҷӯи истеъдодҳо чунин корҳоро ба роҳ мондааст:  ҷамъияти илмии донишҷӯён, маҳфили технологони ихтироъкор, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ғайра.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра дар самти корҳои илмию татқиқотӣ бо чунин олимони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии ватанӣ аз қабили ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкориҳои илмӣ доранд.

Омӯзгорони зерини кафедра дорандагони  ифтихорномаҳо мебошанд.

 

Номгӯи ихтисосҳои амалкунандаи назди кафедраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ дар соли таҳсили 2018-2019 (дараҷаи таҳсилот – бакалавр)

Рамз

Номгӯйи ихтисосҳо

Номи кафедра

Касб

Муҳлати таҳсил

1-91010101

Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ

Муҳандис-технолог

         4

1-9030205

Технологияи таъмини  сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ

Муҳандис-технолог

         4

1-49010100

Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ

Муҳандис-технолог

         4

1-54010105

Метрология, стандаткунонӣ ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ)

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ

 

 

1-740302

Тибби бойторӣ

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ

Бойтор

         5

1-74070200

Технолог-иқтисодчӣ-менеҷер

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ / Таъмини  бехатарии иқтисодиёт, менеҷмент ва идораи лоиҳаҳо

Технолог-иқтисодчӣ-менеҷер

         5