Кафедраи таърихи умумӣ

АЛИШЕРИ АМИРХОН

  • И.в. мудири кафедраи таърихи умумӣ
  • номзади илмҳои таърих
  • 01.02.1992 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • E-mail: a.amirkhon@mail.ru
  • Тел: (+992) 935494915
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б3/404.

 

Алишери Амирхон – номзади илмҳои таърих, иҷрокунандаи вазифаи кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Данғара. 1 -уми феврали соли 1992 дар н.Данғара таваллуд шудааст. Соли 2010 ба шуъбаи рӯзонаи факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав)  дохил шуда, соли 2016 онро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ хатм намудааст. Аъзои Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон мебошад. 

 

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2016-2021 – ассистенти кафедраи идораи давлатӣ ва таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • 2021-2023 гг. – мудири кафедраи идораи давлатӣ ва таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз апрели соли 2023 то инҷониб и.в. кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА

Дар соли 2022-2023 дар кафедраи таърихи умумӣ 7 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 6 нафар штатӣ ва 1 нафар корманди беруна мебошанд. Аз 6 нафар омӯзгори штатӣ, 1 нафар номзади илмҳои таърих, 2 нафар омӯзгори калон ва 3 нафар ассистентро ташкил медиҳанд. Кафедраи таърихи умумӣ кафедраи тахассусӣ ба шумор рафта, зертобеъи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ мебошад. Дар кафедра як ихтисос Таърих, ихтисоси иловаги (омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ 1-020102 амал менамояд. Омӯзгорони кафедра мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар Шурои олимони донишгоҳ тасдиқ намуда, аз рӯи онҳо мақолаҳои илмӣ навишта, дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва маҷаллаҳои КОА ба нашр мерасонанд.

  • Кормандони штатии кафедра:
  • Алишери Амирхон - и.в. мудири кафедра, номзади илмҳои таърих;
  • Таваров Ф.Ф. - омӯзгори калон;
  • Самадов С.Б. - омӯзгори калон;
  • Муродов Алихон - ассистент;
  • Давлатов Нуралӣ - ассистент;
  • Абдулҳақов Орзу - ассистент;
  • Ҳамкорони берунаи кафедра:
  • Қаҳҳор Расулиён - доктори илмҳои таърих.