Кафедраи сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот

   

    Тураев Сабурҷон Садриддинович
    Мудири кафедраи сохтмони гидротехникӣ ва деҳот
    номзади илмҳои техникӣ, дотсент
    E-mail: turaev-s@mail.ru
    Телефон: +992 935 441-070

 

Дар кафедраи сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология 5 нафар омӯзгор ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 2- нафар номзади илм, 1- нафар саромӯзгор ва 2- нафар ассистентон мебошанд. Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни ихтисос ва равияи 70040101 машғулият мегузаронанд. Равияи илмии кафедра «Технологияи кам кардани намнокии замин бо истифода аз элементҳои химиявӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» мебошад.

Дар кафедраи СГ ва ИЭ мавзӯи «Технологияи кам кардани намнокии замин бо истифода аз элементҳои химиявӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Омӯзгорони кафедра муаллифони дастури методии «Нақшакашӣ намуд, буриш ва буришҳо» (2016) дастури таълимии «Технологияи истеҳсоли семент аз маъданҳои маҳаллӣ» (2017), ва чандин фишурда ва мақолаҳои илмӣ, ки дар Ҷумҳурӣ ва берун аз он омодаи чоп шудаанд мебошанд.

Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмию тадқиқотии зерин: Таҳқиқоти хурдашавии бетон дар нақбҳои гидротехникӣ, Чорабиниҳои кам кардани полоиш машғул мебошанд. 

Кафедра дар раванди татбиқи барномаи дастгирӣ ва ҷустуҷӯи истеъдодҳо чунин корҳоро ба роҳ мондааст: Дар кафедра ҶИД-ён «Муҳандиси ҷавон» амал мекунад, ки барои дарёфти лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот, фишурда ва мақолаҳои илмӣ равона шудааст;

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра дар самти корҳои илмию татқиқотӣ бо чунин олимони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии ватанӣ АИ ҶТ, ДМТ, ДТТ ба номи ак. М.С.Осимӣ, ДАТ ба номи Ш. Шотемур ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳамкориҳои илмӣ доранд.

Мудири кафедра дорандаи Дипломи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон барои олимони ҷавон дар соли 2016 сазовор дониста шуд ва инчунин кормандони кафедра дорандаи чандин ифтихорномаҳову сипосномаҳо гаштаанд.

 

Номгӯи ихтисосҳои амалкунандаи назди кафедраи сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология дар соли таҳсили 2018-2019 (дараҷаи таҳсилот – бакалавр)

Рамз

Номгӯйи ихтисосҳо

Номи кафедра

Касб

Муҳлати таҳсил

1-70040101

Сохтмони гидротехникӣ

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Сохтмончӣ

         4

1-740401

Сохтмони деҳот ва ободонии муҳит

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Муҳандис

         4

1-69010107

Зебосозии шаҳр

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Меъмор

         5

1-43010301

Таъмини  корхонаҳои саноатӣ бо барқ

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Муҳандис-энергетик

         4

1-51010104

Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Муҳандис-геолог

         4

1-51010103

Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Муҳандис-геолог

         4

1-510202

Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ

Сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология

Муҳандиси саноати кӯҳӣ

         4