Департамент оид ба равобити хориҷӣ ва мобилияти академӣ

  

   Алимов Насим Олимович

   Проректор оид ба равобити хориҷӣ ва мобилияти академӣ
   номзади илмҳои физика-математика
   Телефон: +992 777 076 446
   E-mail: nasim_2005@bk.ru

 

 

Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2016 оид ба тайёр намудани мутахассисони замони нав баён намуда буданд, чораҳои амалиро андешида, ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки дар самти  мобилияти академии донишҷӯён ва раванди давом додани таҳсил аз рӯи ихтисос ва равияҳо, бо МТМК шартномаи дуҷонибаро  ба имзо расонад.

Департаменти равобити хориҷӣ, инноватсия ва мобилияти академӣ, қисмати сохтории донишгоҳ буда, фаъолияти худро дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 531 «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди мактаби олӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020», фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша ва  чорабиниҳои таълимгоҳ оид ба иҷрои ин ҳуҷҷатҳо тадбирҳои андешидаи муассиса оид ба татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ва илм, “Барномаи ректории баланд бардоштани мақому манзалати Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҷомеа дар раванди расидан ба ҳадафҳои рақобатпазирӣ ва рушди инноватсионӣ тайи солҳои 2017-2020 (марҳилаи аввал 2017-2018)”, оиннома, низомномаи донишгоҳ қарорҳои шурои олимон ва фармону супоришҳои ректори донишгоҳ амалӣ менамояд.

Бояд қайд кард, ки то соли 2016 дар зерсохтори донишгоҳ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ (аз соли 2013) фаъолияти худро дар ду бахш ва 1 воҳиди корӣ ба роҳ монда буд:
- бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо;
- бахши такмили ихтисос ва кор бо шаҳрвандони хориҷӣ, робита бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки 1 сентябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар "Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ" баъд аз ифтитоҳи бинои нави таълимгоҳ оид ба табдил додани Донишгоҳи давлатии Данғара ба донишгоҳи байналмиллалӣ бармеомад, дар сохтори донишгоҳ тағироту иловаҳо ворид карда шуд.

Аз ҷумла, дар сохтори нави донишгоҳ дар соли таҳсили 2016-2017 сектор ва марказҳои зерин таъсис дода шудаст:
1. Маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии “Амри вақт” (Веление времени, Command of time).
2. Маркази таълимию тренингии забон ва технологияҳои навини Федератсияи Россия.
3. Маркази таълимию тренингии забон ва технологияҳои навини Чин.
4. Маркази таълимию тренингии “Таомҳои халқҳои ҷаҳон ва хизматрасонӣ”.
5. Маркази таълимӣ-тренингии маҳорати ронандагӣ ва эҷодиёти техникии “Донишҷӯ ва навгониҳои илму техника”.
6. Маркази таълимӣ-трененигии “Сайқали маҳорати педагогӣ ва донишҳои табиӣ-риёзӣ”.
7. Маркази таълимӣ-тренингии мӯди “Чаманоро”.
8. Маркази таълимӣ-тренингии ҳалли муноқишаҳои шаҳрвандӣ ва баҳсҳои судӣ таҳти унвони “Волоият ва эҳтироми қонун”.
9. Маркази таълимӣ-тренингии мероси таъриху фарҳанги ориёӣ ва кор бо нашрияҳои даврӣ.
10. Маркази рушди зеҳнӣ, мониторинги рақобатпазирии касбиятшиносӣ ва рушди бозии шоҳмот.
11. Маркази технологияҳои информатсионӣ, таъмини бехатарии иттилоот аз киберҳимоя.
12. Маркази бозиҳои касбии идораи вақт ва муваффақияти донишҷӯ.
13. Маркази бақайдгирӣ ва идораи барномаҳои таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона.
14. Маркази идораи донишҳо ва корҳои таълимӣ-методии инноватсионӣ.
15. Сектори рушди соҳибкории донишҷӯён ва сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ.
16. Сектори таълимӣ-трененгии кор бо техникаи муосири соҳавӣ ва омӯзиши технологияҳои муосири истеҳсолӣ-хизматрасонӣ.
17. Сектори таълимӣ-тренингии технологияҳои навини истеҳсолии Авроосиёӣ ва лоиҳаҳои грантӣ.
18. Сектори таълимӣ-трененгии таҷрибаомӯзӣ ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот.
19. Сектори рушди донишҳои сиёсӣ ва бакамолрасии роҳбарони замони нав.
20. Сектори технологияи инноватсионї ва таъминоти техникии ҷараёни таълим.
21. Сектори таълимӣ-трененигии зудамали ташхис ва таъмири компютерҳо.
22. Сектор-озмоишгоҳи таълимӣ-тадқиқотии корҳои сохтмонӣ ва зебосозии шаҳр.
23. Сектори назорати технологияҳои компютерӣ ва лингофонӣ дар синфхонаҳо.
24. Биржаи озоди меҳнат ва рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара.

Дар доираи шартномаи дуҷониба бо Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодаи захираҳои табиии Украина аз 02.03.2017, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мобилияти академии донишҷӯён, магистрҳо, унвонҷӯён, аспирантон, докторантҳо, интихоби мавзӯъи рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ, ташрифи намояндагони донишгоҳи номбурда дар ҳайати Мошинский Виктор Степанович, ректори Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодаи захираҳои табиии Украина, профессор ва Савина Наталия, проректори донишгоҳи номбурда оид ба илм ва равобити хориҷӣ, профессор ба Донишгоҳи давлати Данғара санаи 18 то 24 августи соли 2017 сурат гирифт.

Аз ҷумла, дар робита ба иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2016, № 4357 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабинии “Шашмоҳаи омӯзиши технологияи информатсионӣ”, проректори Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодаи захираҳои табиии Украина оид ба илм ва равобити хориҷӣ, профессор Савина Наталия ва профессор Олга Степанченко дар давоми сафари кориашон бо омӯзгорони донишгоҳ курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯи “Технологияҳои информатсионї” ва “Идоракунии кормандон ва менеҷменти инноватсионӣ” гузаронида, дар ҷамъбастии курс ба шунавандагон сертификати байналмиллалӣ тақдим намуданд.

http://dsu.tj/Content/files/98e717cc-24de-43b4-803e-68072ce67020.png

http://dsu.tj/Content/files/dea440b7-a2ea-4f5a-90a7-c0dadbedfc4a.png

 

Бояд қайд кард, ки дар доираи Лоиҳаи Оғо Хон “Инсоншиносӣ” (Проект Ага Хана “Человековедение») рузҳои 22-26 марти соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Данғара семинари минтақавӣ дар якҷоягӣ бо иштироки устодон-тренерон аз Чумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

 http://dsu.tj/Content/files/8924ec7f-774e-48b9-a2d0-664bc1a22edb.png

http://dsu.tj/Content/files/b80013ba-f140-46c1-8914-99722f2f49da.png

 

Дар доираи шартномаи дуҷониба бо Донишгоҳи миллии технология ва дизайни Киев, омӯзгорон: Бабиенко Анастасия ва Пятигина Катерина аз 03.09. то 02.10.2019 ба донишгоҳ даъват шуда, аз рӯи “Барномаи системаҳои автоматикунонидашудаи лоиҳакашӣ САЛК” (ё САПР) дар заминаи озмоишгоҳи донишгоҳ, барои донишҷӯён, дизайнерон, тарроҳон, констукторони либос, дузандагон ва ихтисосмандони соҳаи саноати сабук дар муҳлатҳои муайянгардида, курси такмили ихтисос гузарониданд.

“Барномаи автоматикунонидашудаи саноати сабук” JULIVI

http://dsu.tj/Content/files/605da18b-e94a-4282-9738-49a14c5b902a.png

Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии технология ва дизайни ш. Киев 2 нафар омӯзгорон Бабиэнко Анастасия ва Пятигина Катэрина аз 03.09.2019 то 02.10.2019 барои донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 машғулиятҳо аз фанҳои “Дизайни компютерӣ”, “Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва нассоҷӣ”, “Дизайни либос”, “Ташкили фаъолияти лоиҳасозӣ” дар доираи “Барномаи автоматикунонидашудаи саноати сабук” JULIVI дар компютери махсус насб намуда тренингҳо бо муваффақият гузарониданд. Барнома барои дизайнерон, тарроҳон, констукторони либос, дузандагон ва ихтисосмандони саноати сабук мебошад.