Маркази технологияҳои информатсионӣ ва бақайдгирӣ

МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА БАҚАЙДГИРӢ

 

  

  

    Сардори маркази технологияҳои информатсионӣ ва бақайдгирӣ
    E-mail:
    Телефон: +992

 

 

Маркази технологияҳои инноватсионӣ, таъмини бехатарии иттилоот ва киберҳимоя, ки дар оянда «Марказ» номгузорӣ мешавад, сохтори таркибии донишгоҳ буда, дар фаъолият  бо Департаменти равобити хориҷӣ, инноватсия ва мобилияти академӣ ва ректори донишгоҳ тобеъ мебошад. Марказ дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара аз 04-уми сентябри соли 2017, бо суратҷаласаи №2 қабул карда шудааст.

Фаъолияти Марказ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи давлатии Данғара, қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шӯрои илмию методӣ ва инчунин  ҳамин Низомнома ба роҳ монда мешавад.

Дар донишгоҳи барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои копютерӣ 8 синфхонаҳои компютерӣ, 2 синфхонаҳои лингафонї, академияи Cisco бо 32 адад компютерҳо, сектори таълимӣ-трененигии зудамали ташхис, таъмири компютерҳо бо 12 адад синфхонаи махсуси таҳсилоти фосилавӣ бо 10 компютер ба шабакаи маҳаллӣ(локалӣ) пайваст карда, барои дастрасӣ ба шабакаи интернет ва гузаронидани имтиҳонҳои ниҳои соли таҳсили 2018-2019 бо тариқи тестӣ омода карда шуданд. Дар донишгоҳ 2 адад сервери пуриқтидори замонавӣ васл карда шуд, ки онҳо яке барои таъмин намудани шабакаи интернет ва гузаронидани машғулиятҳои таҳсилоти фосилавӣ ба кормандон ва дигараш бошад, барои фаъол намудани сомонаи донишгоҳ ва барномаи маркази бақайдгири хизмат мерасонад.

Дар донишгоҳ 334 адад компютерӣ замонавӣ  дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, ба кормандон, омӯзгорон ва донишҷуён хизмат карда истодаанд, ки аз инҳо 173 компютер дар синфхонаҳи компютери ва 97-адад дар утокҳои кори ба шабакаи маҳали ва интернет пайвастанд.

Миқдори проектор 50 адад ва досткаҳои электронӣ зиёда аз 43 ададро ташкил медиҳад. 

 

Дар донишгоҳ огоҳномаи расмӣ оиди истифодаи мақсадноки технологияҳои компютерӣва назорати маводи чопии Донишгоҳи давлатии Данғара бар ҳар як корманд дода шудааст, ки матни пураи он дар поён оварда шудааст.

 

  

   ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Огоҳномаи расмии №______“____”____________ 2018

Огоҳномаи расмӣ оиди истифодаи мақсадноки технологияҳои компютерӣва назорати маводи чопии Донишгоҳи давлатии Данғара бо истифода аз онҳо.

Ректори донишгоҳ дар асоси Оинномаи донишгоҳ ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ба истиқболи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як омӯзгор ва корманди донишгоҳро расман огоҳ менамояд,ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини бехатарии иттилоот ба вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон,инчунин устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара низ мансуб дониста мешавад. Бинобар ин, ҳар яки Шуморо  ________________________________________________________________________________ расман огоҳ менамоям,ки истифодаи техникаи компютерӣ ва системаҳои иттилоотӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара бояд танҳо барои корҳои таълимӣ,илмӣ, иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар амалҳое,ки дар иҷрои вазифаи донишгоҳ муайян шудааст, сурат гирад. Бинобар ин, нуқтаи чопи компютерии маводи дилхоҳ тарғиботӣ, ки ба фаъолияти донишгоҳӣ дахл надорад, қатъиян манъ аст ва аз нигоҳи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун ҷиноят арзёбӣ карда шавад (маводи тарғиботии зиддиинсонӣ, террористӣ, зиддиахлоқӣ, муқобили сиёсат, пойдории миллат ва ғайра).

Аз ин нуқтаи назар, ҳар як компютер, принтер ва дигар техникаи компютерӣ аз ҷониби “Маркази технологияҳои информатсионӣ,бехатарии иттилоот ва киберҳимояи Донишгоҳи давлатии Данғара” таҳти сарварӣ гирифта мешавад, проректорони донишгоҳ, деканони факултет,мудирони кафедра, сардорони шуъбаҳо, сардорони марказҳова дигар сохторҳое, ки аз техникаи компютерӣ истифода мебаранд, дар асоси стандарти ягона таҳти назорат гирифта мешаванд.

Ҳар як сохтор журнал оид ба чопи мавод ва қайди низоми истифодаи техникаи компютерӣ бояд дошта бошад ва фаъолияти истифодабарии ин ҳолатротаҳти назорати қатъи гирифта шавад.

 

СЕКТОРИ ТАЪЛИМИЮ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ЗУДАМАЛИ ТАЪМИР ВА ТАШХИСИ КОМПЮТЕРҲО

Сектори  таълимию таҷрибаомӯзии  зудамали таъмир ва ташхиси компютерҳо дар рӯзи 1-уми сентиябри соли 2016 дар ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва дасгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Дар сектор 4 нафар   кор ва фаъолият менамояд, ки ҳамарӯза барои ташхис ва таърим техника ва техтамогияи Донишгоҳ ба таври фаври амал мекунанд. Сектор дорои техника ва  таҷҳизотҳо барои таъмир ва ташхисии  компютерҳо мебошад. Сектор барои дар саҳти хуби кори қорор доштани кампютерҳо муасиссаҳои миёнаи    дар ҳудуди ноҳия ва ноҳияҳои атрофи он ба таври анъанавӣ барои ташхис ва таъмир кампютерҳо  сафарбар мешаванд. Инчунин дорои ду адад микроавтобус буда барои сафарбар намудани мутахасисон барои таъмири компютерҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа карда шудааст.

Мақсади асоси сектор барои тайёр намудани мутахасисони техники аз миёни донишҷуён мебошад.

Дар сектори мазкур донишҷуён таҷрибаомӯзи намуда донишҳои техникиашонро саиқал медиҳанд.

 

  

   Тавбаев Абдукарим

    Донишҷӯи курси 2-юми факултети идораи навгониҳо ва рушди сайёҳӣ, ихтисоси 140010101
    E-mail: tavbaev99@inbox.ru
    Телефон: +992 902 50-10-09

 

     1

     Насби Windows

     2

     Насби Антивирус

     3

     Насби Driver

     4

     Кор бо барномаҳои office

     5

     Кор бо барномаи Photoshop

     6

     Кор бо барномаи Visual Basic

     7

     Кор бо барномаи Macromedia Flash

     8

     Кор бо барномаи Sony Vegas

     9

     Кор бо барномаи Corel Draw

     10

     Кор бо дигар барномаҳо

 

 

  

   Рамазонов Сафарбек

    Донишҷӯи курси 2-юми факултети идораи навгониҳо ва рушди сайёҳӣ, ихтисоси 140010101
    E-mail: sramazonov0505@gmail.com
    Телефон: +992 907 60 87 21

 

   1

  Насби Windows

   2

  Насби Антивирус

   3

  Насби Driver

   4

  Кор бо барномаҳои компютер

   5

  Кор бо барномаи Photoshop

  6

  Кор бо барномаи Visual Basic

  7

  Кор бо барномаи Macromedia Flash

  8

  Кор бо барномаи Sony Vegas

  9

  Кор бо барномаи Corel Draw

 10

  Кор бо дигар барномаҳо