Ансамбли донишгоҳии "Шукри Истиклол"

Ансамбли “Шукри Истиқлол”-и ДДД фаъолияти худро аз соли 2010 оғоз намудааст. Зиёда аз 7-сол мешавад, ки ансамбли “Шукри Истиқлол” фаъолияти худро давом дода истодааст. Роҳбариашро Каримов Ширин ба уҳда дорад. Каримов Ширин дар фаъолияти кориаш дар бисёр чорабиниҳои Ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ иштирок карда сазовори ҷой “аввал гардидааст” ва инчунин ду маротиба ғолиби конкурси “дуторнавозони ба номи шодравон Рустами Абдураҳим” сарфароз гардида, ба лаурияти озмун сазовор гардидааст. Ҳайати кормандони ансамбли донишгоҳии “Шукри истиқлол”: 1. Роҳбари ансамбл - Каримов Ширин 2. Ёвари роҳбар – Шамсуддинов Собир 3. Тренер-тютер - Мирзоев Давлатманд 4. Тренер-тютер - Тиллоев Шариф 5. Нозир навбатдори толори рақсии “Мавзун” - Неъматова Ҷамила.

Ансамбл чорабиниҳои миллиро дар сатҳи баланд мегузаронад. Иштироки ансамбл дар рӯзи 1 - сентябр, 9-сентябр, Парчами миллӣ, Артиши миллӣ, 8 - март, Наврӯз далели гуфтаҳои болост. Инчунин ансамбл нақша дорад, ки рӯзи ғалаба, ҷавонон, ваҳдати миллӣ ва истиқлолиятро бо таёрии хуб дар сатҳи баланд гузаронад.