Шуъбаи аспирантура ва идораи корҳои илмӣ татқиқотӣ

Раҷабов Сайдалӣ
Сардори шӯъбаи илм, аспирантура ва идораи асноди Эъломияи Болон
номзади илмҳои химия, дотсент
E-mail:
Телефон: +992

Шӯъбаи илм, аспирантура ва татбиқи асноди Эъломияи Болон соли 2016 таъсис дода шудааст. Мақсади асосии ташкил кардани шӯъба аз татбиқи талаботи Эъломияи Болон дар раванди таҳсилот ва технологияҳои инноватсионии илмию таълимӣ иборат аст. Вазифаҳои шӯъба аз инҳо иборатанд:

Ба таври фаврӣ ҷавоб гардондан ба мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо доир ба фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар таълим. Назорати иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, АИҶТ ва дигар муассисаҳо доир ба иҷрои мактубҳо ва дархостҳои воридшаванда.

Таҳия кардани меъёрҳои баҳогузорӣ ба аспирантон ва унвонҷӯён ва дар асоси он давра ба давра баҳогузории фаъолияти онҳо. Назорати доимии фаъолияти илмию тадқиқотии аспирантону унвонҷӯён, ташкил ва гузаронидани имтиҳоноти дохилшавӣ ва хатм, ташкил кардани ҳимояи пешакӣ ва ҳамкорӣ бо шӯроҳои диссертатсионӣ дар дифои рисолаҳои илмии аспирантону унвонҷӯён.

Ташкил кардани раванди корҳои илмию татқиқотӣ дар донишгоҳ дар доираи дастуру меъёрҳои мавҷуда,

Пешбурди фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ дар байни олимону донишҷӯён,
Назорати чопи саривақтии маводи вобаста ба маҳфилҳои илмӣ тадқиқотӣ дар кафедраҳо баргузоршаванда. Интишори эълонҳо доир ба баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ вобаста ба нақшаи тасдиқгардидаи баргузории онҳо, пешниҳод ва таҳияи нақшаи чорабинихои илмӣ дар донишгоҳ
Ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинару машваратҳои илмию амалӣ,

Тартиб додани хазинаи маълумот оид ба таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, мақолаҳо, ихтирооту навовариҳо. Тартиб додани рӯйхати адабиёти таълимӣ вобаста ба фанҳо ва муайян кардани дараҷаи таъминот бо адабиёти таълимӣ дар донишгоҳ.

Ташкили намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ, ихтироот, навовариҳо дар сатҳи ноҳия, ҷумҳурӣ, донишгоҳ вобаста ба баргузор шудани чорабиниҳои ба соҳаи мазкур дахлдошта.

Фаъолияти шӯъба дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ ва дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ ва департаменти илм ва татбиқот ба роҳ монда мешавад. Нақшаҳои баргузор намудани чорабиниҳои илмию техникӣ, тартиб дода шуда, барои амалӣ гардидани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.