ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таманниёти Шоҳиён Нуралӣ Набот, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2021 

Устодон, донишҷӯён ва кормандони гиромии донишгоҳ, шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба хонадонатон баракату осоиш ва ба кишари азизамон сулҳу суботи пойдор орзумандам.

Воқеан ҳам, ҳар сол дар Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд.

Ҳар як давлат дорои рамз ва нишонаҳои давлатии ба худ хос мебошад ва онҳо ифодакунандаи мустақилияту соҳибихтиёрӣ ва баёнгари арзишҳои фарҳангӣ буда, таърихи миллати ин ё он давлатро инъикос менамоянд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифии давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Бояд гуфт, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки он арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, зарурат ба қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал овард. Маҳз ба ҳамин хотир, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи мамлакат (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. 7 сентябри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Дар баробари ин, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд. Алалхусус, моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ бахшида шуда, тибқи он рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузориву эҳтиром ва эҳсоси муҳаббату садоқат нисбат ба рамзҳои давлатӣ, ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои 25 ва 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Нишони давлатӣ дар баландии 45 метр ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, бо баландии 30 метр ва паҳноии 60 метр ҷойгир гардиданд. Ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин Парчам дар ҷаҳон дар Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз 3 ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро 11 ноябри соли 2009 бо тарафдории тамоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард ва он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон сол дар саросари Ватани маҳбубамон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки ин ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарзанди ватанпарасту миллатдӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҷассуми ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқарину бофарҳанги мо мебошад.

Бигзор Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи Ватани азизамон ҳамеша парафшон монад ва мардуми бонангу номуси моро ба фардои неку дурахшон раҳнамоӣ намояд.