ҒОЛИБИЯТИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ҒОЛИБИЯТИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ

24 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Форуми III илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Имкониятҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо" баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодону кафедраи дизайн, насоҷҷӣ, индустрияи муд ва маркази ҳунаромӯзии "Чаманоро" Донишгоҳи давлатии Данғараро муаррифӣ намуданд.

Ҳайати дастаи ҳунармандони Донишгоҳи давлатии Данғара дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ғолиб дониста шуда, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳамҷи 1500 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.