Тули 6 сол мешавад, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳо ба роҳ монда шудааст, ки донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда нуфӯзи донишгоҳро дар ҷумҳури ҳифз менамоянд.
Санаи 31-уми октябри соли ҷори ректори донишгоҳ муҳтарам Хайрзода Ш.Қ. ғолибони озмунҳои “ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ва “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”-ро, ки дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд қайд кардашуд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Раёсати донишгоҳ доншҷӯён ва роҳбарони илмии онҳоро дар корҳои минбадаашон барору комёбиҳоро таммано дорад.