МУЖДАИ ХУШ: ДОНИШГОҲ БОЗ СОҲИБИ ҶОИЗАИ НАВБАТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИД

     Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад, ки идомаи сиёсати илмдӯстона ва маорифпарварпонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Имсол дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолона иштирок намуда, Раҳматова Руҳафзо Сафаралиевна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” зери роҳбарии устоди кафедраи муҳандисӣ ва энергетика Маҳмадалиев Умед Муродалиевич сазовори ҷойи 3-юм гардид. Дастовардҳои рӯзафзуну пайи ҳам, ба ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара фархунда бод!