шаҳри Янчэн, Ҷумҳурии халқии Хитой
6-уми ноябри соли 2025 дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии халқии Хитой ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, декани факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ, дотсент Исмоилзода Маъруф Искандар аз инфрасохтори таълимии факултетҳои муҳандисии сохтмон, риштаи матоъ ва мӯд, мероси фарҳангии ғайримоддии Донишгоҳи саноатии касбӣ ва техникии шаҳри Янчэн дидан намуданд.


