ХУШХАБАР!

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ – ДАР АРАФАИ ҶАШНИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РӮЗИ ИФТИХОРИ ТОҶИКОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА!

        Санаи 12 ноябри соли 2025 соати 13:00, ҳимояи диссертатсияи Шодмонзода Орзу Шодмон муаллими калони кафедраи таърихи умумии донишгоҳ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзуи “Вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Данғара дар замони шӯравӣ ва давраи истиқлол” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рўйи ихтисоси 07.00.00-Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.02–Таърихи ватанӣ) бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳои беназирро таманно дорад.