26-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва нашъамандӣ” бо донишҷӯёни курсҳои 1-ум аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара вохӯрӣ доир шуд.
Дар ибтидо, Музафарзода Д. муовини якум, муовини ректор оид ба таълим баромад намуда, қайд кард, ки терроризм ва экстремизм дар замони муосир натанҳо ба як миллату давлат, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳони хатари ҷиддӣ дошта, боиси нооромиҳо дар гӯшаву канори олам гардидааст.
Сипас аз рӯи масъалаи болозикр Ибодуллозода И.И. – сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Данғара оид ба хатарҳо ва пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа терроризм ва экстремизм баромада намуда, иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил
Хатари дигаре, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин вобаста шудани ҷавонон ба маводҳои мухаддир ва рафтани ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва калиянбарҳо мебошад. Имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигар ин аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотии хусусияти зиддинашъамандӣ дошта ва муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии ин мавод мебошад. Пӯшида нест, ки дар замони моусир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз оморҳо бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона, мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият кашида, ҳазорон нафар аз ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дуруст аст, ки нашъамандӣ вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу мусибат меорад. Қобили зикр аст, ки олимону мутахассисони соҳаи тиб нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи беамон мебаранд.


