Нотавонбинӣ ба авҷаш мерасад

Нотавонбинӣ ба авҷаш мерасад

Дар сомонаи ифротии яке аз фаъолони наҳзати М. Садриддин матлаби нави муассисаш таҳти унвони «Ба ҳоли ин "Оилаи Кабир"раҳм кунед!» интишор ёфт. Ин навбат ҳам М. Садриддин забони таҳқиру тавҳинро рўйи шахсияти Сарвари давлат тамаркуз дода, ҳай музахраф навиштааст.


Он чи ки М. Садриддин зери сарлавҳаи «Оилаи Кабир» ироа доштааст, аз ҳолати ноҷури равонии ў дарак медиҳад. Нишони тавҳину иттиҳом қарор гирифтани хонаводаи Робар ҳадафи ниҳоӣ ва ба истилоҳ, стратегии М. Садриддин аст ва дар матолибаш ҳамеша аз ин стратегия, ки бар асоси тавҳину иғво созмон ёфтааст, корбаст мекунад.

М. Садриддин, чуноне ки дар матлабҳои кўтоҳи қаблӣ ироа дошта будем, ба давлати Тоҷикистон сахт душманӣ ва кинаварзӣ мекунад, аз ҳар баромад, гузориш, мулоқот ва дидору вохўриҳои Президе