Аз рӯйи натиҷагирии доварон Қодирзода Шамсиддин Одил - донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси агрономии Донишгоҳи давлатии Данғара дар масофаи 3 км соҳиби ҷойи 3-юм ва 7 нафар кормандону донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо диплому сипоснома ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Дастоварди навбатӣ, ба коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара муборак бошад.


