ДИН ВА ҶОМЕА

ДИН ВА ҶОМЕА

Созмонҳои радикалии исломū дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказū

Дар се соли нави истиқлолият, собиқ давлатҳои мусулмоннишини Шурави бештаран ба ислом ва маданияти исломи ру оварданд. Инкишоф ёфтани эътикоди исломи дар байни ахолии давлатхои собики шурави махсусан минтакаи Осиёи Маркази ба тагйирёбии фазои сиёси,ичтимои ва гайрахо овард. Сабаби асосии рушди арзишхои исломи дар минтакаи Осиёи Маркзи инбештаран аз мардуми эътикодманд вобастааст.Яъне агар давлатхои арабро чанги Изроил дар соли 1967 идеологан бедор намуда бошад, дардавлатхои Осиёи Маркази эътикодмандии бештари мардум ба дини мубини ислом сабабгори асосии рушди арзишхои исломи дар фазои сиёси гардид. Аз ин чо дар чомеаи минтака ихтилофот ва гуногунакидави пайдо гардид, ки боиси таваччухи эктремистон хоричи гардид. Бештаран созмонхои радикалии исломи аз вазъият истифода бурда ба фаъолияти худ шуруъ намуданд, харчанд, ки аз нигохи баъзе мухаккикон дохилшавии созмонзои радиклии исломи дар Осиёи Маркази бо ташаббуси ИМА маънидод менамоянд, аммо то хол ин акида далели худро пурра наёфтааст.Аввалин созмонхои радикалие, ки ба минтака ворид гардиданд, ин созмонхои экстремистона буданд. Пеш аз он ки дар бораи созмонхои экстремисти сухан ронем аввал ба мафхум, максади экстремизм назар бояд кард.

Экстремизм чи хеле ки маълум аст дар шакли том ҳамчун пайрви намудан ба ақидаҳо ва ҳаракатҳои канорагирū хислат дода мешавад, ки қатъиян қонун ва қоидаҳои дар ҷомеабударо инкор менамояд .Экстремизме, ки дар фазои сиёсии ҷомеа амал мекунад, экстремизми сиёсū ном дорад ва экстремизме, ки дар фазои диниамал мекунад, экстремизми дини ном гирифтааст. Дар тамоми динҳо на фақат дар ислом иқтидоран зуҳуроти экстремизм вуҷуд дорад. Худи парастиши дин ба одам рафторҳои муқаррар намуда, ҳисси тобеият, дарки уҳдадориҳоро дар намуди амру наҳйҳидоят мекунад. Дин ба ҳамаи гунаҳкорон барои зид ва мубориза бурдан далел меорад.Барои ҳамин дар асрҳои гуногун ва дар минтақаҳои гуногун новобаста аз дин экстремизми динӣба вуҷуд омадааст.Экстремизми муосир (исломи бо номи ваҳҳобия ва гайрахо) мақсад гузоштааст байни кишварҳоибисёрии аҳолияшмусулмондавлати бесарҳадро ташкил диҳад, ки ба нормаҳо ва қоидаҳои хилофат амал кунад. Барои дастгирии ин экстремизмдавлатҳои араб барои фаъолияти он дар тамоми ҷаҳонмиллиардҳо доллари ИМА маблағгузори менамоянд.Барои паҳн гаштаниакидаҳои ин таълимот масҷидҳо, марказҳои ВАО ташкил намудаанд ва ба он нафароне ,ки ба онҳо дохил мешаванд аз чиҳати озуқа ва ғайра таъмин карда мешавад, боз қўшунҳои махсусташкил додаандва ғайра корҳоро, ки ба манфиати ақидаи онҳост ба сомон мерасонанд.Сухан ки дар инчо дар бораи давлати ягонаи исломи рафт ба давлати мо хам таъсири худро дорад. Чи хеле ки дар боло кайд гардид ,ки бештари ахолии Точикистон мусулмонанд ин максадхои созмонхои радикалии чахон дар мо хам дахл доранд.Точикистон барои мубориза бо он , яъне бо терроризм ва экстремизм аз 30 марти 2006 Конун дар бораи манъи фаъолияти чунин хизбхои радикаликабул намуд:

 

Терроризм: моҳият, хусусиятҳо  ва омилҳои асосии  сар задани он.

Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуноугунро ба бор меорад. Гарчанде баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар илмҳои гуногун омӯхта мешаванд, аммо таҳлили ҳамаҷонибаро соҳиб нагаштаанд. Терроризм дар радифи он падидаҳоест, ки ҳанӯз саҳми ягонаро доро нест.

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст.1 Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ  нисбати  шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, киҳеҷ як аз он умумиэътирофшуда нест. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини экстремизми сиёсист. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони франсузӣ (extremism) ва аз лотинӣ (extremus)  гирифта шуда, маънои канораро дорад.2 Экстремизм дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе сар зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад. Амалиёти экстремистӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм  як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизми сиёсист.

  Террорист- субъект, терроризм – сиёсат ва террор –воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст. Аммо бо вуҷуди ин наметавон ҳадафу мақсад ва воситаеро, ки терроризм онро дар фаъоляти худ истифода мекунад, мутлақо аз террор ва даҳшатфиканӣ иборат донист. Зеро тамоми навъи амалиёти мусаллаҳона ва барқасдона хоҳу нохоҳ ҷониби муқобилро гирифтори тарс ва даҳшат месозад.Бинобар ин даҳшатафкани мақсади асосии терорризм набуда,ҳадафи муайян ва ё як навъ ниқоргирие фаъолияти онро ташкил медиҳад. Шояд «Ал-Қоида» бо ба амал баровардани ҳодисаи 11- сентябр касеро тарсонидан намехост. Зеро моҳияти тарсонидан касе ё чизеро аз раъяш гардонидан ва монеъ шуданро дорад. Аммо ин ҳодиса Амрикоро рӯҳшикаста нанамуд,баръакс, мубориза ва таъсиррасониашро ба муқобили терроризм тезонид ва шояд «Ал-Қоида» дар асоси ҳадафу ба дастории манфиате ин амалро содир накарда буд,ки гӯё фаъолияти ӯ баёнгари пуштибонӣ аз ислом бошад. Чунки баъди ин ҳодиса  давлатҳое, ки аксарияти аҳолии огнҳоро мусулмонон ташкил менамуданд, бахусус давлатҳои мусулмонӣ гирифтори амашиёти харобиовари зиддитеррористӣ ва сиёсати геополитикии давлатҳои қудратманд, аз ҷумла ИМА гардида, ҳолати ноороми низоми сиёсии дохилидавлатиро соҳиб гардиданд. Пас хулосаи охирини ин амалиётро на тарсонидан, балки як навъ ниқоргирӣ метавон номид.

Тарс дар бештари ҳолатҳо  хоси нотавонон ё зердастон буда,истифодаи террор чун воситаи баамалбарории сиёсат,бештар аз ҷониби барандагони сиёсат(синфи ҳукмрон)аст. Террор  дар нисбати халқ маҳз аз ҷониби онҳо сурат мегирад.Терроризм бошад як навъ эътирозест алайҳи террор.

Террор ва терроризмро (ба он нигоҳ накарда,ки дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои монандиеро ба худ мегиранд)метавон чунин шарҳ дод:

- террор ин таҳдид аз тарафи ҳокимият (ҳокимияти бо режими тотолитарии идоракунӣ асосёфта) ё зулми қудратмандон нисбати нотавонон (беқудратон) аст;

- терроризм бошад, акси террор зӯроварии ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Бинобар ин, дар як маврид ин ду падидаро метавон муқобили ҳам номид. 1

Террорро беш аз ҳама дар навъи муносибатҳои зер, ки гузашта ва замони имрӯзаро дар бар мегиранд, метавон нишон дод:

  1. истилокориҳои шоҳон;
  2. ҳокимон (мансабдорон) ва субъектҳои дохилӣ (халқ);

Дар навъи муносибати аввал истилокориҳоро  бо террор омехта сохтан ва ҳар дуро як шуморидан набуда, баръакс террорро аз таркиби истилокорӣ ҷудо намудан аст, яъне байни онҳо фарқият ҷой дорад. Маълум аст, ки қисмати тавонманд, эминсоз ва нерӯи меҳварии ҳар як давлат ва халқи он лашкариёнаш ба шумор мераванд. Ғасб кардани давлат ва мағлубияти як давлат аз ҷониби давлати дигар маҳз ба қувваи лашкариёни он вобаста аст. Пас агар барои шикаст ва азхуднамоии давлате шикаст додани лашкари он кифоятсозанда бошанд, барои шоҳи истилоҳгар ҳадафи муҳимтаре ба ҷуз азбайнбарии танҳо лашкариёнаш ҳадафи дигаре бояд набошад, вале аз таърих истилокориҳои подшоҳоне, ки ба мағлубияти лашкар иктифо накарда, бераҳмиҳои гӯшношунидро  болои мардуми нотавону осуда овардаанд, метавон ёдовар шуд, ки аз ҷанги муқаррарӣ фарқ мекунанд. Мисолҳои зер равшанидиҳандаи гуфтаҳои болоянд:

Яке аз шоҳони сулолаи  Ғазнавиён Султон Маҳмуд соли 1919 пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳован бо сабаби он, ки ҳокими қалъа пеш аз омадани ӯ гӯрехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом намуда буд. Монанди ин истилокориҳои муғулҳо бо сардории Чингизхон хунхортарин ҷанг дар таърих боқӣ мондааст. Онҳо ба касе раҳм намекарданд, баръакс занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони ҳанӯз таваллуднашударо сар мезаданд. Даҳшатноктарин террорро Темур дар рафти истилокориҳояш ба амал баровардааст. Ӯ дар яке аз забткориҳояш баъди ба харобазор табдил додани шаҳри Бағдод, 90 ҳазор сари ғуломону афсаронро бурида, 120 калламанора бунёд намуд, ки он ба рӯзи  Иди Қурбон рост меомад. Бераҳмии ӯ то ҳадде боло рафта буд, ки ҳатто ҳангоми ишғоли яке аз шаҳрҳои Осиёи Сағир фармон дод, ки ҳамаи кӯдаконро ба замин партофта, ба болои онҳо аспу ароба гузаронанд. Темур бо ин рох мехост дар  хама чо вохима афканад.1

Даҳшатноктарин террорро Темур дар рафти истилокориҳояш ба амал баровардааст. Ӯ дар яке аз забткориҳояш баъди ба харобазор табдил додани шаҳри Бағдод, 90 ҳазор сари ғуломону афсаронро бурида, 120 калламанора бунёд намуд, ки он ба рӯзи  Иди Қурбон рост меомад. Бераҳмии ӯ то ҳадде боло рафта буд, ки ҳатто ҳангоми ишғоли яке аз шаҳрҳои Осиёи Сағир фармон дод, ки ҳамаи кӯдаконро ба замин партофта, ба болои онҳо аспу ароба гузаронанд. Темур бо ин рох мехост дар  хама чо вохима афканад.

Террор дар навъи муносибати дуюм, яъне ҳокимон ва субъектони дохила ҳанӯз дар асри XIII аз тарафи идораи Поп – Инкивизитсия нисбати табибон, шоирон, олимон ва озодандешон, ки тавассути воситаҳои гуногун тарсонидан, таъқиб намудан ва ба қатл расонидан сурат мегирифт, ба мал бароварда мешуд. Аз таърихи халқи тоҷик бошад, даврони ҳукмронии аморатро метавон мисол овард, ки ҳоли мардум то кадом андоза омада расида буд. Амир Олимхон охирин намояндаи хонадони манғития равшанфикрон, ислиҳотхоҳон ва ҷонибдорони онро мубталои ҳукми даҳшатбор гардонида буд. Амалдорони амир ва муллоён гумонбаршудагонро аз кӯчаҳо кашон-кашон ба арк мебурданд ва баъзеи онҳоро фурсат наёфта, дар ҷои дастгиршудаашон зада мекуштанд. Онҳо гӯшу бинии мурдагонро мебуриданд, чашмашонро мекофтанд, рӯяшонро чок мекарданд, шикамҳояшонро мекофтанд. Дар аъзои бадани баъзеи дастгиршудагон ин амалиётро дар ҳолати зиндагии онҳо иҷро карда,  пас аз он мекуштанд, ки маҷрӯҳ бо азоб ва уқубатҳои шуниданошуда ҷон медод. Ҳар рӯз қариб 100 нафар ҷаллодон аз пагоҳи то бегоҳӣ ба одамкушӣ машғул бошанд ҳам, барои бандиёни наве, ки беҳадду ҳисоб оварда мешуданд, ҷой холӣ карда наметавонистанд. Амир аз тамошои манзараи кушташавандагон лаззат мебурд. Айнӣ бераҳмиҳои амирро дар асараш маҳкум намуда, ӯро дар беҳиссӣ ба сангу кулӯх  ва дар бевиҷдонӣ бадтар аз ҳайвон ташбеҳ мекунад.1

Террор шакли ноодилона ваҳшиёна ва муташаккилонаи ҷанг аст. Тафовути ҷангро аз террор дар асоси хусусиятҳои зер метавон нишон дод:

 

 

1.

ҷанг (ҷанги мусаллаҳона) ба муқобили тарафи  яроқнок ва ҷониби душман сурат мегирад.

террор  - бо истифода аз қудрат, даҳшат ва зулм афкандан нисбати беяроқон ва истифодаи он на танҳо ба муқобили душман,  балки ба муқобили худиҳост;

 

2.

дар ҷанг куштори зиёд аз харҷи зиёд аст;

террор - харҷи ночиз ва куштору зарари бешумор меорад;

 

 

3.

 

ҷанг – ҷониби муқобилро ғайричашмдошт далеру нотарс ва ҷонфидо месозад;

террор - рақибро рӯҳшикаста, сустирода ва ваҳшатзада мекунад.

                                    .                                                                                                    Ҳар як мафҳум таърихи пайдоиш дорад. Гарчанде амалҳои террористӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд доштаанд,аммо террор бо забони муосир дар давраи инқилоби Фаронса, бо кӯшиши жирондистҳо ва якобинчиён дохил шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрави чап иваз кунад. Маҳз ҳамин вақт ходимони  инқилоб эълон карданд: «Бигзор террор масъалаи рӯз бошад».Хукумати якобинчиён ситемаи террори давлатиро ба роҳ монда буд.

Амалиёти террористӣ, махсусан дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI хеле афзоиш ёфтанд. Аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористи анҷом ёфта бошад аз соли 1980 то 1986 шумораи онҳо ду баробар афзуд.

Террористон одамонро медузданд, дар ҷойҳои таҷаммӯи мардум бомба метарконанд,ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананд, ки мисолхои зер баёнгари ин гуфтахоянд:1

Аз дасти террорстони сикх 31-уми октябри соли 1984 сарвазири Ҳиндустон-Индира Ганди ба қатл расид.

Солҳои 1990-1993 созмони террористии «Созмони озодибахши Тамил Илама» дар Шри-Ланка қатли якчанд шахсияти сиёсӣ, аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон – Раҷив Ганди (1991), президенти Шри –Ланка – Ранасингх Премадс (1993) ва дигар ходимони баландрутбаи низомию давлатиро ба иҷро расонид.

9 – уми сентябри соли 2001 фармондеҳи номдори муборизаи зидди Артиши шӯрави дар  Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд аз тараф  ду нафар террористи араб ба қатл расид.

Терроризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар вақти муборизаи сиёсӣ; зӯроварӣ  нисбати шахсони гуногун ва махсусан ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ; ба гарав гирифтани шахсони гуногун бо мақсадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; талаби пул ва воситаҳои дигари моддиву молиявӣ ва коммуникатсионӣ; озод намудани маҳбусони  сиёсӣ; муваффақ гаштан ба вазъияти умумии террор; душманӣ ангехтан байни ду давлат; паст намудани  эътибори ҳокимият.

Унсури марказии террор амали террористӣ мебошад. Амали террористӣ асосан аз 3 қисм таркиб ёфтааст: ғояҳо ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамоянд; Фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ; худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объект равона гардидааст.

Терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва режими давлатӣ, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ ва террор мебошад.

Якчанд шаклҳои терроризмро фарқ мекунанд, ки асоситарини онхо навъхои зер мебошанд: 1

  • Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурӯҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.
  • Терроризми миллатгароӣ – ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз  террор асос ёфтааст. Терроризми миллатгароӣ бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин баҳри иҷрои амалҳои дигар, тағйирот дар сохти давлати мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад. Ба мисоли чунин навъи терроризм Армияи Ҷумҳуриявии Ирландия (Ирландияи шимолӣ), Ҳизби коргарии Курдистон (Туркия), Фронти озодихоҳи Квебака (Канада), Паланги озодихоҳи Тамил Илама (Шри-Ланка)-ро номбар намудан мумкин аст.   
  • Терроризми динӣ – он ба муқобил  сиёсати глобалии давлатҳои абарқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро   дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан  мехоҳанд, ки ин иқдом оқибат ба дини онҳо рахна ворид месозад равона гардидааст. Баъзе аз ин навъи ташкилот бахусус Ҳизболлоҳ, Ал-қоида мақсади бунёди хилофати мусулмониро доранд.
  • Терроризми ҷиноӣ  - он бо куштор, низоъ андохтан байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.
  • Терроризми технологӣ, ки таҳдиди аз ҳама бештар дорад. Он бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад.
  • Терроризми кибернетикӣ – он нисбати ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба васоити ахбордиҳӣ, аз ҷумла Интернет ва пахш кардани маълумотҳои бардурӯғ, инчунин тағйир додани далелҳо мебошад. Ба монанди ин навъи фаъолияти террористӣ, террористон боз як методи дигареро пайдо кардаанд, ки ин ба оби мавриди истифодабарии умум қарордошта ҳамроҳ сохтани моддаҳои заҳролуд ба шумор меравад. Он хатари бештареро болои аҳолӣ  меорад.

Мақсадҳои терроризмро ба ду навъ ҷудо мекунанд:

  1. Дохилӣ – ба вуҷуд овардани бетартибиҳо дар минтақаҳои гуногуни як давлат, ҳизбҳоро ба ҳам ангехтан, паст намудани эътибори ҳокимият ва боварии мардум  нисбат ба он;
  2. Берунӣ  -  суст намудани робитаҳои байналхалқӣ, байнидавлатӣ, ба вуҷуд овардани моҷроҳо байни минтақаҳо, фишор ба шаҳрвандони давлатҳои дигар.1

    Бояд  гуфт, ки мақсадҳои терроризм  гарчанде  гуногунсоҳаанд, вале метод ва шаклҳои расидан ба ин мақсадҳо қариб, монанд сурат мегиранд.

Терроризм бо гурӯҳ ва ташкилотҳо муттаҳид гаштааст. Ташкилоти террористӣ иттиҳоди ташкилиест, ки бо ба амал баровардани амалҳои гуногуни террористӣ асоси ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ бошад, ҷузъи фаъоли дохили ташкилот аст, ки ҳадафҳо ва мақсадҳои асосии ташкилоти террористӣ тавассути он таъмин карда мешавад. Ҳоло дар ҷахон шумораи зиёди ташкилотҳои терророристи ба кайд гирифта шудааст:1.Ташкилоти «Абду - Нидал»; 2.Гурӯҳи «Абӯ- Сайёф»; 3. Гурӯҳи мусаллаҳи исломӣ(«ГИА»); 4.«Аум» 5.Ташкилоти баскҳо «Ватан ва озодӣ» («ЕТА»); 6.«Ал - Гама ал-Исломия» («Гурӯҳи исломӣ» «ИГ»);7. «Ҳамас»(Ҳаракати муқовимати исломӣ); 8.»Ҳаракатул Муҷохиддин»; 9.Ҳаракати  исломии Узбекистон; 10.«Ал –Ҷиҳод»(«Ҷиҳоди исломии Миср»); 11. «Кхани –Чаи»;12.Ҳизби коргарии Курдистон;13.Палангҳои озодибахши Тамил-Илама»(«ТОТИ»);14. «Артиши озодибахши миллӣ» (Колумбия); 15. «Ҷиҳоди исломии Фаластин»;16.Ҷабҳаи озодибахши Фаластин.17. Фармондиҳии асосии Ҷабҳаи халқии озодибахшии Фаластин;18. «Ал - Қоида»;19. «Аум синрикиё», (Ҳақиқати олии Аум).1

Тарроризм оқибати харобиовар дорад.Ҳарсола дар асоси ҳодисаҳои тарррористӣ ва умуман бо айби террористон ҳазорон нафар гирифтори марг мегарданд. Танҳо дар соли 2005 дар ҷаҳон 11111 амалиёти террористӣ ба қайд гирифта шудааст ,ки дар асари он 24.7 ҳазор инсонҳо маҷрӯҳ, 24.7 ҳазор рабуда ва 16.6 ҳазор кушта шудаанд.Тахминан 30%-и ҳамаи ин ҳодисаҳо ва 55%-и натиҷаи ин нишондод ба Ироқ марбут аст.Террористҳо қариб 6.6 ҳазор полис ,300 н. корманди давлати ,ҳазор нафар кӯдакони ноболиғ, 170 ҳазор намояндагони боломақоми динӣ, 140 муаллим ва 110  рӯзноманигоронро ба қатл расониданд.2

Соли 2005 шумораи амалиёти терррористие ,ки бо худкушӣ(худро дар ҷойҳои махсуси серодам тарконидан) асос ёфтааст,боло рафт:ҳамагӣ 360 ҳодисаи монанди ин ба қайд гирифта шуд ,ки 3 ҳазор одам бар асари он ҳалок гардид. Ба он нигоҳ накарда, ки дар солҳои охир монанди ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 амалиёте   рух надодааст, вале террористон амлиёти мураккабу муташаккилтареро нисбат ба он ҳодиса анҷом дода истодаанд ва ҳамасола адади  ҳодисаҳои террористи меафзояд.

Терроризм аз ҷанги муқаррарӣ аслан бо он фарқ мекунад,ки  амалиёти бардавомро соҳиб  нест. Онро як навъ ҷанги бемӯхлат ном мебаранд. Субъектони терроризм низ бо психологияи махсуси худ фарқ мекунанд, ки онро психологияи террорист меноманд:

  • бераҳмӣ - (террорист медонад, ки бо амали содиркардаистодаи    худ        ҷони чандин нафаррор аз байн мебарад, вале онро содир мекунад;
  • дилмондагӣ аз ҳаёт - (террорист пеш аз содир намудани амале  ҳамин қадар худро бояд бовар кунонад,ки рузе мемирад ва ё агар дастгир шавад, умри минбаъдаи ӯ паси панҷараи зиндон мегузарад);
  • нафрат доштан- (ба худ ,ба шахсони алоҳида,ба ҷомеа );
  • фанатизм - (таассуб);
  • ноустувории психологӣ, бемории психикӣ;
  • боварӣ ба он, ки амали ҳақро содир мекунад;

Терроризм дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд намеояд.Омилҳое мавҷуданд,ки ба пайдоиши терроризм сабаб мешаванд.Дар замоне, ки ҷомеа  масъалаҳои мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро танзим карда наметавонад ва ҳолати бӯҳронии ҷомеа дуру дароз ҳукмфармоӣ менамояд,давраи табдили арзишҳо ва ормонҳои сиёсӣ ба ҳолати сифатан нав ба вуҷуд меояд. Ба амал омадани амалҳои террористӣ дар зери таъсири омилҳои эътирозӣ низ ба ҳақиқат наздик аст.Он эътирозест бар зидди сохти сиёси, режими сиёсии ҳукмрон ва бедолатиҳои иҷтимоии ҷомеа, ки мақом ва нақши воқеии одамон, умумиятҳои гуноггуни иҷтимоиро таҳриф менамояд.

Бенавоӣ, камбағалӣ, сатҳи пасти маърифат ба пуррагӣ омили бавучудорандаи терроризм  нестанд. Шояд омилҳои номбурда то дарачае ба зуҳури терроризму ифротграроӣ мусоидат намоянд, аммо онҳо наметавонанд  сабаби ягонаи пайдоиши ин зуҳурот бишаванд. Решаҳои пайдоиши ифротгароӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо эътироф намешаванд ва баҳри рафъи онҳо кӯшишҳо ба харҷ дода намешавнд. Майл ба ифротгароиву терроризм вақте пайдо мешавад, ки дар ҳолати нобарории қувваҳо онҳое, ки наметавонанд ба қувваи афзалиятноки душман  рӯёрӯ муқобилият нишон диҳанд маҷбуранд ба дигар воситаҳо, ҳатто ба худтаркони рӯй оранд .

Аксарияти кишварҳои олам аз ҷихати этникӣ гуногунчеҳраанд. Ҳокимияти давлатӣ навобаста аз сатҳи инкишофаш асосан дар ҳимояи манфиатҳои аксарияти миллӣ қарор дорад,ки ин манбаи эътироз ва муқовимати ақаллияти милии дигар мегардад.1

Дар замони муосир якчанд омилҳо боиси сар задан ва ё пайдоиши терроризм мегарданд:

1.сиёсӣ - ноустувории сиёсӣ, мавҷудияти  режими диктаторӣ, низоъи Шарқу Ғарб (дар масъалаи маданият, анъана ва сарватҳои табиӣ);

2.иҷтимои - иқтисодӣ- сатҳи пасти ҳаёт, бекорӣ (инсонҳои нодор баҳри соҳибсарват шудан чун дигарон дар даст задан ба амалҳои вазнинтарини ҷиноӣ қудрат пайдо мекунанд);

3.иқтисодӣ - терорризм имрӯз хосияти  савдо (бизнес) – ро ба худ гирифтааст. Ақидае мавҷуд аст,ки даромади ташкилотҳои терррористӣ аз даромади ташкалотҳои нефтистеҳсолкунанда баштар аст;

4.динӣ - маҳдудсозии дин ва фишор ба диндорон, бартариятдиҳӣ ба мазҳабу оини худ ва дурӯғин хондани мазҳабҳои дигар, ки аслан ин навъи фаъолият ва амалҳои канора дар муносибатҳои яке аз ҷараёнҳои равияи шиа-ваҳҳобизм ба назар мерасад;

5.маънавӣ - бӯҳрони маънавии ҷомеа ва сатҳи пасти маданияти сиёсии он;

      Пайдоши терроризм ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ пайваста мебошад. Ба омили дохилӣ маҳдудияти  иштирок ва фаъолияти мардум дар ҳаёти сиёсӣ ,иҷтимоӣ ва маданӣ ва ба омилҳои берунӣ таъсири давлатҳои пурзӯр,ва кӯшиши онҳо дар роҳи дар зери таъсири худ нигоҳ доштани давлати дигар дохил мешаванд.

Пешрафти техника, ташаккули воситаҳои информатсионӣ, модернизатсия ва глобализатсия барин падидаҳо   дар паҳнгардии терроризм   боис гаштаанд ки ҳар яки ин маънидоднамоии  махсусро талаб манамояд. Инкишофи техника ба мураккабгардии дараҷаи амалиёти террористӣ (террористон бо яроқҳои наву хатаровар мусаллаҳ гардида доираи таъсиррасониашон аз доираи як давлат берун мебарояд).

 


 

Заминаҳои асосии пайдоиши экстремизми сиёсӣ

 

Экстремизми (аз забони лотини (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад). – Фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои  ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизми самти осоиштагӣ, конститутсионии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро гардида, террорро васеъ истифода мебарад ба тезу туншавии зиддиятҳои байнимиллӣ кӯмак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал менамояд.[1]

Дар низоми навини олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтаринро экстермизм ташкил медиҳад. Он дар навъҳои ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои мухталифро ба худ мегирад.

Махсусан, дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини он – терроризм мақоми хоса пайдо намуда, ақлу ҳуши бисёре аз ходимони давлативу ҷамъиятиро ба худ кашидааст.

Масъала асосан, дар ду сатҳ гузашта мешавад. Аввалин, кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, ки ба моҳияту хусусиятҳо, сабабу оқибатҳои экстремизми сиёсӣ ва шаклҳои мухталифи зуҳури он амиқ сарфаҳм рафта шавад.

Баъдан, роҳҳои самараноки пешгирӣ аз ондарёфта шаванд. Дар мавриди зарурӣ дарёфти роҳу воситаҳои муборизаи фаъолу воқеии зидди он ҷустуҷӯ мегарданд.

Дар маҷмӯъсабабҳо ва заминаҳои ҷараёнҳои экстремистӣ, аз ҷумла шакли мураккабтарини он – экстремизми сиёсиро тарзи ҳаёти одамон ва муносибатҳои сиёсии ҷомеа ташкил медиҳанд. Омилҳои зиёде заминаи ба амалҳои канора, зӯроварӣ ва радикалӣ даст задании ашхоси

гуногун ва нерӯҳои сиёсӣ мегарданд. Шароити бади зиндагӣ, гурӯснагӣ, қашшоқӣ ва омилҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ бештар дар ташаккули ҷараёнҳои ифротӣ саҳм мегиранд. Инкишофи бӯҳронии ҷомеа ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири манфӣ мерасонад. Одамонро ноумедиҳо фаро мегиранд. Аз мақоми иҷтимоии хеш бенасиб гашта, дар низоми навин ҷойи сазовор намеёбанд. Ҳокимияти сиёсӣ фалаҷ мегардад.

Арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсӣ иваз мегарданд. Таҳаввулоти мафкуравӣ ба амал меояд. Муддати тӯлонӣ дар ҳолати нокомӣ зистан ба одамон таъсир мерасонад. Одамон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва мавҷудияти даст ба амалҳои иртиҷоӣ месозанд.

Масъалаҳо ва равандҳои навъи мазкур то ба сатҳи даркорӣ мавриди пажӯҳиши амиқ қарор нагирифтаанд. На танҳо таърифҳои ҳамаро қаноаткунандаи мафҳуми «терроризм» вуҷуд надоранд, балки дастгоҳи мафҳуми онҳо аз комилият дур аст.Дастгоҳи мафҳумии ҳодисаи мазкур дар илми сиёсӣ низ дар сатҳи нокифоя қарор гирифтааст. Бисёр мафҳумҳо ва категорияҳо ба таври мафҳумӣ мавриди истифода қарор доранд ва таърифҳои умумиро пайдо накардаанд. Андешаҳои том дар бораи маъно ва мазмуни онҳо вуҷуд надорад. Дар аксари мавридҳо ба назар мерасад, ки онҳо фаҳмоанд. Масалан, бештари одамон баробари шунидани мафҳумҳои «экстремизм», («ифродгароӣ»), «исломигароӣ», «терроризм» ва ѓайраҳо дар мадди аввал мепиндоранд, ки барои бештари онҳо маънои чунин мафҳумҳо фаҳмо бошанд. Чунин ҳолатро дар байни олимон низ дар бештар вақт мушоҳида намудан мумкин аст. Аз инхотир, бештар муаллифон ба шарҳу эзоҳи онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир наменамоянд.[2]

  •  

Экстремизми сиёсӣ дар сатҳи гуногун ба амал меояд. Дар солҳои охир натанҳо ташкилот ва нерӯҳои гуногуни сиёсӣ, балки мақомоти давлатӣ низ метавонанд ҳамчун субъекти экстремизми сиёсӣ баромад намоянд. Дар шакли экстремизми давлатӣ ба амал омадани фаъолияти радикалию канора низоми пурмоҷарои олами муосирро боз ҳам мураккабтар гардонида, муносибатҳои байналмилалиро пурмуқовимат менамояд. Азин хотир, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки на танҳо бар зидди ташкилот ва ҷараёнҳои эътирофгаштаи экстремистӣ мубориза баранд, балки монеаи амалҳои ифротии давлатҳои алоҳида гарданд. Махсусан, вақте ки давлатҳои абарқудрат ба амалҳои экстремистӣ ҳамроҳ мегарданд ва ё равандҳои экстремистии дигарро ҷонибдорӣ менамоянд,ҳолати пурмуқовимати муносибатҳои байналхалқӣ пуршиддат гашта, боиси босуръат инкишоф ёфтани моҷароҳои сиёсӣ мегарданд.

Он ҷиҳатро ба эътибор бояд гирифт, ки мафҳумҳои навъи мазкурро дар маънои гуногуну мухталиф истифода менамоянд. Масан, дар як ҳолат истифодаи мафҳуми «экстремизми»- ро метавон ҳам дар маънои манфӣ ва ҳам дар маънои мусбат мушоҳида намуд. Дар маънои мусбат мафҳуми «экстремизм» - ро дар бештари ҳолатҳо худи намояндагони нерӯҳои сиёсии марбути он истифода менамоянд. Масалан, дар яке аз муносибатҳояшон собиқ президенти Ҷумҳурии исломии Эрон А. Ҳусайнӣ бо мухбири журнали «Ал - Алам» изҳор намуда буд, ки вай далелро дар бораи он ки Ҷумҳурии исломии Эрон «қисматиэкстремизстии ҳаракати ҷаҳонии исломро» муаррифӣ менамоянд, рад намекунанд. Зеро «давлатҳои бузург ва Ѓарб террористони аз ҳама бузурганд» ва ба муқобили онҳо фақат бо методҳои худи онҳо мубориза бурдан мумкин аст. «Мо чунин меҳисобем, ки фақат ҳаракатҳои экстремистӣ қобилиятӣ қобилияти муқобилият ба деспотизм сиёҳи давлатҳои бузурги ҷаҳониро доранд ва ба он муваффақ мешаванд. Аз ин хотир натанҳо муносибати экстремистии худро ба деспотизми глобалӣ инкор наменамоем, балки онро эътироф намуда, аз он ифтихор дорем»[3]

Ба ҷумлаи хусусияти дигари ҳаракати экстремистӣ метавон андешаҳо ва амалия ба «хуб» ва «бад» ба «худӣ» ва «бегонагон» ва ѓайраҳо ҷудо намудани одамон дохиланд. Дар чунин ҳолат принсипи «Ҳар кассе бо мо нест, душмани мост» фаъол мегардад.

Экстремизм ҳаракати фаъол аст. Он мақсаднок буда, хосияти таҷовузкорона дорад. Ҳадафи асосии онро таѓйир додан иолам мураттаб месозад.

Таълимоти экстремизм дар бештари ҳолатҳо хосияти оргиналӣ надошта, мустақилиятро соҳиб нестанд. Зеро онҳо аз думболи андешаҳо ва таълимоти дигар рафта, онро то ба сатҳи ифротгароӣ мерасонанд.

Таълимоти экстремизм хосияти примитивӣ дорад. Онро ҷаҳонбинии маҳдуд хос буда, дорои масъалаҳо ва манфиатҳо танганд. Дар низоми арзишҳо теъдоди номи ѓояҳо хосияти инҳисорӣ пайдо намуда, андешаҳои дигарро эътироф намекунанд ва ҳуқуқи мавҷудияти онҳоро барҳам мезанад.

Экстремизми сиёсӣ зери таъсири омилҳои мухталиф ташаккул меёбад. Дар натиҷаи таѓйироти кули ҷомеа таркиботи иҷтимоии он пурра дигар мешавад. Унсурҳои иҷтимоии ҷомеа ҷояшонро иваз менамоянд.

Аз даст рафтани мақоми иҷтимоӣ боиси таѓйироти мафкураи иҷтимоӣ мегардад. Дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ шароити ҳаёти аксарияти аҳолӣ бад гардида, сатҳи зиндагӣ поён мефарояд. Ҳокимияти давлатӣ таназзул ёфта мақомоти гуногуни он пеш аз ҳама, мақомоти қудратӣ ва молиявӣ коҳиш ва бадном мегарданд. Арзишҳои ѓоявию сиёсӣ ва фарҳангӣ аз байн мераванд ва ба ҷои онҳо низоми нави қоидаҳо ва руовариҳои арзишӣ ташаккул меёбанд.

«Ҳоло ки экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибарӣ табдил ёфтааст зарурияти дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонон пеш меояд».[4]

Экстремизми сиёсӣ, асосан аз солҳои 70- уми асри XX авҷ гирифта, ба зинаи хеле баланд расид. Он ҳамагуна низоми сиёсию ҳуқуқиро сарфи назар намуда, новобаста аз меъёрҳои конститутсионӣ, амалҳои худро ҳақ бароварданӣ мешавад. Ба гарав гирифтани роҳбарони сиёсӣ, худи мони давлатию ҷамъиятӣ ва одамони дигар, кӯштарҳои сиёсӣ, ҳуҷмҳоимусаллаҳона ба мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фаъол гаштани ташкилотҳои фашистӣ, анархистӣ ва ѓайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ҷараёнҳои экстремизми бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авифиребонаю чоҳталабона образи хаёлии душманро чун сароб меофаранд. Онҳо бештар ба эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Нооромиро ба вуҷуд меоранд. Одамонро ба саркашӣ ва шаклҳои дигари эътирози сиёсӣ даъват менамоянд. Дар мавриди зарурӣ даст ба сӯиқасдмезананд.

Экстремизми сиёсӣ ба ду навъи асоси тақсим мешаванд: экстремизми чап ва экстремизми рост.

Дар тамоми мамлакатҳои оолам ташкилот, иттиҳодияҳо ё гурӯҳхоеро дарёфт намудан мумкин аст,он ки аз ин ё он ҷиҳате назария ва амалияи иртиҷоиро ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳатто дар мамлакатҳои мутамаддини аврупоӣ, ки режими либералию демократиашон моҳиятан ҳар гунна назария ва амалияи радикалию иртиҷоиро рад менамоянд, ташкилот ва гурӯҳхои экстремистиро пайдо намудан мумкин аст.

Ҳоло дар илми сиёсӣ ба иттиҳодияҳои экстремистии чап ташкилот ва гурӯҳҳои зеринро мансуб медонанд: анархизм, радикализми чап, фашизм, коммунизм, «фраксияи Армияи Сурх» дар Германия, «Бригадаҳои сурх» дар Италия, «Сантендеро Хуминос» дар Перу, полподчиён дар Камбоҷа, ҳизби натсионнал- болшевикии Э. Лимонов дар Федератсияи   Русия ва ѓайраҳо.

Ба экстремизми рост «ҳизби коргарии аврупоӣ», «Низоми нави аврупоӣ», «Нерӯҳои рости Аврупо», «Интернатсионализми сиёҳ», «Ҷабҳаҳои миллӣ»-и Франсия, «Ҳаракати иҷтимоии Италия», «Ҳизби ҷумҳуриявӣ ва натсионалию демократӣ» дар Германия шомиланд.