Тазоҳуроти наҳзатӣ ва воҳимаҳои қатъномавӣ

Тазоҳуроти наҳзатӣ ва воҳимаҳои қатъномавӣ

      Баъди анҷоми тазоҳурот масъулини тими тазоҳуротӣ «Қатъномаи поёнии гирдиҳамоӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин»-ро қироат ва он филфавр дар расонаҳои наҳзатӣ  интишор ёфт. Ба ҳангомасозиҳои дар Қатънома дарҷгардида посухи мухтасар ироа медорем:


      1.Қатъномаи мазкур  аз 7 банд таркиб ёфтааст ва дар онҳо хостҳои тими наҳзатӣ ироа гардидаанд. Аз қабл маълум буд, ки муҷриёни тарҳи тазоҳурот чӣ гуна ашхосро ҳамчун зиндонии сиёсӣ муаррифӣ месозанд ва озодии ононро тақозо менамоянд. Исми нафароне, ки ба унвони зиндонии сиёсӣ гирифта мешавад, аслан, ба масъала иртибот надоранд. Иртиботашон ба наҳзат ва доираҳои ба он наздик аст. Аз ҷониби дигар, банду зербандҳое, ки номбаршудагони наҳзатӣ зиндонӣ шудаанд, сиёсӣ нестанд. Аммо барои тобиши сиёсӣ додан ба масъала ва аз баъзе доираҳои муайяни аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии ғарбӣ пуштибонӣ ёфтан муҷриёни барномаҳои тазоҳуротии наҳзатӣ шиорҳои сиёсӣ дармедиҳанд, то қазияро  бештар ҷанбаи ҳангомавӣ бидиҳанд ва аз он басифати абзори  будубоши минбаъдаи худ дар Аврупо истифода намоянд. Нафарони мавриди назари онҳо – Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров бар асоси ҷиноёте, ки муртакиб шудаанд, зиндонӣ шудаанд ва дар таркиби ҷиноёти онҳо тобишҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Ин наҳзатиёнанд, ки ба онҳоро муҷрим намедонанд ва озодии онҳоро талаб менамоянд.

    2. Дар банди дуюми Қатънома масъулини тазоҳурот исми дигар ба ном зиндониёни сиёсӣ – собиқ раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҷунбиши “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон Мақсуд Иброҳимов, фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24»-ро оварда, озод кардани онҳоро талаб намудаанд. Аслан, ин тоифа чӣ салоҳияте дорад, ки назди Ҳукумат талаботи бепоя вомегузорад ва иҷрои бечунучарои онҳоро тақозо мекунад? Дақиқан, шумори ками муҳоҷироне, ки ба тазоҳурот аз ҳар кунҷу канори Олмон тавассути дастгоҳҳои таблиғии наҳзатӣ даъват шудаанд, ба маънои мазмун ва муҳтавои флешмоби наҳзатӣ сарфаҳм нарафтанд ва танҳо робот даст афшонданду халос.  Дар дохили тазоҳургарон танҳо чанд нафар наҳзатӣ машғули ба низом даровардани фаъолият буданд ва аз ҳар тараф намоишро коргардонӣ мекарданд. Ин бозии навбатии наҳзатиҳост, ки чандин маротиба таҷриба шуда, алҳол натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардааст.

   3. Аҷаб талаботе?! Сарнавишти ба ном блогери рабудашуда -- Эҳсон Одинаев, ки дар хидмати доираҳои манфиатхоҳи берунӣ буд, ба Ҳукумат ва мақомоти марбути давлатӣ чӣ дахл дорад? Дар дунё дар рӯз ҳазорон ҳодисаи нохуш ва нобаҳангом рух мезанад ва ба ин дастгоҳҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон гунаҳкоранд? Бигзарем, агар ҷаноби блогер ҷиноят содир карда бошад ва дар ин масъала мутмаинем, шояд аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ рабуда шуда бошад ва наздикон ва муқаррабонаш аз асли қазия хабар дошта бошанд, вале дар ин маврид изҳори назар намекунанд (шояд ба хотири хаспӯш кардани ҷиноятҳои ӯ.

   4. Қазияи ҳодисаи зиндони Хуҷанд ба мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон марбут аст ва дасти берун дар баррасии он лозим нест. Ҷанобони наҳзатӣ «дасти берун» маҳсуб меёбанд ва онҳо, ки ҳар рӯз дар Аврупо лоф аз демократияву озодӣ мезананд, дигар тоҷик ва тоҷикистонӣ нестанд. Аз ин рӯ, ҳаққи дахолат дар қазия надоранд. Ин ҳаққи шаҳрвандони баномуси Тоҷикистон аст. Наҳзат ва наҳзатмаобон дар хориҷ ба иғвою найранг машғуланд ва аз ҳар қазияе ба манфиати худ истифода мебаранд. Парвандаи ҳодисаи зиндони Хуҷанд дар дасти тафтиши аст ва гунаҳкорони қазия ҳатман муҷозот мешаванд, вале ин ба мухолифин дахл надорад.  Ин кори дохилӣ аст ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳаллу фасл хоҳад шуд.

   5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созишномаву қарордодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аст ва дар асоси талаботи қавонини ҷойдошта ба қазияҳо расидагӣ мекунад ва ниёзе ба «мушовирон»-и берунӣ надорад. Берӯгӣ ва бешармӣ ба ин ҳад расидааст, ки чанд нафар ёғӣ ва фирорие  имрӯз дам аз озодӣ ва демокросӣ мезананд, ки дар кулвори худ ба ҷуз риёву хурофот чизи дигаре надоранд. Аммо чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё  аз ҳама нақсу айб мубарроанд. Ба суханони муҷриёни барномаи тазоҳуроти наҳзатӣ ин нуктаро собит месозад, ки онҳо, аслан парвои миллату халқ надоранд, барои онҳо танҳо манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ муҳиманд ва барои амалӣ гардидани тарҳи манофеъ аз ҳар воситаи машрӯъ ва номашрӯъе истифода мебаранд, то ба аҳдофи худ бирасанд. Барои ин Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон, Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ва ба инҳо монанд созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсис дода, сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу худбохтан пур месозанд.  Баъд чӣ мешавад? Ҳеҷ. Созмонҳои пуштибон онҳоро барои роҳандозӣ кардани плон-нақшаҳои геосиёсиашон  истифода бурда, оқибат ба гирдоби сарнавишт ҳавола мекунад. Албатта, муҳраҳое чун элитаи сиёсии наҳзатӣ дар бозӣ то чанде ҳузур пайдо мекунад, вале бечора ҷавонони ба бероҳа кашидашуда дар кӯйи сарнавишт партофта мешаванд. Ана оқибати фитнаҳои бозигарони тазоҳуроте, ки наҳзат ва доираҳои наҳзатӣ ин кадар ба густариши он эҳтиёҷманданд.

        6. Дурӯғи маҳзро наҳзатиён ва доираҳои наҳзатӣ дар нисбати гаравгонгирӣ ва фишор алайҳи пайвандони мухолифон паҳн мекунанд. Чӣ, магар пурсиши пайвандони мухолифине, ки дар асоси қонун муҷрим шщинохта шудаанд ва зидди сиёсати давлатӣ дар хориҷ аз кишвар амал мекунанд, гуноҳ аст? Дар ҳар кишваре, новобаста ба шакли идоракунӣ наздикону пайвандони гунаҳкорон ба додситонӣ ва мақолмоти зиддахл даъват ва аз онҳо баъзе иттилооти зарурӣ гирифта мешавад. Дар куҷои дунё дидаед, ки мақомти тафтишӣ дар ҳалли қазия аз наздикону пайвандон маълумот нагиранд? Инро ба маънои фишору тааддӣ талаққӣ додан танҳо иғво асту бас.

   7. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми санад ва қарордодҳои минтақавӣ ва байналмилалие, ки рӯйи онҳо имзо кардааст, арҷ мегузорад. Албатта, дар ҳама кишвар мушкил вуҷуд дорад ва доираҳое ҳастанд, ки ба хотири бадном сохтани сохти давлатӣ ва мақомоти қудратӣ «иқдом» мекунад. Илова бар ин, фурсатталабони дохилӣ ҳам ба назар мерасанд, ки дар иҷрои қавонини мавҷуда, аз ҷумла дар умури зиндониён ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бетафовутӣ мекунанд ва ба номи давлати миллӣ иснод меоваранд. Давлат бо ин қабил афрод, ки аз наҳзат ва наҳзатмаобон садҳо маротиба зараровартаранд, мубориаи беамон эълом намудааст. Бовар дорем, ки дастгоҳҳои марбутаи давлатӣ ин тоифаи фурсатталаб ва саҳлангорро, ки дар дохили кишвар истода, ба манофеи миллӣ ва давлатӣ хиёнат карда, боиси камнуфуз гардидани мақомоти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ мегарданд, пайдо мекунад ва ба сазои аъмолашон мерасонад. Дар ин ҷабҳаи мубориза давлат ба неру ва қувваи тамоми шаҳрвандони баномуси ватан такя менамояд ва ҳаргиз намегузорад, ки  гурӯҳе худбохтаю беҳувият сӯйи давлат санги иғвою дасиса парт созад.

 

       Фаридуни Ориёӣ, таҳлилгар