Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад

Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад

Боиси ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад. Танҳо дар давоми се моҳи охир дар кишвари мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуданд.


Аз ҷумла, шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи олӣ, саммити роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ва нишасти сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай) гардид. Соли ҷорӣ Тоҷикистон роҳбарии ИДМ-ро бомуваффақона сипарӣ намуд ва ин амал аз ҷониби роҳбарони кишварҳои дигари созмони мазкур ба таври шоиста арзёбӣ карда шуд.

Гузашта аз ин, санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуд.

Вақтҳои охир ташаббусҳои Сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрўю таъсири кишвари моро дар ҷаҳон бештар афзоиш додааст.

Дар замони истиқлолият ва хусусан дар се соли охир Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафтҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва маориф мунтазам инкишоф меёбанд ва раванди мазкур дар маҷмуъ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Иншоотҳои бузурги саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд. Симои кишварамон ва махсусан шаҳри Душанбе хеле зебою диданӣ гардидааст. Чунин вазъият дар замони ҳозира шумораи зиёди  меҳмонону сайёҳони хориҷиро бо мақсадҳои саёҳату истироҳат ва тиҷорату ҳамкорӣ  ба Тоҷикистон ҷалб менамояд. 

Аммо роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ тамоми ин пешравиҳо ва ободию озодии Тоҷикистонро нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводҳои хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои интернетии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳо, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта дар Аврупо панаҳ бурдаанд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон мехоҳанд боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрўз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кунанд.

Аъзоёни наҳзат пайваста кӯшиш менамоянд, ки амалҳои нопок ва ғайриқонунии худро бо роҳҳои гуногун рӯйпӯш намоянд ва ба хоҷагонашон нишон диҳанд, ки тарафдорони наҳзат маблағҳои хоҷагонро “самаранок” истифода намуда истодаанд. Инчунин аъзоёни наҳзат бо амалҳои мазкуррашон дар назди роҳбарони аврупоиашон вонамуд менамоянд, ки наҳзатиҳо паноҳандагии сиёсиро “ҳалол” кардаанд.

Рӯзҳои охир дар расонаҳои иҷтимои хабаре нашр шуд, ки аъзоёни созмонҳои террористӣ санаи 10 декабри соли 2018 дар назди Сафорат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор менамоянд. Аз гуфтаҳои худи наҳзатиҳо бармеояд, ки ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон”, ки ячейкаи асосии наҳзат ба ҳисоб меравад, бори дигар исбот намуд, ки наҳзат блоки “сиёсӣ”-и ДИИШ мебошад. Дар хабарҳои нашркардаи наҳзатиҳо гуфта шудааст, ки мавзӯи асосии гирдиҳамои ҳифзи ҳуқуқи маҳбасон мебошад. Агар воқеан ҳам гирдиҳамои барои пуштибонӣ аз ҷинояткорон баргузор гардад, пас наҳзат бори дигар бо ин амалаш исбот намуд, ки наҳзат пуштибонии аслии ДИИШ дар Аврупо мебошад. Агар воқеан ҳам ин “ҳамоиш” баргузор гардад, М.Кабирӣ бори дигар исбот мекунад, ки аъзоёни наҳзат бо ДИИШ ҳамкории ҷиноӣ доштанд ва доранд.

Вале мо шаҳрвандони тоҷики муқимии Туркия аз он хушҳол ҳастем, ки ҳукумати Туркия аз амалҳои душманонаи наҳзат бохабар гардида, ҳамаи террористони наҳзатиро аз қаламрави кишвараш бадарға кардааст. 

Аммо дигар ки будан ва чи хостани наҳзатиҳо ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон маълум аст. Пушида нест, ки баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳои хориҷӣ бо истифода аз гурўҳҳои хиёнаткори дохилӣ, яъне наҳзатиҳо мехостанд бо роҳандозӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ вазъиятро ноором карда, аз ҳисоби бадбахтии мардуми мо нақшаҳои  ғаразнокашонро татбиқ намоянд.

Дар натиҷа маҳз ҳамин Ҳизби наҳзати исломии ташкилкардаи душманони хориҷӣ буд, ки бо роҳи  зуроварӣ солҳои навадуми асри гузашта сохти конститутсиониро барҳам дод, имкониятҳои моддии Тоҷикистонро нобуд кард, дар миёни мардум  душманию ихтилофи мазҳабию маҳаллиро ба амал овард. Амалҳои нангину ҷиноятии наҳзатиҳо боиси кушта ва гуреза шудани шумораи зиёди одамон ва нобудшавии иқтисоди кишвар гардид.

Вале террористони наҳзатӣ  руҳияи озодихоҳӣ, ватандўстӣ  ва созандагии мардуми моро шикаста натавонистанд. Тамоми мардуми огоҳи Тоҷикистон бо зоҳир кардани ҷасорату матонат ва далерӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар Тоҷикистони азизи мо дубора сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд. Роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ бо вуҷуди баъди имзои созишномаи сулҳ авф гардидан ва аз имкониятҳои фаровони иштирок дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар бархурдор будан, аз роҳи террору зуроварӣ ва мақсади ғасби ҳокимият даст набардоштанд. Наҳзатиҳо ҳатто  хиёнаткорона кўшиши табаддулоти ҳарбӣ карданд, ки ин амали нангинашон боиси мамнуъ ва террористӣ эълон гардидани Ҳизби наҳзати исломӣ шуд.

Аслан, мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон як омили хатарноке буд, ки ба пешрафти кишвари мо аз ҳар ҷиҳат монеа эҷод мекард. Баъди аз байн рафтани ин монеа, дар се соли охир мо шоҳиди рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоду ҳаёти кишварамон гардидаем.

Имрўз сиёсати Роҳбарияти кишварамон дар самти обод кардани Ватан, ҳифзу тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби тамоми мардум ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳам пурра дастгирӣ меёбад. Ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониҳои муқими кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо дар Ҷумҳурии Туркия низ бояд дар ободию тараққии  Ватанамон ҳиссаи худро гузорем ва дар пешорўи хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароие, ки аз ташкилоти мамнуи Ҳизби наҳзати исломӣ бармеояд, муттаҳид бошем.

Боиси хурсандист, ки имрўз мо тоҷикони муқими Ҷумҳурии Туркия бо ҳамдигарфаҳмӣ ва самимият дар хизмати Ватани худ ҳастем. Мо бояд огоҳ бошем, ки ақидаҳои ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ харобиовар ва душманонаанд. Тамоми фаъолият ва навиштаҳои наҳзатиҳо, ки дар расонаҳои хабарӣ паҳн мегарданд, танҳо бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон равона гардидаанд. Хусусан ҷавонон бояд хуб дарк кунанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре оварда наметавонад. Мо дар амал дидаем, ки дар сурати имконият ёфтан наҳзатиҳо аз ягон амали манфуру разилона худдорӣ намекунанд. Хулоса ин аст, ки мо мисли тамоми мардуми Тоҷикистон ақидаҳои террористони наҳзатиро қабул надорем ва ҷонибдори сиёсати сулҳпарвару созандаи Роҳбарияти Ватанамон ҳастем!

Анҷумани тоҷикон дар Туркия