Наҳзатиҳо – қотилони равшанфикрию озодандешї

Наҳзатиҳо – қотилони равшанфикрию озодандешї

Кулли мардуми шарифи кишварамон ва тамоми афроди аз воќеањои Тољикистони пасазистиќлолї огоњ аз бедодгарию вањшигарињо ва љинояткорию хунхорињои душманони миллат - наҳзатиҳо, ки дар зери либоси дину мазњаб ба тамоми амалњои пасту зишт даст зада, ин кирдорњои зањњоконаю ањриманонаи хешро хостори Худованд меномиданд, ба пуррагї хабардоранд. Ќатлу ѓорати одамон барои ин афроди кўрдилу тангназар солҳои љанги шаҳрвандї як амали маъмулї шуда буд ва инсон барои ин разилону бешарафшон аслан њељ арзише надошт. Он замон террористону экстремистони нањзатї шумораи зиёди  оламону донишмандон ва равшанфикрону зиёиёнро ба ќатл расонда буданд.  

Агар сухан сари љинояту љинояткорињои наҳзатиҳо равад,  њељ љойи шакку шубња нест. Зеро љиноятњои солиёни зиёд анљомдодаи онњо бешумор буда,  на танњо мардуми шарифи Тољикистон, балки тамоми сокинони минтаќаро ба ташвиш оварда буд.  Масалан, танњо дар 5 сол 45 нафар аъзои ҳизби мамнуи наҳзат љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин, аз љумла 17 нафарашон љиноятњои хусусияти террористидоштаро содир намудаанд. Ин амалњои эшон иборат аз ташкили иттињодияњои љиноятї ва иштирок дар даъватњои оммавї барои бо роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсионии кишвар ва барангехтани кинаю адовати динї, ки барои ноором сохтани вазъи сиёсї мусоидат менамоянд, мебошанд.

Аз дасти нохалафону террористони нањзатї он донишмандону олимон, рўзноманигору сиёсатмадорон ва адибону эљодкороне қатл гардида љањонро тарк кардаанд, ки на танњо дар љумњурии мо, балки берун аз марзи он шинохта шуда, обрўю нуфўзи зиёд доштанд. Нољавонмардони нањзатї дар баробари талаву торољи мардуми одию зањматкаш, олимону зиёиён ва рўзноманигорону сиёсатмадоронро ба ќатл расонида, чароѓи илму маърифатро дар кишвар хомўш карданї буданд.  Њарчанд ин амалҳои ваҳшатангезу хатарноки  намояндагони ТТЭ ЊНИ хотима ёфтаанд,  вале захми онҳо њанўз дар синаи миллат боќист.

Аз дасти ба хун олўда ва теѓи хунхоронаи террористони нањзатї Ќањрамони ИЉШС Њайдар Ќосимов, физикадон ва файласуфи шуњратёр Муњаммад Осимї, равонпизишки маъруф Минњољ Ѓуломов, љарроњи номвар Юсуф Исњоќї, адиби сењмањсул Сайф Афардї, рўзноманигори нуктасанљ Отахон Латифї, аккоси борикбин Муњиддин Олимпур, сиёсатмадори љасур Сафаралї Кенљаев ва дањњо олимону донишмандони дигар берањмона ва вањшиёна ба ќатл расонида шуданд. Ин њама ќатлу кушторњо ба таври силсилавї рўи кор омада, ба њамдигар пайвандї ва шабоњате доранд, ки нишонаи амалњои пайдарпайи террористони наҳзатї  мебошад. Анљом додани чунин амалњои вањшатангез андешаи бевоситаи роњбарияти ТТЭ ЊНИ буда, ба хотири дар муќобили њукумати ваќт шўронидани ањолї роњандозї карда шудаанд. Зеро њар яке аз ин чењрањои саршиноси кишвар дар самти фаъолияти худ ќутбнамо ва равшангари роњи ояндагон буда, сухани онон метавонист мардумро аз майдоннишинї, душманї ба якдигар, тафриќаандозї ва гурўњбозињо нигоњ дорад.

Нољавонмардони нањзатї на танњо олимону рўзноманигоронро дар шањри Душанбе њадафи тири нопоки хеш ќарор доданд, балки дар њама гўшаю канори кишвар даст ба ќатлу куштор зада, бархе аз зиёиёни манотиќи мухатлифи љумњуриро ба ќатл расониданд, ки яке аз онњо корманди њафтаномаи «Шараф»-и ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон Рўзибой Љумъаев буд. Террористону экстремистони нањзатї ба мисли Рўзибойи ќубодиёнї, ки барои пешрафти ноњияи худ ва баланд бардоштани сатњу фарњангу маърифат дар минтаќаи хеш сањми назаррас дошанд, њазорон нафари дигарро вањшиёна ба ќатл расониданд. Ин беномусони кўрдил ва вањшиёни зархарид ба тамоми амалњои баду зишт ва пасту разилона ќодир буда, агар имкон ёбанд, имрўз ҳам њар нафари огоњу бедор ва озодаю фарзонаро ба ќатл мерасонанд.   

Аќли солим хуб медонад, ки дар љомеа њар ќадар таассубу хурофоти динї афзун гардад, њамон ќадар нерўњои илмию фарњангї заиф мешаванд ва нофањмию ихтилофоти динї-мазњабї миёни халќ роиљ мегардад. Ба ин раванд роњбарияти ТТЭ ЊНИ асос гузоштанд ва аъзову  пайравони ташкилоти мазкур маљрои онро сероб карданд. Дар бунёди фазои хурофоту таассуби динї, ки батадриљ дар љомеа реша давонда, боиси даргирињои хунин гардид, наќши ТТЭ ЊНИ бармало маълум аст. Яъне, наҳзатиёни террорист тавассути ин амалњои дањшатбору нафратангези худ миллати фарњандўсту тамаддунофари тољикро дар арсаи байналмилалї, чун як миллати душмани илму дониш ва фарњангу маърифат нишон доданї шуданд.

Њамин тавр, роњбарияти фирории нањзатї дар симои Кабирї ва чанде аз мухлисонаш дар хориљи кишвар доди ватанхоњї мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоњу ноогоњи кишвар, ки дар фазои амну суботи сиёсию иљтимої зиндагї мекунанд, тухми кинаву адоват ва туѓёну исёнро мекоранд, то ба њадафњои нопоки худ бирасанд. Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехўрад ва рафтан аз ќафои онњоро ор медонад ва хуб дарк мекунад, ки кулли фирориёни нањзатї террористони хунхору ифротиёни нопок буда, душманони аслии миллат ва мењани мо мањсуб меёбанд. Чунки амалњои анљомдодаи онон аз субњи соњибистиќлолї то ба имрўз бархилофи манфиатњои миллї буда, рушди њама соњањои фаъолияти зењнию љисмонии инсонњоро мањв менамояд ва дар дилхоњ маврид бењтарин олимону рўзноманигорон ва умуман эљодкорону зиёиёнро аз байн мебарад.