Хурофотӣ чӣ донад кори дунё? (дар заминаи «Табрикнома-талабнома»-и М. Садриддин)

Хурофотӣ чӣ донад кори дунё? (дар заминаи «Табрикнома-талабнома»-и М. Садриддин)

Хурофотї чї донад кори дунё?

(дар заминаи «Табрикнома-талабнома»-и М. Садриддин)

 

     Бањси њамешагии М. Садриддин, ки пайваста аз дигарон талаб мекунаду њатто шунидан намехоњад, ки дигарон аз ў талаб намоянд, сатру њиљоб, масљиду намоз аст. Тамоми матолибе, ки интишор медињад, ба ин ва ё он ваљњ ба ин ду масъалаи асосї – њиљобу масљид бастагї доранд. Фаразан, дар бораи масъалањои дигар, мисли ришваситонї, фасоди молї њам бањс кунад, њатман имону динро мисол мезанад, то имондорї ва риёкориашро ба намоиш гузорад. Чаро чунин аст? Љавоб бисёр одист. М. Садриддин як марди мутаассиби мазњабист, ки берун аз мазњаб (ва он њам мазњаби олудаву фурўрафта дар хурофоту таассуби амиќ) дунё ва инсонро тасаввур намекунад. Дигар ин ки алайњи душманонаш бештар тамѓањои беимон, бедин, аз дин дур, исломситез, сатрбадбин, масљидбезор ва амсоли инњоро бебаркаш мезанад. Њатто тасаввур кардан намехоњад, ки дар дунё ба ѓайр аз ислом, масљид, намозу рўза, имону сатр, њиљобу риёкории динї њазорон мушкилу масъалањо вуљуд доранд, ки заруртару муњимтаранд. Гўиё дунё дар мењвари њамин масоили кучак чарх мезада бошад ва шоир муносиби њоли М. Садриддин фармудае дорад:

    Хурофотї чї донад кори дунё?

                                    Ки донад љўйро њамсони дарё.

        Бо њиљобу сатр кардан, њамарўза намоз хондану рўза доштан, тасбењ ба дасту аммома ба сар гирифтан, масљидро хона кардан чї масъала њал мешавад.

       Оё М. Садриддин боре фикр кардааст, ки дар ќаламрави љумњурии Тољикистон аз мактабу муассисањои фарњангї дида, масљиду намозгоњњо њазорон маротиба зиёдтаранд, намозхону ибодаткорон ба миллион нафар расидаанд, аммо як зарра мусулмонї нест. М. Садриддин њангоми дар Тољикистон будан хуб мединист, ки намозњои љумъа чї гуна серодаму серталотум буд ва имрўз њам омадурафти мардумро ба масољид дида, одами берун њайратзада мешавад. Ин ќадар намозхони зиёд (ва даќиќтараш, мусалмони зиёд), аммо њељ падидаи мусалмоние ба мушоњида намерасад. Яъне ин армияи намозхонон, ки миллионњоро ташкил медињанд, њозир нест ба нафаре кумак намоянд, њатто нафарони нодор ва фаќире, ки назди масољид истода, интизори хайри намозгузорон мешаванд, аз хайру саховати ањли бизнесе, ки дар сари њар як њарфу суњбат калимаи «алњамдулиллоњ»-ро мутаккабирона бар забон меоваранд, бебањра мемонанд. Ин њам яќин аст, ки бар асари љањолатписандї ва вопасгаройии М. Садриддинњо барин воъизини исломї насли љавони љомеаи тољикї дар дањ-понздањ соли охир чунон мазњабзада ва мутаассиб шудааст, ки дар радди ин пофишорї кардан бемаънист. Ва ин њам маълум аст, ки мусалмонии аксарияти кулли армияи намозхонони мо барои риё, на аз барои Худо намоз мегузоранд ва намозгузорию имондории худро риёкорона намоиш медињанд. Акнун бубинед, ки барои ањли дин ва таќво дар Тољикистон тамоми шароити ибодї муњайё шудааст, ин њам басанда накарда, як гурўњи мутаассиби мазњабї гурўњњои озодандеш ва тараққипарвари ҷомеаро мавриди тањќир ва тавњин ќарор медињанд. Бо ин њама М. Садриддин дар номаи «табрикї»-и худ ба Раиси шањр аз манъи сатру њиљоб ва масљиду маобиди исломї сухан ба миён меоварад ва ўро ба «адолат» даъват менамояд. Чї адолате? Адолате, ки бар пояи хурофоту таассуби динї устувор шудааст ва ќудрат додани ањли таассубу љањолатро дар худ инсиљом бахшидааст.

       Бешармона гуфтани ин ки Сарвари давлат  масољидро бастааст, гапи нави М. Садриддин нест, њамеша аз ин навъи иттињом кор мегирад. Охир, дар Тољикистон аз дигар муассисањо дида, масљиду намозгоњ зиёд аст. Боз чї мехоњед? Хостгоњи ин тоифа чизи дигар аст: Онњо тавассути масљиду сатр ба эњсоси динї-мазњабии мардуми мусалмон нохун мезананд ва ба шўр меоваранд, то авзоъро муташанниљ сохта, амниятро барњам зананд. Аз бохтан дар баробари сиёсати давлатї, ки сирф дунявї ва миллї аст, ин тоифа ба хашм омадааст  ва хашми худро сари рањбарияти давлат фурў мерезад.

       «Насихатнома»-и М. Садриддин аз чанд муддаои нањзатї таркиб ёфтаасту халос. Аммо, он чи ки дар ќолаби «талабот» манзур кардааст, ба худи М. Садриддин ва гурўњњои ба ў наздик сидќ мекунад. Тасаввур кунед, агар М. Садриддин дар раъси давлатдорї мебуд, чї мусибатњое ба сари ин миллат меовард. Бо намозхонї, масљидсозї ва динмадорї миллат ба марњилаи бедорї мерасад? Дар сад соли дигар намерасад. Таърих собит сохтааст, ки халќи тољик дар њазору чањорсад соли салтанати динї-мазњабї хушбахт набуд, баръакс, бо бадбахтињо ва мусибатњои паёпай мувољењ шуда, асолати миллиро бохта буд. Агарчи давлати Сомониён дар кўтоњмуддат тавонист рўњи миллиро бар рўњи аљнабї тарљењ намуда буд, бо тарњрезии ихтилофоти мазњабї ва рўйи кор омадани њокимони мазњабзада ва хурофотї аз миён бардошта шуд ва љойро ба давлатњои аљнабї дод. Имрўз њам, гурўњњои мухолифи берун, ки М. Садриддин дар он фењрист ќарор дорад, њамон њадафи собиќро – сабзонидани тафаккури мазњабї ва љойгузин кардани он дар зењну шуури миллї дунбол мекунанд ва дар ин замина, бо сармоягузорињои хориљї барномарезињо менамоянд. Бинобар ин, дар шароити имрўзї пеши роњи ин гурўњњои мазњабзада ва хурофотиро танњо системаи давлатдории дунявї бо такя ба афроди огоњи миллї саришта карда метавонад.  

        

Фаридун Ориёї,

таҳлилгар

          21 декабри соли 2018