Терроризм – падидаи хатарноки олами муосир

Терроризм – падидаи хатарноки олами муосир

Имрӯз хатарҳое ба инсоният таҳдид мекунанд, ки на аз беморӣ ва ё шароити носозгори табиат, балки аз андешаи носолим, эътиқоду андешаи тундгароёна ва ё инсонбадбинона ба вуҷуд омадаанд.

Дар замони кунунӣ терроризми динӣ новобаста аз он ки ба Ислом такя мекунад ва ё ба динҳои насронӣ ва ё буддоӣ хатари ҷиддӣ дорад. Хатари асосӣ дар он аст, ки инсон пеш аз он ки террорист гардад, бо ақидаҳои ифротгароӣ ва инсонбадбинӣ мағзшӯӣ мегардад. Яъне инсонро ва ба хусус ҷавонони соддалавҳро бовар мекунонанд, ки куштани инсон кори хуб барои дин ва эътиқод аст. Ин падида танҳо дар Ислом нест. ҳаракатҳои динии яҳудӣ ҳам ҳастанд, ки таълимоти онҳо куштани мусулмонони Фаластинро кори савоб мешуморад. Онҳо ақида доранд, ки мардуми ғайри яҳудӣ бӯзинаест дар намуди одамӣ ва агар ӯро кушанд на одамро, балки маймунро куштаанд. Мутаассифона, чунин андешаҳои инсонбадбинона байни тарғиботчиёни мусулмон низ ҳаст, ки ба обрӯи дини мубини Ислом рахнаи сахт мезанад. Тундгароии сахт шахси мағзи сараш шусташударо водор мекунад, ки дар симои мусулмонон на бародарони динӣ, балки душмани худро бинад. Агар салафӣ бошад, пайрави дигар мазҳабро, агар шиа бошад, суннимазҳабро бад мебинад ва омода мешавад, ки даст ба силоҳ барад ва ё ҳатто худро тарконад ва бо ҳамин гумон мекунад, ки шаҳид мегардад. Аммо ҳайҳот, мусулмон мусулмони дигарро тарконад, ба қатл расонад, рӯи биҳиштро намебинад. Аз ин амал танҳо коргардонҳои пасипардагиашон манфиат мебинанд. Барои онҳо чӣ фарқ дорад, ки ту пайрави кистӣ ва ё чӣ мехоҳӣ! Ба ӯ муҳим аст, ки ту амали террорисӣ кунӣ ва аз ин кирдорат вай фоида ба даст орад.

Беҳтарин роҳи муқовимат бо терроризм ва ба хусус, динӣ фаҳмидани ҳақиқат аст. Онро танҳо бо хондан ва омӯзиши асили асосҳои дин ба даст овардан мумкин аст.