Чаро инқадар ту одами пастӣ.

Ба номардон ту, ки паймон бубастӣ

Ту шарм аз гуфтаҳои худ надорӣ,

Ту номардиву ноҳақ нокас ҳастӣ.

 

Бихонандат ҳама нокас ба дунё,

На дори заррае ту шарму ҳаё.

 

Намедонам ту худчӣ меҳисобӣ,

Намедони ба гӯши фил хобӣ.

Касифи нобарори нобасомон,

Ба хориҷ рафта дар ҳоли харобӣ.

 

Бихонандат ҳама нокас бадунё,

Надори заррае ту шарму ҳаё.

 

Надори заррае шарму ҳаё ту.

Шудасти дар ба дар пасту гадо ту

Бубин расми худат дар рӯи ойна,

Ту бенуриву бе рангу риё ту.

 

Бихонандат ҳама нокас ба дунё,

Надори заррае ту шарму ҳаё.

 

Ту шармандаи руи замини.

Бимирӣ беҳтараст з-ин зиндагонӣ,

Агар ту шири одам хурда бошӣ,

Бигу падруди ин дунёи фонӣ.

 

Бихонандат ҳама нокас ба дунё,

Надори заррае ту шарму ҳаё..

 

Шамси Қамар