Террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

                                                                     Террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Суханронии чор тан аз роҳбарон ва ҳамаслакони ТЭТ ҲНИТ дар конфронси САҲА: М. Кабирӣ – роҳбари ТЭТ ҲНИТ дар мавзӯи “Амалкардӣ мақомоти Тоҷикистон омили рушди терроризм аст”, Ш. Гадоев – ҳамоҳангкунандаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон “Кишварҳои ғарбӣ бояд дар бораи маблағгузории институтҳои демократӣ бияндешанд”, И. Ёқубов – роҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ “Агар ҳукумат ба ташкилоти байналмилалӣ таҳдид мекунад, пас вазъи институтҳо дар дохили кишвар чӣ гуна аст?”, А. Шерзамонов – дабири Анҷумани озодандешони тоҷик “Бидуни рӯйхати Магнитский ба беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон умед бастан нашояд” баромад намуда аз фаъолияти худ дифоъ ва ба танқиди вазъи ҳуқуқӣ ва адолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтанд. Бо чунин амалҳои сиёҳкоронаи худ мехоҳанд Тоҷикистонро дар чашми созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба сифати давлате, ки дар он арзишҳои ҳуқуқи инсон эҳтиром, риоя ва ҳифз на мешавад инъикос намоянд. Ин чаҳор  гуруҳ, агарчи фаъолияти худро мустақил мешуморанд, вале дар асл ҳама зери чатри наҳзат фаъолият дошта, гуё бо ҳам эътилоф намуданд. Ҳарчанд эътилофи онҳо, дурустараш – “Паймони хоинони наҳзатӣ” заррае наметавонад ба сиёсати имрузаи кишвари мо таъсире расонад.  Аз нуқтаи назари баргузории конфронси САҲА дар Варшава ҳама метавонад ширкат ва суханронӣ кунад. Аз он ба сифати минбари калидии сиёсӣ ном бурдан ғайри қобили қабул аст. Аз ҷониби дигар, САҲА ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ дар бозиҳои геополитикӣ бевосита ё бавосита шарик аст ва дар пайи минбар додани раҳбарияти наҳзатӣ манофеи худро меҷўяд.

Мардуми тоҷик муддати солҳои зиёд дар хонаи худ морбача калон кард ва қисман онро хӯронд. Пӯшонд. Ба воя расонд. Нозу эркагиашро таҳаммул кард. Гарчанде хуб медонист ва медонад, ки ин ҳизб аз куҷо сармоя мегирад. Аз кадом давлатҳо. Аз кадом созмонҳо. Аъзоён ва аҳли хонаводаашон барои сайру тамошо бурда мешаванд. Дар куҷоҳо ва бо кадом шева пазироӣ мебинанд. Кадом сафоратҳо ва дар куҷоҳо ба онҳо пулу пайса медиҳанд. Дар кадом дармонгоҳҳои хориҷӣ асбоби роҳату маишаташонро омода месозанд. Дар кадом конфронсҳо ва бо пули кадом давлатҳо ширкат мекунанд. Чӣ гуна ба онҳо дастур медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд то чӣ гӯянду чӣ кор кунанд.

Ва бо вуҷуди ин ҳама таҳаммулаш мекард. Ки шояд рӯзе ба қадри ин ҳама гузаштанҳою некиҳо мерасад. Аз кардаҳо пушаймон мешаваду аз роҳи пешгирифта бармегардад. Вале ҳайҳот, ки:

                                      Гургзода оқибат гург шавад,
                                      Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Ин морбача ҳеҷ худӣ нашуд. Ғулому дастнигари бегонагон буду боқӣ монд. Садоқату вафодориашро бар ғайр аз қалби сиёҳу тиннати пургуноҳаш берун накард. Боз хиёнат кард. Боз дасти таарруз ҷониби Истиқлолияти давлати миллӣ ва миллати сарафрози худ ёзонид. Бори дигар хиёнат, худфурӯши карду боз шарманда шуд. Ба мақсади кассифаш нарасид. Зимни кушиши амалҳои бадхоҳонаашон  нерӯи қавии ватанпарастонаи фарзандони содиқи ватан собит карданд, ки ин кишвар бесоҳиб нест. Ва ҳар гумоштаю зархариде дигар наметавонад ҳадафҳои душманони миллати ин сарзамини муқаддасро пиёда созад.

Албатта, доғи ин амалҳо мемонад. Дар қалбҳо, дар ёдҳо, дар саҳифаҳои таърих. Бигзарад ин рӯзи сахту монад он рӯи сиёҳ. Мо як дафъа шоҳиди чунин сиёҳкориҳои ғайринсонӣ будем ва бо чашми худ дидем. Фоҷиаи 4-уми сентябрӣ, аксари садои хиёнатҳо, хунрезиҳо, амалҳои террористонаи солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Дар саргаҳи ин амали ҷинояткорона боз ҳам террористони ТЭТ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қарор доранд.

Ин ҳама харҷҳо аз ҳисоби кист?. Довару ифшокунандаи ҳама асрори нуҳуфта, ҳаводис, нақшаю ниятҳо вақт буду ҳаст. Танҳо шоҳиди асосӣ инсон аст. Фарзияю тахминҳо ҷузъиётеро даври масъалаҳои норӯшан барои умум боз мекушоянд, вале вақт бо далелҳои муътамад, муқоисаю ёдовариҳо мушкилтарин муаммо ва махфитарин амалҳоро аз пушти пардаи ноаён берун мекашад. Чуноне, ки ҳодисаи зикргардида ба саволҳои зиёде дар хусуси сабру таҳаммули Муҳиддин Кабирӣ, алоқаҳои наздики дирӯзаю имрӯзаи ӯ, сабаби рафтанаш ба хориҷи кишвар, ҳушдорҳояш оид ба эҳтимолияти ба пинҳонкорӣ гузаштани ҳизбаш, вохӯриҳои ӯ бо пешвоёну фаъолони наҳзат берун аз хоки ҷумҳурӣ ва монанди инҳо посух дод.

Воқеаҳои охир баръало нишон доданд, ки рафтору кирдору гуфтори Муҳиддин Кабирӣ аз худи ӯ вобастагие надоранд. Балки сабру таҳаммули танҳо интизорист. Бо дастури роҳнамоёнаш ҳамеша пайт меҷуст. Мисоли махлуқи ҳушёре, ки камиогирифтаю лаҳзаи мувофиқро барои ҳамла ба сайдаш мунтазир мешавад.

Фошкориҳои Wikileaks ба ёд меоянд, ки дар соли 2013, мукотиботи Сафири вақти ИМА дар Тоҷикистон Ричард Хоуглендро бо роҳбаронаш нашр карда буд. Номбурда дар номаҳояш ба Кабирӣ лақаби “Раҳбари мунтазир” (Chairman-in-waitinq)-ро дода буд. Ҳоло воқеият мувофиқати ин лақабро собит месозад. Кабирӣ ҳамеша мунтазир буду ҳаст. Мунтазири амр, дастуре, ки барояш медиҳанд. Мунтазири фармон аз кишваре, ки бозораш хариданд. Мунтазири фармони кишваре, ки барои шахсӣ кардани муассисаи сохтмонӣ ва базаи он, пулаш дод. Мунтазири фармони кишваре, ки барои харидани мағоза, мошини  PRADO, бинои маркази ҲНИТ дар кӯчаи Борбад-1-и шаҳри Душанбе, 15 офиси бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, харидани чор корпуси беморхонаи касалиҳои сирояткунанда, муҳимтараш аз ҳама, барои маоши 80 корманди дастгоҳи марказии ҲНИТ, 200 корманди бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру вилоят ва ноҳияҳо, барои нашри рӯзномаи “Наҷот”, гузаронидани вохӯриҳо бо ҷавонон, занҳо, шоиру нависандагон ва ҳунармандон тибқи барномаи махсуси ҳамон кишвар ва ғайраву ғайра маблағаш дод.

Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад.

Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандози намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад.