СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ҶОЙИ ТАБЛИҒИ АНДЕШАҲОИ НОСОЛИМ ВА МАҒЗТИРАКУНАНДАИ НАҲЗАТИҲО НЕСТ!

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ҶОЙИ ТАБЛИҒИ АНДЕШАҲОИ НОСОЛИМ ВА МАҒЗТИРАКУНАНДАИ НАҲЗАТИҲО НЕСТ!

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ҶОЙИ ТАБЛИҒИ АНДЕШАҲОИ НОСОЛИМ ВА МАҒЗТИРАКУНАНДАИ НАҲЗАТИҲО НЕСТ!

Онҳое, ки дар пайи манфиатҳои инфиродӣ бо амалҳои номатлубу ғайриинсонӣ ва пиёда сохтани нақшаҳои ғаразнок ва палидонаи гурӯҳи манфиатхоҳ камар мебанданд, ба ҳеҷ вақт ба мурод нарасида, пайваста дар доми фиреб қарор қарор хоҳанд гирифт.

Дар доираи мантиқи болозикр мо ашхосеро дар назар дорем, ки имрӯзҳо ба паҳн намудани иттилоот ва таблиғи андешаҳои носолиму ғайриқобили қабул, чи аз нуқтаи назари талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва чи аз нуқтаи эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ машғул шуда, хома ба даст мегиранд.  

Ба андешаи мо, сомонаҳои интернетӣ ҷойгаҳи мубодилаи иттилооти солим ва барои ҷамъият манфиатовар маҳсуб шуда, дар ташаккули малакаю маҳорат ва ғизои маънавӣ гирифтани ақшори мухталифи ҷомеа нақши бориз мебозанд. Мутаассифона, имрӯзҳо аз ҷониби  баъзе аз афроди кӯтоҳандеш, ки арзишҳои давлату давлатдориро ба як ҷав намехаранд, дар сомонаҳо мақолаҳои пурбӯҳтон интишор меёбанд. Бо ин амали худ эшон бори дигар собит месозанд, ки онҳо ғуломони хоҷагони зархарид буда, мехоҳанд дар ҳавои мусиқии онҳо рақс намоянд.

Далели ин нукотро метавон ҳамарӯза бараъло дар сомонаҳои иҷтимоӣ, бахусус, дар фейсбук дар навиштаҳои пайравони ақоиди носолими Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом, ки худро созмондиҳандагони Паймони миллии Тоҷикистон эълон намудаанд, мушоҳида кард. Дар интишори мақолаҳо ва видеонаворҳову муҳокимаҳо ба назар мерасад, ки эшон то кунун аз пайомадҳои нохуши ҷанги бародаркуши таҳмилӣ сабқ нагирифтаанд. Таблиғгарони чунин ақидаҳо, касоне ҳастанд, ки манфиатҳои миллату давлат, якпорчагии сарзамин Тоҷикистон, ваҳдату оромӣ ва пешрафту тараққиёт, беҳбудии шароити зиндагии аҳолии мамлакатро бар ивази маблағи ночиз ва манфиати шахсӣ нодида мегиранд.

Бо чунин мақолаҳои хомдалел ва видеонаворҳои сохта мехоҳанд ба саъми аҳолӣ ақидаҳои пучу холӣ ва ғаразнокро нисбат ба давлату ҳукумат расонад ва ба василаи ин бозиҳои пасипардагӣ ғаразҳои нопоки худ ва хоҷагонашонро дар амал пиёда намоянд.

Ман, ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба пайравон ва паҳнкунандагони ақидаҳои пасту разилонаи наҳзатиён бо хитоб мегӯям, ки ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ ба шарҳу эзоҳи ғайрихолисонаи Шумо ва “имом”-ҳои шумо надорад. Сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойи таблиғи мафкураи тангу разилонаи Шумо нест.

Ба андешаи мо, сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойи андешаи солим, таблиғи пешравии ҷаҳони муосир, донишҳои замони нав, муаррифии техника ва технологияи муосир, методҳо гуногуни соҳавии санҷидашуда, таҳқиқот ва ихтирооту навовариҳои илмӣ, нишон додани дастовардҳо, пешрафти Ватан ва кишварҳои мутараққӣ, тарғиби интихоби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон некбин буда, пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ менамоем ва баҳри дар амал татбиқ шудани ғояҳои созанда нерӯву тавони худро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар менамоем.

 

Нест бод, терроризму ифротгароӣ, нест бод бегонапарастӣ

 ва хоинӣ ба миллат!

Нест бод, хоинони миллат!

Поянда бод, Истиқлолият, Ваҳдат,  Тоҷикистони азиз!

Зинда бод, Пешвои муаззами миллат!