Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср

Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср

Шоми рӯзи 18 октябри соли равон дар толори конфронси “Маркази тадқиқоти байналмилалии шаҳри Қоҳира” вохурии  Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди забони форсӣ-тоҷикии факултети адабиётшиносии Донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ бо аъзоёни Ҷамъияти тоҷикони Миср доир гардид.


Бояд тазаккур дод, ки ташрифи С. Абдулқодирзода ба шаҳри Қоҳира бо даъвати Дабирхонаи муфтиёти Миср барои ширкат дар Конференсияи “Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ”, ки аз 16 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, сурат гирифт.

Дар рафти ин вохурӣ теъдоди зиёди тоҷикони муқими Миср ширкат дошта, кушодашавии ҷаласа бо сароидани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас сухангуи Ҷамъияти тоҷикони Миср Муҳаммадамини Абдулҳамид, меҳмонони ҷаласаро муаррифӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи аҳамият ва зарурияти танзими вохурӣ, суханронӣ кард.

Дар оғози мулоқот, аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, инчунин филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд.

С. Абдулқодирзода дар аввали суханронии худ таъкид намуд, ки Миср, кишвари Азҳари шариф, сарзамини илму маърифат ва соҳиби тамаддуни қадима буда, аз мактаби илму маърифати он бузургтарин олимону нависандагон, орифону фозилон ва мутаффакирони зиёде бархостаанд, ки дар пешрафти соҳаи илму маърифат хидматҳои арзишмандеро аз худ боқӣ гузоштаанд.

У дар давоми суханронӣ, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар баробари фаъолияти кории худ дар хориҷи кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нақши тоҷикони бурунмарзиро дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба саффи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва равияи Салафия таъкид намуд.

С. Абдулқодирзода аз талошу муборизаи кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ ёдовар гардида, хотирасон намуд, ки ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд. Талоши душманони миллат, ин эҷоди ихтилофу фитна дар миёни мардум буда, аз байн бурдани амну субот, парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мебошад.

С. Абдулқодирзода ба ҳозирин таъкид намуд, ки ташкилоти террористю экстремистии ҲНИ шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслими” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон буда, чун ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ ба амнияту суботи Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва олами Ислом хатаровар аст.  

Дар интиҳои суханони худ С. Абдулқодирзода барои ширкаткунандагон бори дигар таъкид намуд, ки таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар боиси нигаронӣ гардидааст. Зеро яке аз омилҳои асосии ҷалб ва шомил шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба таълими ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Таҷрибаи солҳои ахир нишон дод, ки ба сабаби беназоратии бархе аз муассисаҳои таълимӣ сабаби гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна мазҳабу равишҳои барои ҷомеаи тоҷикон бегона гардиданд. Ӯ барои гуфтаҳои хеш аз нафароне, ки дар шаҳрҳои Қуму Мозандорони Эрон таҳсил намуда, имрӯзҳо аз мазҳаби аҳли ташаюъ пайравӣ менамоянд, мисол овард.

Ҳамчунин Саидмукаррам Абдулқодирзода  барои ҳозирин ёдовар гардид, ки дар Донишгоҳи исломӣ факултетҳои зиёде фаъолият доранд ва онҳо метавонанд аз таҳсили ғайрирасмӣ даст кашида, дар якҷоягӣ бо тамоми фарзандоношон ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, идомаи таҳсили илми шариатӣ кунанд.

Дар навбати худ, профессори Донишгоҳи Айни Шамс ва эроншинос Аҳмад Сомӣ барои даъват ба Ҷамъияти тоҷикони Миср изҳори сипос намуда, дар бораи таърихи сиёҳи робитаи кишвари “охундҳо” ва ТТЭ “ҲНИ” шарҳи муфассал дод.

А. Сомӣ ба ҳозирин таъкид намуд, ки дахолатҳои хориҷӣ сабаби асосии коштани тухми созмонҳои террористӣ гардида, натиҷаи рушду афзоиши он сабаби бар ҳам задани нооромию бетартибӣ дар кишварҳо мегардад. Перомуни хоҷагони хориҷии асосии ТТЭ ҲНИ таъкид намуд, ки Ҳизб аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон таъсис ва маблағгузорӣ мегардад. Теҳрон аз пешрафти технологияи худ истифода намуда, бо созмонҳои гуногун бо вуҷуди ихтилофҳои идеологии онҳо забон як месозад. Дар амалисозии нақшаҳои худ аз марказҳои пажуҳишии давлатӣ ва хусусӣ истифода намуда, беҳтарин роҳҳои расидан ба ҳадафро интихоб мекунад. Аз ҷумла, Маркази тадқиқотии Осиёи Миёна ва Қафқоз аз зумраи чунин марказҳо ба шумор меравад. Маркази номбурда кишварҳоро ба чанд қитъаи географӣ тақсимбандӣ намуда, вуҷуди худро дар он ҳамчун “соҳибқарор” ва шарики стратегӣ баҳри барқарор намудани рушду суботи инҳо муаррифӣ менамояд. Теҳрон аз вазъияти вазнини иқтисодию сиёсию амниятии кишварҳо суистифода менамояд, ки ин ҳолат барои амалӣ сохтани нақшаҳои дар гузашта таҳрезишудаи он, шароити мусоид фароҳам меорад.

А. Сомӣ изҳор дошт, ки баъд аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Эрон шароити муносиб фароҳам овард. Теҳрон дар оғози амалисозии нақшаҳои хеш, ба мардуми тоҷик наздикӣ ва ҳамонандии мазҳаби шиа ва сунниро талаққӣ менамуд, ки аз ин гуфтаҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ фиребхурда, зарурати қабули мазҳаби шиаро барои худ лозим донистанд. Зеро, “гӯё” тибқи гуфтаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиа мазҳаби “ҳақ” мебошад.  Бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ ин рафтори худро бо гуфтаҳои роҳбари ҳизб М. Кабирӣ тақвият мебахшанд, ки дар он М. Кабирӣ фаъолияти ҳизбро ҷузъи фаъолиятҳои “Ҷунбиши байналмилалии бедории исломӣ” мепиндорад. Ӯ таъкид намуд, ки Ҳукумати “охундҳо” ҳеҷ гоҳ аз ҳадафу мароми хеш пас нахоҳанд гашт, аз ин рӯ бояд дар асно ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем.

Дар хотима, Раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдураҳмон Оқилзода, барои ташрифи меҳмонони олиқадр ва муҳтавои пурмазмуни онҳо дар ин нишаст сипосу қадрдонии хешро изҳор намуд. Ҳамчунин, у дар бораи вазифаҳои дар пешистодаи ҷамъият ва саҳму кушишҳо дар пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ суханронӣ кард. У илова намуд, ки филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва амали ҷавонмардонаи Сатторов Аёмиддин, ки солҳо дар сафи ТТЭ ҲНИ қарор дошта ба ҳаёти осоишта баргашт, беҳтарин намунаи инсоният буда, ноҳақ ва ботил будани идеологияи ТТЭ ҲНИ ва сарпарасти молиявию маънавии онро бори дигар ошкор сохт. У таъкид намуд, бояд рафтори ҷавонмардонаи Сатторов Аёмиддин ба аъзоёни боқимондаи ТТЭ ҲНИ намунаи ибрат буда, ботил будани фикри наҳзатиро эътироф ва худро бозичаи дасти манфиатҷуёни ин ташкилоти террористӣ накунанд. Ҳамчунин, А. Оқилзода дар бораи пайомадҳои ҷанг дар кишварҳои Ховари миёна ва вазъияти имрузаи шаҳрвандони он, ки қисме ҳалок ва қисми дигаре дар кишварҳои хориҷа гурезаву дарбадар гаштаанд, ёдовар шуда, аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал овард, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид шуда, дар кишварҳои иқомат нагузорем, ки душманони миллат ватани азизу гулгулшукуфои моро ноором кунанд.

 

Ҷамъияти тоҷикони Миср,

Қоҳира, 18 октябри 2018