Шабаҳе болои Бадахшон пар мезанад, аммо чаро касе ӯро намебинад?

Шабаҳе болои Бадахшон пар мезанад, аммо чаро касе ӯро намебинад?

  1. ГУРГОШТӢ

Ҳақиқатҳое, ки аксарият медонанд, вале бо ду даст чашмони худро мепӯшанд, ки набинанду насӯзанд. Дар тамоми даврони Истиқлол дар Помир дуҳокимиятӣ вуҷуд дошт. Яке - ҳукумат ва дигаре - намояндагони мухолифат. Шахсҳо иваз мешуданд, масоҳат ва марзи нуфузи тарафҳо кӯчаку бузург мегашт. Гоҳо ба ҳам метохтанд, гоҳе ба ҳам месохтанд. Номҳои тарафи ҳукумат ёдам нест. Ба ҷуз доктор Шодихон Ҷамшедов, ки парерӯз омад ва дирӯз рафт. Аммо номи "ҳокимони кӯча" дар хотирам нақш бастааст: Алёш Горбун (Абдуламон Айёмбеков), Маҷнун Паллаев, Имомназар Имомназаров, Холбаш Холбашов...

Ин ном ва ин беномӣ беҳтарин гувоҳномаи он аст, ки нуфузи кадом тараф бештар буд. Ҳамин ҳолат то тобистони гарми 2012 идома дошт.

 

  1. СУБҲОНА - 1 

Рӯзе дар маркази Маскав будам, ки занги телефон шуд. Садои ношиносе: 
- Аз Душанбе омадам. Мехоҳам бо шумо таъҷилан вохӯрам. 
Азбаски то мулоқоти дигар коре надоштам, ба ношинос унвони яке аз тарабхонаҳои Маскавро гуфтам. Баъди чанде ношинос вориди ресторан шуд ва худро шинос кард: - Умаралӣ Қувватов. 

Мухтасари сӯҳбат чунин буд: "Аз ноадолатиҳо хаста шудам. Тиҷоратамро гирифтанд. Як барномаи шуморо аз телевизион ҳамроҳи домоди президент - Шамсулло тамошо кардам. Ҳамон вақт дар дилам орзуи мубориза пайдо шуд". Ба ҳар нафари ноошное, ки наздам меомад ва даъвои мубориза мекард, ҳамеша як пешниҳод мекардам:
- Агар хохед, ки мардум ба шумо бовар кунанд, ошкоро мақсадатон ва мавқеъатонро баён кунед. Ё аз телевизион ва ё аз матбуот. Дар вохӯрии дигар Қувватов гуфт, бо Имомназар Имомназаров вохӯрдааст ва розигии ӯро низ барои "инқилоб" ба даст овардааст. Росташ бовар накардам, гарчанде ситораи Умаралӣ бароям гарм ва суханонаш самимӣ метофтанд, зеро аз ҳар як "мухолифи нав" афсона зиёд шунидаам. 

... Тобистони гарми соли 2012 бо дӯстонам дар лаби баҳре истироҳат доштем ва хеле хуш мегузашт. Баъди ду ё се рӯз паи ҳам чанд бародарони бадахшониям занг заданд: 

-Дар Бадахшон вазъ хароб аст. Зуд бояд биёӣ. Барои мо дастгирии матбуот ва аз тариқи Маскав фишор ба ҳукумат зарур аст. 
Бо нахустин самолёт ба Маскав омадам. Он қадар шитобзада будам, намедонам соати 5, 6, ё 7- саҳар буд, бо Алим Шерзамонов ва Иқболшо Муборакшоев, ки аз Бадахшон омада буданд, дар ресторани "Шербет" мулоқот таъин кардам. Дар ҳамин сӯҳбат дарёфтам, ки онҳоро ба Маскав Имомназар барои дастгирии Умаралӣ Қувватов фиристодааст.

Як лаҳза аз он дидори бомдодӣ сахт дар ёдам нақш бастааст. Аз нақли меҳмонон дарёфтам, ки дақиқан Умаралӣ бо як рус (шояд Николай Николаев) ба назди Имомназар меоянд ва мегӯянд, ки мо 5 миллион доллар медиҳем, мардуми Помирро тарафдори мо кунед. Халифаи шодравон мегӯяд: "ба ман пулатон лозим нест. Агар мақсади нек дошта бошед, ман бе ягон подош кӯмак мекунам". 
Ҳангоме, ки Имомназари шодравон Алим ва Юраро (Муборакшоевро ҳама чунин ном мебурданд) ба Маскав мегуселонад, таъкид мекунад:

- Аз Умаралӣ ба ҷуз пули иҷора ва ғизо ягон тини иловагӣ нагиред!

Эътироф менамоям: дар он рӯзҳо даҳҳо мусоҳибаҳо дар телевизион ва рӯзномаҳои бонуфуз ташкил кардам, чандин мақолаю гузоришҳо навиштам, коршиносон, журналистон ва сиёсатмадорони дигарро ҷалб намудам. 

Аммо як суол ҳамеша оромам намегузошт: ин як бозии калон аст ё намоишнома? Муҳим бароям дар он шабурӯз наҷоти мардуми бегуноҳ аз хунрезӣ буд. 

Ёд аз он субҳона чарост? Ин камонро дар девор меовезам, пасон он тир хоҳад андохт.

 

  1. ТИРАМОҲ - НА БА МАЪНОИ ПОИЗ 

Як моҳ аст, ки офтоб дар Бадахшон гирифтааст. Ҳама интизори рӯшаниянд. Ҳатто кӯршапаракҳо аз Бадахшон мегӯянд. "Кормандони амният мустақиман аз Бадахшон ба мо хабар медиҳанд". Оваҳ, чӣ нуфузе, чӣ инсайдере, чӣ ҳангомае! Дигаре аз номи тамоми бадахшониён ҳарф мезанад. Магар Варшава ҷодаи наздиктарини Шошхоруғ аст? 

"Бадахшон!" мегӯяд рӯбоҳ, шағол, маймун... Ман ба зопарк ворид шавам, ҳамеша хомӯшам. Вовайло, во ҳасрато, ки забони ҳайвонотро намефаҳмам. Ҳамин аст сабаби сукутам, ваҷҳи хомӯшиям. 

Ба он номаи дод ё имдод, ки дар фазои маҷозӣ аз номи бадахшониён давр мезанад низ имзо накардам. Нахуст он соддалавҳона аст, сипас ман номаҳои дастҷамъиро дӯст надорам. Матни Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ мисли номаш дурудароз ва шиорафкании хушку холист. Мисли ҳамон нома( петитсия), ки оппозитсияи исломӣ паҳн кард ва номаш ниход: Роҳандозии кампини ҳимоят аз Бадахшон бо хештеги Бадахшон ва ОБСЕ - ро ба доварӣ хонд. Чи масхарабозие ...

 

  1. УЛТИМАТУМ 

Ҳанӯз то омадани президент ба Помир шунида будам, ки ҳукумат дар он вилоят дар дасти "қумондонҳо", "наркобаронҳо", "авторитетҳо", "оппозитсия", "ҷинояткорон" (ҳар кас аз рӯи муҳаббат ё нафраташ номгузорӣ мекард) буд. Касе пишаки онҳоро на танҳо пишт намегуфт, балки навозиш мекард ва калбасаю панир армуғон меовард. Давлат ба онҳо мансаб медод, аз бонкҳо қарз медод, ки чун ришва пазируфта мешуд. Онҳо ба милиса ва ГАИ итоат намекарданд, бо яроқ мегаштанд. Ҳатто овоза буд ё не, яке аз онҳо - Толиб Аёмбеков гӯё раиси собиқи вилоятро муштборон кардааст. Ончуноне Ҳабиб Макгрегорро. 

Аз сафарномаи президент: 

«Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин карда наметавонед? Агар наметавонед, пас дар курсӣ нишастан даркор нест! Ман ягон талаби зиёдатӣ надорам. Намегузорам, ки ягон корманди давлатӣ қонуншиканӣ кунад. Шумо ё дурӯягӣ мекунед ё вобаста шудаед аз гурӯҳҳои ҷиноятӣ. Пули наркотик бисёр... Мо дорем маълумот, чораҷӯӣ мекунем. Камбудиҳоро ислоҳ кунед! Як моҳ муҳлат!»

 

  1. Ё ПАЛАВ, Ё ШИРЧОЙ 

Дар ин як моҳ бисёр соҳибвазифаҳо рафтанду омаданд. Яке сӯхт, дигаре сохт. Яке гирист, ба рӯи дигаре гули лабханд шукуфо гардид. 
Беҳтарин гашт, беҳтарин бозёфт дар ин ҳама гирудорҳо интихоби раиси нав - Ёдгор Файзов буд. 

Лаънат бар "аммо", ки маро дар ҳама навиштаҳоям пайгирӣ мекунад. Аммо хуб мебуд, агар командаашро худи раиси нав интихоб мекард. Ҳолиё мисли он шуд, ки як ошпазро ба тӯй даъват менамоӣ, лек то омаданаш аз бозор биринҷро дигаре мехарад, сабзиро нафари дигаре реза мекунад, ҳатто зирбакро кадоме дигар омода мекунад. 
Шояд ширчойро (ғизои дӯстдоштаи помириён) мисол меовардам, фаҳмотар мегашт?

Ёдгор Файзов. Кӣ ин номро ба президент пешниҳод кардааст? Ҳам нон, ҳам палав, ҳам ширчойе, ки мехурад, ҳалолаш бод! Нӯши ҷон! Приятного апеттита! Ош шавад! 

Файзов намояндаи Оғохони IV дар Тоҷикистон аст. Имоми Замон барои аксари мардуми Бадахшон баъди паёмбар аст. Як нома, як паём, як занги телефонии пешвои мазҳабии исмоилиён кофист, ки ҳама ба ҳокими нави вилоят итоъат бинамоянд. Ҳасби ҳол, кейси оқои Файзовро касе дигар надорад. Мактаби комсомол, мактаби мудирият, мактаби чашмсерӣ низ аз афзалиятҳои ӯст. Ман намедонам, президент ба ӯ чӣ фотиҳа дод, агар ман мебудам, чунин мегуфтам: "Вирод, вилоят дар дасти туст. Дастонат кушодаанд, ё месозӣ, ё месӯзӣ! Роҳи саввум нест!"

 

  1. ҚИЁМАТИ САҒИР 

Имрӯз фариштаҳо омин мегӯянд, ё қиёмат мешавад, ё ҳичӣ. Ба ном мухолифон ҳама қартаҳоро рӯи миз рехтанд: Помирро ҳукумат ба хок яксон мекунад, қатли ом сар мешавад, бозори наркотикро мақомдорон аз худ мекунанд, дасисаи Россия, Чин, Амрико. Тайёрӣ ба интихоботи соли 2020. Ба истилоҳи як булбулаки оппозитсия "бо баҳонаи ҳар баҳона"...

Булбулони ҳукумат низ мехонанд: "чанд ҷинояткор", ...ва маҷмӯъаи муродифхои (синонимҳои) ба ҳамин ибора монанд. 

Аммо огоҳон медонанд, ки мурод аз ин "спетсоператсия" таслим кардани Толиб Айёмбеков, Ёдгор Маҳмадасламов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазориев ва чанд нафари дигар меравад, ки ҳукумат онҳоро додситону додгустару полиси ғайрирасмии вилоят мешуморад. Ё ҳукумате дигар, ки ғаши ҳукумати аслиро меорад.

Суол: мешавад ба онҳо огоҳинома ё даъватнома (повестка) фиристод? Қабл аз ин мавод ҷамъоварӣ кард, парванда сохт ва пасон суд кард? Суди ошкоро ва боадолат. 

"Ҳм!" - чунин буд вокуниши дӯсти бадахшонии ман! 

"Не дурак, понял!" - вокуниши ман. 

... Сигор дуд мекард. Хокистардон пур мегашт. Мо хомӯш парвоз ва фанои дудро тамошо мекардем. 

- Кадом ҷигаркалон метавонад дари онҳоро бикӯбад ва повестка диҳад? - сукутро шикаст ӯ. 

- Пас... армия? Танкҳо... Гурӯҳи махсус?

...Ҳақиқатро мехоҳед? 

Ҳама медонанд, ки онҳо аслиҳа доранд ва мусаллаҳанд. Нирӯ ва саркашии онон низ дар ҳамин аст. "Тем более, дар ин як моҳи ултиматум онҳо низ омодагӣ диданд. Эти старые волки" ...
Гуфтему гуфтем, вале ба "чӣ бояд кард?"- и ленинӣ посух наёфтем...

 

  1. СУБҲОНА – 2

Фолбиниро дӯст надорам. На ба сабабу баҳонаҳои ҳукумат бовар дорам, на ба дилсӯзиҳои "микрофонҳои Кабирӣ". 

Рӯзномаҳоро варақ занед. Аз интернет биҷӯед. Хотираҳоро тагурӯ созед. Аз ҳамсояҳо, ҳолдонҳо, ҳатто аз "занони лаби ҷӯ" пурсон шавед: киё Кабирӣ - раҳбари исломиҳои тоҷик, дар тобистони хунини соли 2012 ва рӯзҳои изтиробангези 2014 оид ба ҳодисоти Хоруғ ҳарфе гуфта буд? Ягон нафар зиндае ҳаст, ки изҳороти ин раисро шунида бошад? Ҳатто рӯзе, ки раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон - Сабзалӣ Мамадризоеви навҷавонро куштанд. Насиҳате карда буд, ба ҳамкоса ва ҳамнишинонаш, генералҳои "мардумӣ" - Ҳоҷи Ҳалим ва Ҳоҷӣ ё Ноҳоҷӣ (намедонам) Шоҳ Искандаров, ки ба сӯи мардум тир наандозанд? Чаро генералҳои дигарро имрӯз "микрофонҳои" ин оқо хоин мехонанд ва Ҳоҷи Ҳалимро Мулломуҳйиддин қаҳрамони миллат мешуморад?

Аксари онҳое, ки имрӯз аз Бадахшон мегӯянду ҳатто мегирйанд, "микрофонҳои Кабириянд". Чун ҳамеша худи рӯбоҳи маккор аз паси буттаҳо овардгоҳро наззора мекунад. Аммо "кабиришиносон", он яке камина, баръало мебинем, ки дар камин кист?

 

  1. СУКУТ 

Сигорӣ сигор дуд кунад. Носкаш нос занад. На гирифтори ину на ошиқи он ҳеҷ не хамёза кашад ва боз як бор боби "СУБҲОНА -1" ро мутолиъа кунад.

 

  1. САДОИ ЯККА 

Ман бар онам, ки ҳукумат аз нақшаи Кабирӣ роҷеъ ба сохтани як пойгоҳ ё гузаргоҳ дар Бадахшон огоҳӣ дорад. Ва аз он низ шояд пай бурдааст, ки ба кадом шахсиятҳо ин сиёсатбоз дар ин зовия такя мезанад. Ва ин рози магӯ чӣ сон ба долонҳои Кохи назди чойхонаи "Роҳат" расидааст. 

Ман бар онам, ки аз нақшаи раҳбари Наҳзат оид ба таъсиси бошишгоҳҳо ва омода кардани як артиш дар Афғонистон ва тавассути Бадахшон ба кишвар интиқол додани онҳо мақомот огоҳ гаштаанд. Розе, ки як кас медонад, дунё медонад.

Ба ифшо шудани ин роз ман шубҳа надорам. Ба эътирофи худи Кабирӣ "дар Наҳзат бузҳо кам нестанд". Ба ҷуз ин итминон дорам, ки фирориёни наҳзатӣ ин ҳамаро нарезондаю начаконда ба мақомот расониданд. Бар иловаи ин чанде пеш сохторҳои қудратии Афғонистон чанд нафар аз сарбозони Кабириро дар Афғонистон боздошт карданд ва ба ҳукумат супориданд. Барои тарафи муқобил беҳтарин бозёфт ба даст овардани "забон" аст. 

Флешмобу плакатсозию петитсияи чандзабонаю ину они Кабирӣ аз дилсӯзист? Нахандонед...

 

  1. СУКУТ 

Акнун сар бар рӯи зону монед ва биандешед: Оё вазидани шамолеро байни тобистони соли 2012 ва тирамоҳи 2018 эҳсос мекунед?

 

11. ИНТИҲО 

Узум живч ту, Бадахшон! 

Зинда бод Тоҷикистон!