Баёнияи созмони ифротии «Гурўҳи 24» пойдар ҳавост

Баёнияи созмони ифротии «Гурўҳи 24» пойдар ҳавост

Неруҳои бадхоҳ ва душман аз ҳар фурсату баҳонае истифода бурда, амалҳои зишти худро нисбат ба ватану миллати мо анчом додани мешаванд. Ҳоло ки масъалаи таъмини волоияти ќонун ва мубориза бар зидди љинояткорї дар  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар маркази диќќати ҳамагон, аз љумла  воситањои ахбори умум ќарор дорад, ҳар гуна ташкилоту гурўҳҳои террористию ифроти (ТТЭ ҲНИ,


созмони ифротии «Гурўҳи 24» ва ѓ.), ки дар асл абзору олоти дасти доираҳои манфиатҷўи хориљианд, онро барои татбиќи маќсадҳои нопокашон истифода мекунанд.

Дар асл, ваќте ки як ташкилот ё гурўњи љинояткор бо пахши изњорот ба масъалањои муњими љомеа ва њатто таъмини амният дахл мекунад, хеле хандаовар ва нафратовар аст. Зеро пањн кардани њар гуна хабару изњороти ѓалат ва бардуруѓ метавонад мардумро ба гумроњї бурда, вазъиятро боз њам бадтар кунад. Чунин амалро рўзи гузашта эътилофи ба ном «Паймони миллии Тољикистон», ки чењраи дигари ТТЭ ЊНИ мебошад, анљом дода буд. Имрўз бошад, созмони ифротии «Гурўњи 24» чунин як баёнияи пур аз тўњмат, беасос ва пойдарњаво  нашр кардааст.

Муаллифи ин баёния ё аниќтараш туњматнома, менависад, ки вазъият дар ВМКБ рўзњои охир бадтар шуда, ин минтаќа гўё дар муњосираи ќуввањои мусаллањ ќарор дошта бошад. Интиќол ёфтани ќисме аз кормандони сохторњои ќудратиро ба ин вилоят беинсофона «њуљум» меномад. Аммо дар асл, вазъият дар Бадахшон рўзњои охир на бадтар, балки пас аз мусодира кардани як ќисми аслиња ва ба тартиб даровардани истифодаи наќлиёт, бењтар шудааст. Кормандони сохторњои ќудратї ба ВМКБ њуљум накардаанд, балки барои пешгирї ва ошкор кардани љинояткорї сафарбар гардидаанд ва маќсади асосии онњо њифзи њуќуќу озодињои мардуми њамин вилоят аст.

Ин баёниянависи гумноми «Гурўњи 24»  воњимаро то њадде мерасонад, ки  масъалаи «мухторият»-ро ёдрас мешавад ва бо ин роњ дар байни минтаќањои кишварамон ихтилоф барангехтанї аст. Ин амали нињоят манфур, паст ва разилона аст, ки ба он танњо ифротиёне мисли аъзоёни «Гурўњи 24» ќодиранд. Албатта ин њарзагўињои ифротиёни «Гурўњи 24», ки ѓаразноку бепояанд, ягон таъсире ба ањолї ва хусусан мардуми шарифи ВМКБ нахоњанд гузошт. Зеро фаъолияти сохторњои марбутаи давлатї ва ањли љомеа танњо барои пешгирии љинояткорї равона гардидааст ва ягон маќсади дигаре дар ин маврид мављуд нест.

Ин ифротиён дар баёнияи мазкур бо як ањмаќии бемислу монанд аз дастгирии љомеаи љањонї менависанд ва бо воридшавии ДИИШ мардумро тарс доданианд.  Вале як бор андеша намекунанд, ки љомеаи љањонї имрўз аз вазъияти воќеии Тољикистон, аз љумла ВМКБ огоњ аст ва њаргиз гуруњњои муташаккили љиноятиро дастгирї намекунад. Орзуи деринаи «Гурўњи 24» - ДИИШ њам ба хоки Тољикистон ворид намегардад, зеро имрўз кишвари мо дорои артиш ва сохторњои ќудратии муќтадир аст, ки бо такя ба дастгирии тамоми ањолї, аз љумла мардуми Бадахшон марзу буми ватанамонро њифз карда метавонанд.

Дурўѓи дигари дар баёния дарљшуда он аст, ки гўё теъдоде аз мардуми кишврамон дар Аврупо паноњанда шудаанд. Аммо маълум аст, ки аксари ин «паноњандањо» нањзатињои љинояткор  ва ё аъзоёни созмони ифротии «Гурўњи 24» мебошанд, ки аз љавобгарї дар назди ќонун гурехтаанд. Ќисми дигарашон онњое њастанд, ки аслан ќаллобу маккоранд ва бо маќсади пайдо кардани имконияти зиндагї дар Аврупо худро «таъќибшуда» муаррифї мекунанд.

Аммо бояд имрўз неруњои бадхоњ, хусусан нањзатињо ва аъзоёни созмони ифротии «Гурўњи 24» ба хубї дарк кунанд, ки тамоми љомеаи Тољикистон  ба масъалаи Бадахшон бетараф  набуда, барои ободу пешравї ва таъмини амнияти мардуми ин минтаќаи зебои кишварамон талош меварзанд ва дар муќобили падидањои номатлуби љинояткорї, терроризм ва ифротгарої муттањиданд.

 

Парвизи Мирзо