Маълумот оид ба фаъолияти Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар масоили «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо – омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон»
Дархостдиҳандагон: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ); Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД). Давомнокӣ – 20 моҳ (сентябр, 2019 – апрел, 2021)
Ҳадафи асосии лоиҳа такмил додани сатҳ ва усули таълим тавассути такмили стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ мутобиқи талаботи ҷараёни Болон, инчунин баланд бардоштани иқтидори касбии ҳайати профессорону омӯзгорон бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва таълимӣ тавасути ташкил кардани шабакаи таълимии онлайн дар байни ду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД) мебошад.
Шарики лоиҳа: Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варна (The University of Economics – Varna), Булғория. Институти ҷамъиятии муҳосибони касбӣ ва аудиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавзеҳоти пурраи лоиҳа |
Татбиқи лоиҳаи “Мукаммалгардонии нишондодҳои сифати омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ» дар Донишгоҳи давлатии Данғара.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи "Мукаммалгардонии нишондодҳои сифати омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ" аз 16.12.2019 то 23.12.2019 дар заминаи Донишгоҳи давлатии Данғара 2 семинар-омӯзишӣ дар мавзӯи "Истифодаи технологияҳои инноватсионии аврупоӣ ва таҷҳизоти муосир барои назорати иншоотҳои гидротехникӣ" бо ҷалби мутахассисони дохиливу ва мушовирони хориҷӣ гузаронида шуд.
Давраи якум: Вобаста ба ин, аввалин семинар-омӯзишӣ (16.12.2019 – 19.12.2019) бо иштироки омузгорону устодони Донишгоҳи давлатии Данғара 20 нафар, аз ҷумла 5 нафар занон ва мушовирони хориҷӣ баргузор гардид.
Давраи дуюм: Дар семинар-омӯзишӣ (20.12.2019 – 23.12.2019) бо иштироки вазорату корхонаҳои вобаста ба соҳаи сохтмони гидротехникӣ 20 нафар, аз ҷумла 5 нафар занон иштирок намуданд:
Дар семинари мазкур, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимон ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шохтемур, мутахассисони Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиат, ш. Ровно (Украина) ва Донишгоҳи политехникии ш.Люблин (Ҷумҳурии Лаҳистон) ва Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок доштанд.
Ҳамзамон, дар кори семинар, намояндагони ташкилотҳои корфармо, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии мелиоратсия ва обёрии заминҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникии назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникии корхонаҳои OAHK "Барқи Тоҷик"иштирок доштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки коршиносони байналмилалӣ ва мушовирони маҳаллӣ дар семинари мазкур фаъолона иштирок намуда, вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳа баромадҳо намуданд.
Тибқи барномаи семинар, бо сухани ифтитоҳӣ ректори Доншгоҳи давлатии Данғара, менеҷери асосии лоиҳа Шоҳиён Нуралӣ Набот оғоз ёфта, ҳамзамон Ҳакимов Хомидхоча - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набиев Рустамжон Ахмадович - муовини роҳбари Хадамоти БГТС назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Вуйцик Валдемар, директори институти электроника ва технологияҳои информатсионии Донишгоҳи техникии Люблин (ш.Люблин, Ҷумҳурии Лаҳистон), Савина Наталия Борисовна, проректор оид ба таълим ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодабарии табиат (ш. Ровно, Украина), Янчук Александр Евгеньевич, дотсенти кафедраи геодезӣ ва картографии Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодабарии табиат (ш. Ровно, Украина) ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар давоми машғулиятҳо, презентатсияи “Таҷҳизот, ки барои озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи лоиҳа харидоришуда ва имкониятҳои истифодаи он” аз ҷониби дотсент Янчук Александр - мушовири байналмилалӣ оид ба насби таҷҳизот ва омӯзиш, Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиат, (ш. Ровне, Украина) шунида шуд.
Яке аз самтҳои муҳимми татбиқи лоиҳа, таъсиси маркази озмоишӣ-татқиқотии (МОТ) мебошад, ки дар он таҷҳизотҳои муосир, таҳияи корҳои озмоишӣ ва методӣ аз рӯи фанҳои “Таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ”, “Сохтмони гидротехникӣ ва беҳсозии муҳит” барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии андўхтаи донишҷӯён, ҳамзамон такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК муҷаҳаз гардонида шудааст.
_______________________________________________________________________________________________________________
ОКНО 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда (20 месяцев)
Основная цель проекта является улучшение уровня и методики преподавания посредством модернизации учебных стандартов и учебных планов, а также повышения профессорско-преподавательского потенциала с использованием передовых информационно-образовательных технологий путем создания образовательной онлайн сети между вузами. Проект состоит из четырех компонентов:
|
Дополнительная информация по проекту .....
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ ТАЙИ СОЛҲОИ 2018-2019.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи ректории баланд бардоштани мақому манзалати Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҷомеа дар раванди расидан ба ҳадафҳои рақобатпазирӣ ва рушди инноватсионӣ тайи солҳои 2017-2020 (марҳилаи аввал 2017-2018) дар самти ҳамкориҳои равобити хориҷӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ чораҳои амалиро меандешад.
Дар ин робита, соли таҳсили 2018-2019 бо дастгирӣ ва мусоидати хамаҷонибаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ татбиқи лоиҳаҳои зерин амалӣ гардида истодааст.
1. Лоиҳаи Erasmus+/Capacity/building (соли 2016-2019).
Дар доираи лоиҳаи Erasmus+/Capacity/building дар соҳаи таҳсилоти олии лоиҳаи TACES “Introducing Trancdisciplinary European Studies in Tajikistan” – Шиносоӣ бо трансфанҳои таҳсили Аврупоӣ дар Тоҷикистон (таҳсилот дар зинаи магистратура – дар Донишгоҳи техникии Дрезден, Олмон) ба Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳаҷми 227345,54 сомонӣ таҷҳизоти муосири технологияи информатсионӣ харидорӣ ва дар синфхонаи махсус муҷҷаҳаз гардонида шуд. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳа 4 нафар кормандони донишгоҳ дар Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон дар силсила семинарҳои байналмилалӣ сафарбар карда шуданд.
2. Семинар дар мавзӯи “Асосҳои Инсоншиносӣ” аз ташкилоти байналмилалӣ ПАХЧ аз тарафи фонди Фонди Оғо Хон (соли 2018).
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзӯи “Асосҳои Инсоншиносӣ” семинар гузаронида шуд, ки 15 нафар кормандони донишгоҳ соҳиби сертификат оид ба гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ гардиданд.
3. Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ дар мавзӯи “Дизайни касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бозори озоди меҳнат” (соли 2018).
Бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бо маблағи умумии 236 745. 78 нафар шунавандагони хонаниши ноҳияи Данғараро аз рӯи касби тарроҳ-дузанда омӯзонида бо шаҳодатномаи Донишгоҳи давлатии Данғара ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
4. Лоиҳаи Пракс (Praxx) – Олмон (соли 2019).
Мақсади асосии татбиқи лоиҳа дар он мебошад, ки донишҷӯ таҷрибаомӯзии тахассусии соҳаҳои аграриро дар Ҷумҳурии Олмон гузашта, таҷрибаи соҳаи аграриро аз худ менамояд ва онро дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва соҳаҳои аграрӣ ва саноатии ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур айни замон 6 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар шаҳрҳои Курмҳоир, Ҳелхенряд, Шуппинген, Отобойрен, Вейзеи Ҷумҳурии Олмон таҷрибаомӯзии тахассусӣ гузашта истодаанд.
5. Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаҳои грантии озмунӣ”-и Ассосиатсияи байналмилалии рушд - Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи “Мукаммалгардонии нишондодҳои сифатии омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гирдротехникӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ» (солҳои 2018-2020).
Маблағи умумии лоиха: 2 257 394,00 сомонӣ.
Дар дораи татбиқи лоиҳаи мазкур таъсиси Маркази озмоишӣ-таҳқиқоти (МОТ)-и, ташкили озмоишгоҳҳои инноватсионии баҳогузорӣ ба сифати маҳсулот, марказҳои таълимӣ-тренингии таъмини бехатарии озуқаворӣ, фазои иттилоотӣ, озмоишгоҳҳои вобаста ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳо ва дигар мавзуҳоро дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла:
1. Донишгоҳи федералии технологии Шветсия;
2. Донишгоҳи политехникии Люблин, Ҷумҳурии Лаҳистон;
3. Донишгоҳи политехникии Краков, Ҷумҳурии Лаҳистон;
4. Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиат (ш.Ровно, Украина) ба роҳ монда шудааст.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Дангара аз дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, хамзамон аз натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои амалигардида дар муҳлатҳои муайянгардида ахбороти муфассал манзур менамояд.
Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ":
1. Дизайни касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бозори озоди меҳнат" - соли 2017-2018.
МАҚСАДИ ЛОИҲА:
Таҳияи стандарт, нақша ва модулҳои таълимӣ, инчунин ташкили ҷараёни таълим аз рӯи соҳаи сохтмони гидротехникӣ ва беҳсозии муҳит, ҷори намудани масъалаҳои таъмини амнияти бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар асоси стандартҳои Аврупоӣ.
ВАЗИФҲОИ АСОСИИ ЛОИҲА:
Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, аз он ҷумла, таҷрибаҳои муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар (Иттиҳоди Аврупо) оид ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сохтмони гидротехникӣ, таъмини амнияти бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, баҳогузории онҳо дар доираи сафарҳои шиносоии гурӯҳҳои мушовирони лоиҳа, аз ҷумла як зан, аз муассисаҳои олии касбии Аврупо (Донишкадаи техникии Швейтсария, ш. Цюрих, Мактаби олии кишоварзии Аэн, Фаронса), инчунин Ҷумҳурии Украина, ки бо таълимгоҳҳои бонуфузи дорои таҷрибаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ ва таъмини бехатарӣ ҳамкорӣ доранд, дар мисоли Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодаи табиати ш. Ровно.
Ташкили баланд бардоштани сатҳи огоҳии гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара, омӯзгорони МТОК-и кишвар, мутахассисон, аз ҷумла ширкатҳои корфармоён, соҳаҳои иқтисодиёт тавассути иштирок дар машғулият ва омӯзишҳои махсус бо истифода аз техника ва технологияҳои инноватсионӣ, таҷҳизотҳои муосир дар соҳаи сохтмони гидротехникӣ ва беҳсозии муҳит, аз ҷумла барои баҳогузории иншоотҳои гидротехникӣ, бо ҷалби мутахассисони техникии ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳо.
Таҳияи фанни нави умумикасбии “Таъмини амнияти бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ”, инчунин такмил додан (бењтар намудани сифат)-и стандартҳои амалкунанда, нақша ва модулҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои 1-70040101 "Сохтмони гидротехникӣ " ва 1-740401 "Сохтмони деҳот ва ободонии муҳит" бо мақсади мутобиқат намудани онҳо ба талаботҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ, бо иштироки мушовирони хориҷи кишвар ва таҳлилгарони МТОК-и ҳамкор.
Ҷорӣ намудани фанҳои таҳия ва такмилгардида дар раванди таълим, барои таълими донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар МТОК-и соҳавии кишвар.
Таъсиси Маркази озмоишӣ-татқиқотии (МОТ), муҷҷаҳаз гардонидани таҷҳизотҳои муосир, таҳияи корҳои озмоишӣ ва методӣ аз рӯи фанҳои “Таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ”, сохтмони гидротехникӣ ва беҳсозии муҳит барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии гирифтаи донишҷӯён, ҳамзамон такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК.
Андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъсиси шароити ҳуқуқӣ ва техникӣ, бо мақсади истифодаи имкониятҳои таҷҳизоти МОТ барои баҳогузории иншоотҳои гидротехникӣ, омӯзиши масъалаҳои ҳолатҳои ҳодисаю офатҳои техногенӣ ва вазъияти фавқулода дар асоси эҳтиёҷоти ширкатҳо ва ташкилотҳо, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони соҳавӣ дар маркази мазкур дар асоси бастани шартнома ва хизматрасониҳои пулакӣ.
Ташкил ва имконияти ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ барои татбиқи барномаи таълимӣ бо иштироки омӯзгорони таҳсилоти олӣ ва мутахассисони соҳаҳои сохтмони гидротехникӣ ба равияи номбаркардашудаи мамлакат аз нигоҳи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо истифода аз Маркази миллии илмӣ-таълимии шабакаҳои компютерии TARENA.
Гузаронидани семинар-тренингҳо барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, инчунин мутахассисони соҳаҳои ба ин мавзӯъ вобастаи иқтисодиёти мамлакат аз нигоҳи баланд бардоштани огоҳ будани онҳо оиди шароитҳои муҳайёгардида, дар раванди баланд бардоштани маҳорати касбӣ бо истифода аз шароитҳои муҳайёкардашудаи МОТ омӯзиши масъалаҳои вобаста ба офатҳои табиӣ, ки дар доираи беаҳамияти фаъолияти одам ба амал омадааст, ҳолатҳои фавқулода дар асоси пешниҳоди ширкат ва ташкилотҳо.
Бланкаи забони тоҷикӣ |
Бланкаи забони русӣ |