МАЪЛУМОТИ УМУМИИ ДОНИШГОҲ
Донишгоҳи давлатии Данғара бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2013, № 205 дар заминаи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара бо мақсади таъмин намудани талаботи муассисаю корхонаҳои минтақа бо кадрҳои дорои дараҷаи тахассусӣ таъсис ёфтааст. "Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ" бо иштироки Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ воқеъ дар маркази шаҳраки Данғара баргузор гардид, ҳамчун саҳифаи дурахшон дар таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ дорои тамоми шароити муосири кору таҳсил буда, барои таҳсили донишҷӯён синфхонаҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз бо воситаҳои замонавии таълим, хобгоҳҳои замонавӣ барои истиқомат сохта шудаанд.
Нишонаи ҳуқуқӣ ва аслии Донишгоҳ чунин аст: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, 735320, шаҳраки Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Данғара, телефон: +992 83312 2-28-03, Факс: +992 83312 2-28-03; E-mail: dddangara_2013@mail.ru , www.dsu.tj, www.fosilavi.dsu.tj.
Шумораи умумии ҳайати омӯзгорони донишгоҳ ба 260 нафар мерасад, ки аз онҳо омӯзгорони доимӣ (ҳамкор ва штатӣ) 225 нафар мебошанд. Шумораи омӯзгорони штатӣ ба 172 нафар баробар аст, ки аз онҳо 2 нафар доктори илмҳо, 28 нафар номзади илмҳо мебошанд. Шумораи омӯзгорони то 35 сола ба 128 нафар мерасад, ки аз онҳо 4 нафар дорои унвони илмӣ мебошанд.
Фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию фарҳангӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2013, № 497), Оинномаи Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии Данғара (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.12.2017, № 6608) ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маърифатнокии донишҷӯён Стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо (соли 2018) ва нақшаҳои таълимии амалкунанда мувофиқӣ талаботи низоми таҳсилоти кредитӣ ва ҷараёни Болон таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд. Сохтори идоракунандаи раванди таълим дар донишгоҳ аз департаменти таълим ва идораи сифати таҳсилот ва дар заминаи он маркази бақайдгирӣ ва идораи барномаҳои таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот, маркази идораи донишҳо ва корҳои таълими-методии инноватсионӣ, сектори мониторинги сифати таҳсилот иборат аст.
РАВИЯЮ ИХТИСОСҲО ВА ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТҲО
Дар асоси Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ 0001865 (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.2015, № 2024) ва замима ба иҷозатномаи мазкур аз 31.07.2017 қабули донишҷӯён дар зинаи бакалавриат аз рӯи 64 ихтисос, магистратура 17 ихтисос, аспирантура 20 ихтисос ва қабули шунавандагон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯйи 33 самт ба нақша гирифта шудааст.
Дар низоми таҳсилоти кредитӣ барномаҳои таълимии фанҳо (силлабус) дар асоси стандартҳои давлатии таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шуда, матни лексияҳо ва нақшаҳои машғулиятҳои амалию лабораторӣ ташкил карда шудаанд.
Дар айни замон теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба 9725 нафар мерасад, ки аз ин 4722 нафар дар таҳсилоти рӯзона ва 939 нафар дар шубаи фосилавию ғоибона таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёни тариқи шартномавӣ таҳсилкунанда ба 3822 нафар, аз ҷумла дар шуъбаи рӯзона ба 3018 нафар мерасад. Шумораи донишҷӯёни гуруҳҳои буҷавӣ ба 1839 нафар мерасад, ки аз онҳо 108 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Соли таҳсили 2017-2018 донишгоҳро 562 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 280 нафар бо дараљаи мутахассис донишгоҳро хатм карданд.
Дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва замимаи ҳуҷҷати мазкур соли таҳсили 2018-2019 дар Донишгоҳи давлатии Данғара донишҷӯён аз рӯи 82 ихтисос дар зинаи бакалавриат, аз ҷумла 8 ихтисос дар зинаи мутахассис (марҳилаи ниҳоӣ) таҳсил менамоянд. Дар зинаи магистратура аз рӯйи 8 ихтисос 87 нафар магистрантон, аз ҷумла 51 нафар дар курси 1-ум ва 36 нафар дар курси 2-юм таҳсил менамоянд.
СОХТОРИ ИДОРАВӢ ВА ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН
Сохтори Донишгоҳи давлатии Данғара аз ректор, Шурои олимон, проректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот, Шқрои таълимию методӣ, проректор оид ба илм ва татбиқот, проректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ ва мобилияти академӣ, проректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ, проректор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагию маъмурӣ, 7 факултет, 21 кафедра, инчунин кафедраи ҳарбӣ иборат аст.
Ихтисосҳои амалкунанда дар назди кафедраҳои тахассусӣ вобаста ба равия ва самти фаъолияти омӯзгорони кафедраҳо тақсимбандӣ карда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки дар айни замон донишгоҳ дар тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони соҳибунвон самти афзоишёбанда дошта, ташкил кардани кафедраҳои нав дар ин асос вобаста ба дараҷаи таъминот бо кадрҳои соҳибунвон дар назар гирифта шудааст.
СОХТОРИ ФАКУЛТЕТҲО ВА КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ВА РОҲБАРИЯТИ ОНҲО ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2018-2019
Факултети табиӣ-риёзӣ, педагогикаи муосир ва рушди нерӯи инсонӣ.
1. Кафедраи педагогика, психология ва рушди неруи инсонӣ.
2. Кафедраи химияи умумӣ ва таҳлилӣ.
3. Кафедраи физикаи умумӣ ва татбиқӣ.
4. Кафедраи математикаи олӣ ва моделсозии соҳавӣ
Факултети иқтисодиёти инноватсионӣ ва моделсозии соҳавӣ.
1. Кафедраи иқтисодиёти инноватсионӣ ва таҳлили молиявӣ.
2. Кафедраи таъмини бехатарии иқтисодиёт, менеҷмент ва идораи лоиҳаҳо.
Факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ.
1. Кафедраи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ.
2. Кафедраи идораи давлат ва таърихи умумӣ.
3. Кафедраи фанҳои гуманитарӣ, идораи минтақавӣ ва сайёҳӣ.
Факултети агробиология, стандартизатсия ва сертификатсия.
1. Кафедраи агротехнологияҳои нав ва амнияти озуқаворӣ.
2. Кафедраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби бойторӣ.
3. Кафедраи биология ва бехатарии экологӣ.
Факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ.
1. Кафедраи сохтмони деҳот, гидротехникӣ ва геология.
2. Кафедраи технология ва таъмини сифати маҳсулоти саноатӣ.
3. Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи шаҳрвандӣ.
Факултети лингвистика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ.
1. Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик.
2. Кафедраи назария ва амалияи забонҳои хориҷӣ.
3. Кафедраи забон ва адабиёти рус.
4. Кафедраи забоншиносии иттилоотӣ ва телекоммуникатсия
Факултети идораи навгониҳо ва сармоягузорӣ.
1. Кафедраи дизайн, индустрияи муд ва идораи навгониҳо.
2. Кафедраи информатика, ҳифзи иттилоъ ва кибернетика.
Соли 2018 курси такмили ихтисоси омӯзгориро 28 нафар (12,4%), соли 2019 бошад 24 (10,7%) нафар омӯзгорони асосӣ дар назди ДТИМТОК, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, ДТТ ба номи М.С. Осимӣ вобаста ба самт ва равияи ихтисоси мувофиқ гузаштанд. Департаменти таълим ва идораи сифати таҳсилотро зарур аст, ки барои аз курси такмили ихтисос дар самти иқтисодиёт, педагогика ва психология, фанҳои гуманитарӣ гузаштани омӯзгорон чораҷӯӣ намояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ соли равон 35 нафар омӯзгорони соҳибкасбро ҳамчун ҳамкор ба фаъолияти педагогӣ ҷалб намудааст, ки аз онҳо 13 нафар профессорон ва 10 нафар дотсентон мебошанд. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо мақсади дастгирии омӯзгороне, ки рисолаҳои илмиро барои ҳимоя омода месозанд, грантҳои пулӣ муқаррар карда шудаанд, ки дар ин самт басо назаррас мебошад.
Таъминоти раванди таълим бо технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар донишгоҳ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Миқдори умумии компютерҳо – 344 адад мебошад, ки пурра коршоям мебошанд. Синфхонаҳои компютерӣ – 11 то, синфхонаҳои лингофонӣ – 2 то, озмоишгоҳҳои тахассусӣ 15 то мебошанд. Дар 38 синфхонаҳои таълимию озмоишгоҳҳо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо насб карда шудаанд, ки ба тарви самаранок истифода бурда мешаванд. Миқдори компютерҳои пайваста бо шабакаи Интернет – 179 адад мебошанд, ки аз онҳо 136 адад дар синфхонаҳои компютерӣ мебошанд.
Масоҳати умумии ҳудуди донишгоҳ ба 42918 м2 баробар аст. Донишгоҳ дар шакли маҷмааи таълимӣ (кампус) бунёд ёфта, аз бинои асосӣ, инчунин 2 хобгоҳи 9 ошёна бо беш аз 1000 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишӣ бо 450 ҷойи нишаст, толори мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст, ки барои 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Раёсати донишгоҳ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва ташкили фаъолонаи раванди таълим чораҳои зарурӣ андешида, шумораи синфхонаҳои таълимї ба 115 адад бо фарогирии 6146 љойи нишаст барои донишљўён расонида шудааст.