ПАЙРАВӢ АЗ ПЕШВО
- Мо чароғи ақлу ирфонро фурӯзон мекунем,
- Барқи донишро ба ҳар сӯ шуълаафшон мекунем.
- Дар ниҳоди навҳавонон мекунем эҳъёи нӯр,
- Ҳар ҷавонро қалб, пур аз нӯри тобон мекунем.
- Пайравӣ аз Пешво, дар меҳнату сидқу вафо,
- Хизмати халқу Ватанро аз дилу ҷон мекунем...
ЗАҲМАТИ УСТОД
- Умрат дароз бошад, устоди меҳрубонам,
- Сад сол умр бинӣ меҳрат ба қалбу ҷонам.
- То ин, ки мо биёбем неъмат зи дониши ту,
- Омўзгори илму ҳамрози хушбаёнам.
- Даргоҳи маърифатро бар мо ту мекушоӣ,
- Илму адаб, ки дорем, онро ту мефизоӣ.
- Амре зи ҷониби туст, он амри рӯҳбахш аст,
- Зеро, ки ту шарифӣ, ҳодию роҳнамоӣ.
- Ирфону илму дониш аз туст ҳадя моро,
- Заҳмат, ки мекашӣ ту, морост ҷонфизоӣ.
Аз эҷодиёти устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик - Абдуев Эмом Субҳонович