Парки инноватсионию технологӣ

Ҳасанов Баҳодур Каримович

Директори Парки инноватсионӣ - технологӣ

Қосимова Парвина Садриддиновна

Сармутахассис

Ҳайётова Мавлуда Латифовна

Сармутахассис

Дузандаҳо

 

Маълумоти умумӣ

          Парки технологии  Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ - инноватсионӣ, ба даст  овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои инноватсионӣ,  фаъолият менамояд. Парки технологии назди Донишгоҳи давлатии Данғара дар кори худ бевосита ба ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия итоат мекунад.

         Парки инноватсионӣ - технологии  Донишгоҳ ба кори худ аз сентябри соли 2013 оғоз бахшида, фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ (Низомномаи Парки инноватсионӣ - технологии Донишгоҳи давлатии Данғара аз 05.01.2024,суратҷаласаи №5 аз 29.12.2023) ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохториро муттаҳид менамояд: 

1.Сехи омўзишии курсҳои дузандагӣ дар” Маркази ҳунарҳои мардумӣ”

2. Минтақаи  таълимӣ таҷрибавӣ.


 

                          Фаъолияти Парки инноватсионӣ-технологӣ

          Парки инноватсионӣ-технологии Донишгоҳи давлатии Данғара мувофиқи нақшаи кории тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия  амал намуда,  фаъолияти мунтазамро ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба сомон  расонидааст.

           Имрӯзҳо шунавандагони курсҳои дузандагӣ таҳти роҳбарии муаллима Турақулова Бозоргул Саидмузаффаровна ҳунари дӯзандагиро аз худ менамоянд. Маҳсули дасти кормандони сехҳои мазкур дар чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  истифода бурда шуданд. Дар сех туҳфаҳои хотиравӣ истеҳсол менамоянд. Кормандони сехи дузандагӣ дар ҳамкорӣ бо созмони Ҷавонони донишгоҳ бахшида ба ҷашнҳо либосҳо аз матоъҳои атласу адрас, чакан ва либосҳои махсуси корӣ духта тайёр карданд. Дар озмунҳои бонуи сол, ҷашни модарон маводҳо тайёр намуда, либосҳои    духтаи  худро ба намоиш бароварданд.

 

          Дар минтақаи таълимӣ таҷрибавии “Парки инноватсионӣ - технологӣ” донишҷуён ва кормандони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо факултаи аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ таҷрибаҳои илмӣ - амалӣ мегузаронанд.

 Сехи дузандагии  № 1 - и Парки инноватсионӣ - технологии донишгоҳро Қосимова Парвина ва сехи дўзандагии №2 - и Парки инноватсионӣ-технологии донишгоҳро Ҳаётова Мавлуда сарварӣ менамоянд.