ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Яке аз падидаҳои номатлуби замони муосир, ки монеи рушди босуботи ҷомеаи имрӯзӣ гардидааст, ин ифротгароӣ, тундгароӣ, даҳшатафканӣ мебошад, ки барои кишварҳои ҷаҳон ва тамоми инсоният хатари бузург эҷод намуда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ (экстремизм; лот- extremus – охирин,канора) – фаъолияти динӣ-сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯӣ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебаранд. Ифротгароӣ самти осоиштагӣ, муросокорӣ расмӣ ва қонунии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла зиддиятҳои байналмилалӣ кӯмак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал намоянд [4, с.481].

Дар доираи илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар илмҳои иҷтимоӣ ифротгароиро олимону донишмандон ба маъниҳои гуногун шарҳу тавсиф намудаанд, ки мо низ дар ин қисмат чанде аз шарҳи ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Бисёре аз олимон муҳаққиқон ва коршиносони соҳа, масъалаи мафҳумҳои ифротгароӣ (экстремизм), тундгароӣ (радикализм) ва терроризм (даҳшатафканӣ) – ро гуногун шарҳ дода, то ба имрӯз ба як хулосаи амиқ наомадаанд. Ин маънои онро надорад, ки мо ба ин масъала таваҷҷӯҳ нанамоем. Балки аз дирӯза дида масъалаи ифротгароӣ дар шароити кунунӣ боз хавфноктару тезу тундтар гардидааст, ки барои кишварҳои алоҳида, ба хусус давлатҳои Осиёи Марказӣ хатари бузург эҷод намуда истодааст. Ба андешаи мо муқовимат бо ифротгароӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ бояд ба амали дастаҷамъии ҳамаи давлатҳо, халқу миллатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ қарор бигирад. Ҳамзамон махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аҳолии ин кишварҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд хатари бузург дар рӯ ба рӯи онҳо қарор дорад, аз ин лиҳоз зарурати муқовимати дастаҷамъонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст.
Ифротгароӣ ва терроризм ба ҷомеаи Тоҷикистон низ таъсири манфии худро гузошта, монеи рушду инкишофи босубот дар ҷамъият гаштааст. Аз ин лиҳоз ҷомеаи Тоҷикистонро лозим аст, ки аз ҳама бештар ба тарбияи насли наврсу ҷавон аҳамияти ҷиддӣ дода, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, шинохти аслияти худ ва дур рафтан аз хурофоту ифрот тарбия намудан зарур аст. Зеро, ки навли наврасу ҷовонон қувваи бузург барои амнияти минбаъдаи давлат ва мустаҳкам шудани пояҳои истиқлол мебошанд. 
Ба андешаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саидмумин Ятимов “Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад”. “Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод” [7].
Ба андешаи мо низ ҷаҳолат омили асосии азбайнравии дастовардҳои инсонӣ, фарҳагу тамаддун ва давлату миллат буда метавонад ва мубориза бо ҷаҳолату бадбахтиро мо дар тарбияи насли донишманду худшинос, худогоҳу ватандӯст ва арзишшинос медонем. Барои худшиносу худогоҳ тарбия ёфтани насл зарур аст, ки насли наврасу ҷавон бояд дар рӯҳияи илмомӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия ёфта, бо эҳсои баланд ватану миллати худро дӯст дошта, манфиатҳои онро аз ҳамаи манфиатҳо боло гузошта, роҳҳо ва воситаҳои саодати миллатро пайдо намоем ва ба гузаштаи худ арҷ гузошта, таърихро омӯзем ва аз он сабақ гирифта, имрӯзро дарк намоем ва таррҳҳоро барои ояндаи давлату миллат кашида, саодату хушбахтии ҷомеа ва давлатро таъмин намоем. Зеро, ки насли босаводу таълимдида ва худшиносу худогоҳ ҳеҷ гоҳ ба ҷаҳолат дода намешавад. 
Боиси зикри хос аст, ки худшиносии миллӣ дар заминаи хушку холӣ ба даст омада наметавонад. Он дар асоси омӯзиши таъриху тамаддун ва шинохти воқеии таърих, арҷгузорӣ ба дастовардҳои миллат, сиёсатмадорону донишмандон ба даст меоя ва дар натиҷа эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири инсон пайдо мегардад.
Ин нуқта басо ҷолиб аст, ки ҳамаи бузургони илму адаби мо талқинкунандагони хираду дониш ва одобу ахлоқ будаанд. Дар тамаддуни умумибашарӣ назири халқи тоҷикро ёфтан муҳол аст, ки бузургонаш ҳама, бидуни истисно, қисматҳои бузурге аз осори худро ба панду насиҳат, тарбияи ахоқӣ, дар боби ростӣ ва дурӯстӣ, некӯӣ ва накукорӣ, адлу инсоф, беозорӣ, мурувват, дӯстиву рафоқат, ҳифзи обрӯ ва мавқеи инсонӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ бахшидаанд.
Бузургтарин шоҳкории адабиёти ҷаҳонӣ, ифтихори тоҷикон ва тамоми форсизабонон “Шоҳнома” – и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ситоиши ақлу хирад оғоз меёбад, намунаи бузурги инъикоси худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик дар асрҳои 9-10 ба шумор меравад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Тамоми осори гузаштагони моро – аз “Авасто” сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлоною Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Саидою Дониш ва садҳо дигар – маҷмуи одобу ахлоқ номидан мумкин аст” [8, с.8].
Ба андешаи мо “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дар муқовимат бо ифротгароӣ барои мардуми мо хизмат менамояд. 

  • Фидои ту бодо тану ҷони мо,
  • Чунин бод, то буд паймони мо.
  • Зи баҳри ту эй Ватан ғамхораем, 
  • На аз кӯшишу ҷанг бечораем...
  • Зи мо то бувад зинда як номдор,
  • Напечем як тан сар аз корзор...» [12, с.98].

Пешвои миллат ба масъаллаи ватандӯстии ҷавонон диқат дода, ҷиҳати ташаккул ва инкишофи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстии насли наврас аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд, то ки як насли худшиносу худогоҳро тарбияву бар камол расонида, дар ташаккули тафаккури миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд. Ин аст, ки сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба дастовардҳои фарҳангии ниёгон ва осори бузургони илму адаб ҳамчунин бо мероси таърихии миллат, ки асоси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавон мегардад, таваҷҷуҳи хосса намудааст. Эҳёи анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон, эътирофи воқеии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, эҳтироми доимии шахсиятҳои бонуфузи миллати тоҷик ва таърихи қадимаи халқи тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла шомил шудани Саразм (с. 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (с. 2013) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, «Шашмаком» (с. 2008), иди Наврӯз (с. 2010), «Оши палав» (2016) ва «Чакан» (с. 2018) ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ва ғайра аз зумраи чунин дастовардҳо ба шумор мераванд [9].
Пешвои миллат ҳамчун шахсияти фарҳангдӯст ва фарҳангпарвар дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ ҷиҳати эҳёи ҳамаҷонибаи унсурҳои фарҳанги миллӣ кӯшиш намуда, ба фарзонафарзандони миллат, ки дар замони ҳокимияти Шуравӣ ёде аз онҳоро касе намекард, дубора арҷгузорӣ намудаанд.
Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳимми таърихӣ-фарҳангӣ аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), 2700 — солагии китоби муқаддаси “Авесто” (2001), 2500-солагии Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2004), 1125-солагии Абуалӣ Ибни Сино (2005), «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 950-солагии Имом Ғазолӣ (2008), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам-Абуҳанифа – Нуъмон ибни Собит (2009), 3000-солагии Ҳисор (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусейни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 1150-солагии Абӯбакр Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016) ва ғайра дар сатҳи байналмилалию ҷумҳурӣ таҷлил карда шуд, ки дар инкишофи тафаккури миллӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии насли наврасу ҷавон заминаи асосиро фароҳам меоварад [13, с.26].
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки на ҳамаи ин чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили 1100 – солагии давлати Сомониён, «Соли тамаддуни ориёӣ», 2700-солагии Кӯлоб аз ҷониби ҳасудони миллати тоҷик, соҳиби фарҳангу тамаддуни қадиму воло будани тоҷикон хуш пазируфта нашуд. Аммо ин иқдомҳои ватандӯстонаю миллатхоҳона такони ҷиддие буданд дар худшиносию таҳкими ҳувияти миллӣ ва ободонии саросари Тоҷикистон, ки насли имрӯзӣ бо доштани таъриху фарҳанги бойи худ ифтихор менамояд. Аммо новобаста аз ин мувафақиятҳо, ки дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ мо ба даст овардем, ҳастанд душманону бадхоҳоне, ки ин ҳамаро нодида гирифта, иддае аз ҷавонони камдонишу дур аз маърифати диниву дунявиро ба доми фиреби худ афтонида, дастовардҳои дар зарфи 32 сол бадастомадаро ночиз нишон дода, душмани таъриху фарҳанг ва тамаддуни худ менамоянд. Аз ҳисоби ин гуна ҷавонон гуфӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ сафҳои худро пурра менамоянд, ки аз ин амал дида хиёнати бузург дар олам вуҷуд надорад.
Ҳол он ки наметавонад миллат бо ақидаҳои ифротӣ ва ҷаҳолат ҳастии худу ояндаи давлату миллати худро таъмин намояд. Чун таҷриба ва дастовардҳои халқу миллатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҷаҳолату ифрот ҷомеаро ба нестӣ ва бадбахтӣ мебарад на ба сӯи саодату хушбахтӣ. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои илмии худ ҳам саодат ва ҳам пешрафту тарақиёти давлату миллати худро таъмин намуда, аз самараи он лаззат бурда истодаанд, ки ин нуктаро Аломаи Иқбол чунин тасвир намудааст:

  • Қувваи Мағриб аз илму фан аст,
  • В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Ин таъкиди Алома Иқбол ба насли наврасу ҷавон дар он аст, ки танҳо миллати босавод ва донишманду худшинос метавонад давлату миллат ва ватани худро аз ҳар гуна хавфу хатарҳои замон аз ҷумла ҷаҳлу бадбахтӣ, ифротгароиву терроризм ҳифз намояд.
Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хурофот, таассубу ифротгароӣ, ҷаҳолат ва торикист ва ба мардуми Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меорад, на чизи дигар. Сабаби асосии ин омилҳои манфӣ бесаводӣ ва дур шудан аз илм аст. Ба қавли Бедил:

  • Пеши чашме, ки нӯри ирфон нест,
  • Гар бувад осмон, намоён нест.
  • Бедил имрӯз дар мусалмонон,
  • Ҳама чиз ҳаст, лек имон нест. 

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем” [2, с.14].
Аз ин ақоид хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки танҳо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор доштан аз ватану миллат, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ метавонад ба сифати омили муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм баромад намояд. 
Худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеи вайронкорӣ ва худноогоҳии ватандорон аст, тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хубии ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷои Ватан аст. Аз ин рӯ танҳо худшиносиву худогоҳӣ ватандӯстии миллат метавонад бо ҳамаи таҳдиду хатар рӯ ба рӯ истода, миллату давлат ва ватани худро аз ин хатарҳо ҳифз намояд. Аз ин қувваи бузург гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ доимо дар ҳарос буда, кӯшиш менамоянд, ки ин намуди эҳсосро дар замири мардум коҳиш дода, ҳадафҳои муғризонаи худро пиёда намоянд [10, с.63].
Дар хусуси надонистан ва воқиф набудан аз гузаштаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардааст: “Агар кас гузаштаи худро надонад, инсони комил нест” [10, с.63]. Ин суханҳо чунин маъно доранд, ки танҳо миллати огоҳ ва донишманд метавонад давлат, миллат ва ватани худро аз ҳар гуна хавфу хатар ҳифз намояд. 
Имрӯзҳо дар миёни насли наврасу ҷавони кишвари мо гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ бо ҳадафҳои муғризонаи худ ҷавонони камдонишу камтаҷрибаро мағзшӯӣ намуда, онҳоро дар рӯҳияи бадбинии таъриху тамаддун ва давлату ҳукумат ба коми худ кашида, онҳоро туъмаи ҳадафҳои нопоку разилонаи худ намуда истодаанд. 
Бо рушди техникаву технологияи муосир имрӯз ҷовонону наврасонро як қатор ташкилотҳои ифротии террористӣ баро пур намудани сафи гурӯҳҳои худ даъват намуда, барои даст ба ҷинояту хиёнат задани онҳо мусоидат намуда истодаанд. Ҷавонони ноогоҳ аз ҳадафҳои нопоки онҳо бо ин гурӯҳҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ алоқа барқарор намуда, сафи ин гурӯҳҳоро зиёд намуда истодаанд, ки аз оқибатҳои нохуши он огаҳ намебошанд.
Мушкилоти ҷиддӣ он аст, ки барои гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз миллат ва арзишҳою муқаддасоти миллӣ дигар хайри мутлақ нестанд. Гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва анъанаҳою маросимҳои миллии ҷомеаи тоҷикро зери суол гузошта, онҳоро бо идеологияи динию ифротӣ ва одамситезӣ иваз намоянд. Аксар вақт ифротгароӣ ба мазҳабситезӣ ва динситезӣ мубаддал шуда, шаклҳои ғайриинсониро ба худ касб менамояд, ба воқеияти иҷтимоӣ тамоюлҳои хатарнокеро ҷорӣ мекунад, ки онҳо на танҳо ба амнияти ҷомеаҳо ва кишварҳои минтақа, балки ба тамоми ҷаҳон сироят ва таҳдид мекунанд. Вобаста ба масъалаи таҳқиқшаванда Г. Лебон қайд менамояд, ки паҳншавии тамоюлоти ифротгароӣ, миллатгароӣ миллатро ҳамчун шакли олии фаротаърихӣ ва ғайритабақотии ваҳдати иҷтимоӣ тафсир мекунад. Саволе ба миён меояд, ки зуҳуроти миллатгароӣ ба зуҳуроти таҳқиқшаванда, яъне ифротгароӣ чӣ алоқамандӣ дорад. Бояд қайд кард, ки вақте ки миллатгароӣ шакли деструктивиро мегирад, он ба созандагию муттаҳидшавии миллат боис намегардад. Балки миллатро ба қисматҳо пароканда карда, сабаби нестшавии миллат ва давлат мегардад. Ин аст табияти вайронкоронаи миллатгароӣ. Чи тавре С.Хантингтон қайд менамояд, ба миллатгароӣ ғояҳои ваҳдати миллӣ ва истисноӣ хос аст, ки вобаста ба вазъи таърихӣ ва муоширати байни миллатҳо рушд мекунанд.
Ҳадафи асосии гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ низ дар шароити имрӯза пеш аз ҳама аз байн бурдани арзишҳои миллӣ ва ба ҷойи онҳо ворид намудани арзишҳои ифротӣ, ба қавли худашон динӣ мебошад, ки имрӯз бар аъло дар миёни гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ мушоҳида мегарданд. 
Боиси зикри хос аст, ки ба ҳам омехташавии ифротгароӣ, миллатгароӣ, минтақагароӣ ва низои динӣ масъалаи ташвишовари ҷомеаи муосир гардидааст. Дар айни замон дар ҷумҳурии мо миллатгароӣ аксар вақт ҳамчун як принсипе тафсир карда мешавад, ки тибқи он тамоми воҳидҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар ҷомеаи сермиллат бо ҳам мувофиқат мекунанд ва ҳамзамон, қувваҳои роҳбарикунанда ва назоратшаванда ба як гурӯҳи этникӣ мансуб мебошанд. Бо ин равиш, миллатгароӣ метавонад ҳамчун майдони ифодаи эҷоди миллат, василаи поксозӣ ва рушди миллат амал кунад. Бо ин сифат миллатгароӣ на танҳо дар қаламравҳои пасошуравӣ, балки дар Тоҷикистон, дар қаламравҳои аз қадим ба ин минтақаи ҷуғрофӣ тааллуқдошта низ ба таври равшан зоҳир мешавад.
Масъалаи ҳифз намудани хотираи таърихӣ, эҳё намудани арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии насли нарасу ҷавон маҳз аз баракати истиқлоли давлатӣ имконпазир гардид. Дар ин давра давлати миллии соҳибистиқлоли тоҷикон тавассути кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар робита ба шинохти дурусти меъёрҳои дини ислом ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ ва ҳам дар самти эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ ҳамчун пояи маънавии ҳастии миллат ва давлати тоҷикон як қатор чорабиниҳои ҳаётан муҳимро анҷом дод. Новобаста аз ин, бо сабаби дар тафаккури авомонаи ҷомеаи суннатӣ ҷойгоҳи хос доштани дин ва роҳ ёфтани фарҳангу идеяҳои динӣ - сиёсии бегона дар фазои иттилоотии кишвар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ба мушкилӣ пеш меравад. Аз ин нигоҳ, дар шароити ҷомеаи суннатӣ маҳз низоми давлатдории дунявӣ метавонад заминаи ҳуқуқиро барои ҳифзи хотираи таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ муҳайё сохта, ба ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат намояд ва аз зуҳури таассубу ифротгароии динӣ дар сатҳи сиёсат пешгирӣ карда, амният ва рушди босуботи ҷомеаро таъмин созад [3].
Тавре қайд намудем, баробари расидан ба истиқлоли давлатӣ арзишҳои динӣ босуръат эҳё гардиданд ва дар ин раванд масъалаи худшиносии миллӣ ва динӣ ба мавзуи мубрами рӯз табдил ёфт. Миқдори марказҳои динӣ ва таваҷҷуҳ ба маърифату таълими динӣ афзуда, миқдори масҷидҳо ва шахсони ба тахаллуси ҳоҷӣ ноилшуда ниҳоят зиёд шуданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар доираи фаҳмиши мардуми авом худшиносии динӣ нисбат ба худшиносии миллӣ мақоми болотар гирифтааст.  Бо дарназардошти чунин вазъият роҳбарияти олии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи ташаккули худшиносии миллӣ дар миёни шаҳрвандони кишвар як қатор чорабиниҳои хусусияти идеологидоштаро ба анҷом расонид, зеро давлатдории миллӣ танҳо дар пояи арзишҳо ва худшиносии миллӣ устувор шуда метавонад [5, с.32].
Боиси зикри хос аст, ки яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии динӣ, хусусан, гурӯҳҳои салафияи такфирии Ховари Миёна, ки дар кишвари мо низ ин гурӯҳҳо ва афкори онҳо дар миёни як гурӯҳ шаҳрвандон паҳн гардида, аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ ва дур аз маърифати динӣ ва дунявӣ сафи худро пурра намуда истодаанд. Хусусияти асосии ин гурӯҳи ифротӣ дар он аст, ки ин ҳаракат аз бисёр назар ба миллигароии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гурўҳи ба ном “Давлати исломӣ” барои асоснок кардани ҳуқуқи “халифаи мусулмонон” шуданро доштани роҳбарашон Абубакри Бағдодӣ, на салоҳияти илмӣ, сифатҳои ахлоқӣ ё таҷрибаи сиёсии ўро, балки пеш аз ҳама, гўё аз қавми араб ва аз аҳли қабилаи Қурайши араб будани гузаштагони дури ўро далел овардааст. Дар айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии “арабу аҷам” буда, ба нажоду фарҳанги аҷамию тоҷику форс ҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд. Тавре маълум аст, масъалаи “арабу аҷам” ё шакли имрўзааш, бањси “эрону араб”, дар тўли таърихи ҳамзистии ин ду халқият ташаккул ёфта, масъалаҳои қавмӣ, нажодӣ, фарҳангӣ, сарзаминӣ, арзишӣ, динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар мегирад, ки шарҳи он як баҳси бисёр тўлонист [1, с.57]. Ин бадбинии таъриху тамаддуни миллати тоҷику форс дар миёни ақвоми арабӣ заминаҳои муайяни таърихӣ дошта, зиёда аз ҳазор сол аст, ки ин мубориза идома дорад. Аз ин рӯ гурӯҳҳои ифротии диннӣ махсусан салафия, душмани таърихии таъриху тамаддун, расму оин ва забону фарҳанги миллии мо мебошад. Аз ин рӯ барои муқовимат бо ин гурӯҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама чуноне, ки дар боло зикр намудем баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ метавонад бо ин гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳадафҳои манфури онҳо муқовимат намояд.
Боиси зикри хос аст, ки дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳҳои гуногун идома дошта, гоҳо зери шиорњои миллї, гоњо зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар зери шиорњои сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Омўзиши муҳит ва рўҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбати мардумони ориёӣ ва иронитабор ҳамвора истилоҳҳои таҳқиромезе чун «маҷусон», «оташпарастон» ва ғайраро истифода намуда, номњои эрониро “номҳои маҷусӣ” ва гоҳо забони форсиро “забони аҳли дузах” меноманд. Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии муосири динӣ зиддият бо мардуми эронитабор ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни форсию тоҷикӣ мебошад [1, с.58].
Ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ифротии диннӣ пеш аз ҳама дур намудани миллати тоҷику форс аз аслияти худ, фарҳангу забон, анъанаву урфу одат, ва дигар арзишҳои миллӣ мебошад, ки бо роҳу воситаҳои гуногун ба монанди тарғибу ташвиқи арзишҳои исломӣ, паҳн намудани маводҳои динӣ аз қабили, китобу мақолаҳо ва шиорҳо, суҳбату вохуриҳо, маъракаву чорабиниҳо дар миёни ҷомеа ва ҳоло роҳи ба таври осон таблиғу бо худ кашидани таваҷҷӯҳи ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ идеологияи худро паҳн намуда, ҷавононро бо ин ғояҳо мехоҳанд мағзшӯӣ намуда, дар онҳо тафаккури зиддимиллӣ ва зиддифарҳангиро ба вуҷуд биёранд.
Гурӯҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама ба ҳувияти миллӣ ва асолати таърихии миллати тоҷик душманӣ дошта, ҳадафи аз байн бурдани онҳоро дар тинати худ мепарваранд. Онҳо мехоҳанд тамоми дастовардҳои ҳазорсолаҳои мардумони ориёиаслро несту нобут намуда, ба ҷойи онҳо ҳувияти арабӣ, арзишҳои динии ифротии худро, ки муқобили арзишҳои ориёитаборони форсу тоҷик нигаронида шудааст, дар ҷомеа паҳн намуда, миллати тоҷикро аз аслу насаб, фарҳагу тамаддун, забону анъана ва урфу одатҳои миллии худ дур намоянд. 
Дар шароити имрӯза арзишҳои миллии мо хусусан, номҳои бостонӣ, шахсиятҳо ва чеҳраҳои ориёии тоисломӣ, таърихи давлатдории куҳани Эронзамин, расму оину ҷашнҳои миллии ориёиасл, забони форсии тоҷикӣ ва ғайра ҷузъи ҷудонашавандаи арзишҳои ҳувиятсози миллати тоҷик буда, ҳувияти миллии тоҷиконро бидуни онҳо тасаввур кардан мушкил аст. Пас, дар шароити Тоҷикистон хуҷум ба таъриху забону арзишҳои “аҷамӣ” ё “форсӣ” дар воқеъ ҳуҷум ба таъриху забону арзишҳои худи тоҷикон мебошад, ки имрӯзҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ифротии “Салафия”, “Толибон”, ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, ТЭТ ҲНИТ ва дигар ҷараёнҳо сурат гирифта истодаанд.
Масалан, вақте, ки ифротгароёни динӣ бо нафрати амиқ забони форсии тоҷикиро «забони дўзахиён» хонда, номҳои асили миллии моро “номҳои маҷусӣ” ва ғайримусулмонӣ эълон карда, ҷашни ҳувиятсози тоҷикон - Наврўзро «ҷашни маҷусиён» номида, инкор менамоянд, ин ба маънои ошкоро инкор намудани муҳимтарин пояҳои фарҳангу асолати тоҷикон, яъне инкор намудани ҳастии фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Дар солҳои охир зери таъсири чунин ақидаҳои ифротӣ ҳатто баъзе рўҳониёни номдори маҳаллии тоҷик низ дар суханрониҳои худ масъалаи иваз кардани номҳои асили бостоние чун Ҷамшеду Рустаму Суҳробу Сиёвушро ба миён гузоштанд, ки ин ҳолат бори дигар исботи моҳияти ин ҷараён аст [1, с.58].
Дар мавриди ифротгароёни душманони таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо сузу гудоз навиштаву ба наслҳои ҳушёру бедори миллати мо таъкид доштаанд:

  • ...Чу бо тахт минбар баробар шавад,
  • Ҳама ном Бубакру умар шавад...
  • Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,
  • Нажоду бузургӣ наояд ба кор.
  • Аз Эрону аз турку аз тозиён,
  • Нажоде падид ояд андар миён...
  • Бирезанд хун аз пайи хоста,
  • Шавад рӯзгори бад ороста.
  • Зиёни касон аз пайи суди хеш,
  • Расонанду дин андар оранд пеш.

Ҳамин тариқ, гурӯҳҳои динии ифротии имрӯза бо арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ, асолати таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикӣ бо ҳам дар ҳеҷ мавриде наметавонад созгор бошанд ва наметавонад вориди мафкураи миллати тоҷик шавад. Зеро, ки рушди ақидаҳои ифротӣ ба нобудии фарҳангу тамаддун, забону асолати миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ оварда мерасонад. Чунки ифротгароии динии муосир хусусияти миллатгароӣ, қавмгароии арабӣ дошта, аз душманони ашадии ҳувияти миллӣ ва фарҳангии тоқикӣ мебошанд. Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки барои ҳар касе, ки дар вуҷудаш дӯстдории миллат, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ҳувияти тоҷикӣ дорад, вазифадор аст, ки бо дарки масъулияти ватандориву ватанхоҳӣ ва ҳифзи номусу шаъни тоҷикӣ даҳшату ҷаҳолати ифротгароӣ ва ҳадафҳои нопоки онҳоро дарк намоянд. Муносибати худро ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ тағйир дода, дунболи рушди босубот ва саодати миллати худ бошад. Зеро танҳо ин омил метавонад бо ҳамаи падидаву хавфу хатарҳои муосир аз ҷумла ифротгароиву терроризм истодагарӣ намуда, миллатро аз парокандагиву фақру ҷаҳл ва нестшавӣ нигоҳ дорад.

           Адабиёт
1.А.Раҳнамо. Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист? Душанбе: - 2015.саҳ 57.
2.Аҳмадҷон А. Сарварии ӯро зиёда аз 2300 сол интизор будем. Дкшанбе, “Ирфон”, 2017. Саҳ.14.
3.Маҳмадизода Н.Д., Саторзода С. Н. Худшиносии миллӣ заминаи муҳими пешгирии гурӯҳҳои диннӣ-ифротӣ дар ҷомеаи тоҷик. [Манбаи электронӣ] (санаи муроҷиат 9.02.2023)
4.Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷилди 3. Душанбе: “Андалеб-Р”, 2015.540 с.
5.Нурулҳақов Қамар. Салафияи ифротӣ: моҳият ва таҳдиду хатарҳои он. Нашриёти ҳарбии “Сарбоз” Душанбе, 2018. С.32
6.Р. Набиев, Ф. Зикриёев, М. Зикриёева. Тољикистон дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1. Душанбе: «Матбуот» С.3.
7.С.Ятимов “Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад.(Андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) [Манбаи электронӣ] (санаи муроҷиат 18.01.2023)
8.Сайдализода Зафари Шералӣ. Густариши ахлоқи миллӣ – посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ. – Душанбе: ҶДММ “Контрас”, 2014.260с. – Саҳ.8.
9.Саидов А.С. Дстовардҳои беназири даврони истиқлоли давлатӣ пойдевори рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистонӣ [Манбаи электронӣ санаи боргирӣ 16.01.2023] https://anrt.tj/tj/khabar-o/1827-dastovard-oi-benaziri-davroni-isti-loli-davlat-pojdevori-rushdi-omeai-muosiri-to-ikiston 
10.Сайфулло Сафаров. Ватандӯстӣ ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз терроризм. Терроризм ва ифротгароӣ - роҳҳои пешгирии он. Душанбе, “Маориф” 2015. - С.250.
11.Тоирзода С.Т. Нақши омӯзиши таърих дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон ҳамчун заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзуи “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2021 Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 19-20 уми апрели соли 2019, Данғара, 2019. – С.421 
12.Фирдавсӣ, А. “Шоҳнома” Абулқосим Фирдавсӣ. – Душанбе: Адиб, 1987. – Ҷ.1. – С.98.
13.Шоҳиён Н.Н. Мактаби сиёсӣ ва саҳми беназири пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Маводи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 5-6 октябри соли 2021, н.Данғара. С.26.
14.Эмомалӣ Раҳмон. “Чеҳраҳои мондагор”. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2016. Саҳ.230-231
15.[Захираи электро.нӣ] URL: https://m.facebook.com/story.php?story  (Санаи муроҷиат: 10.08.2023).

 

  • ТИЛЛОЗОДА АНВАРШО АБДУЛҲАҚ
  • Омӯзгори калони кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Данғара. 

 

  • САИДОВ АБУРАЙҲОН ИСОЕВИЧ
  • Омӯзгори кафедраи муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникии Донишгоҳи давлатии Данғара.