Вохӯрии мутахасисони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати олимону унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара

Вохӯрии мутахасисони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати олимону унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара (8-уми декабри соли 2023)

Дар доираи нақшаи кории КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара семинари илмӣ-омӯзишӣ бо иштироки муовини раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.х. Иброҳимзода Дилшод, саркотиби илмии муассиса, д.и.ҳ. Маъруфӣ Расул, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ д.и.п. Азизӣ М.М. доир гардид. Дар семинар довталабони гирифтани дараҷаҳои илмӣ аз Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, инчунин намояндагони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав иштирок доштанд.
Аз тарафи мутахассисони КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни семинар масъалаҳои муҳими вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни 2023, № 295) ба таври муфассал фаҳмонида шуданд. Инчунин оид ба камбудиҳое, ки аз тарафи унвонҷӯён, котиботи шуроҳои диссертатсионӣ дар рафти омодасозии ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба комиссия, аз ҷумла дар автореферат, дар диссертатсия ва дар парвандаи аттестатсионӣ ошкор карда шудаанд, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни 2023, № 295 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи шурои диссертатсионӣ ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ як зумра сабукиҳо ва имтиёзҳо барои довталабони унвон ва дараҷаҳои илмӣ ворид карда шудааст, ки баҳри омодасозии кадрҳои илмӣ мусоидат менамояд. Дар рафти семинар саволу ҷавоб ва музокироти судманд роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷойдошта дар раванди омодасозии кадрҳои илмӣ сурат гирифт.

Раёсати илм ва инноватсия