ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲ

19 марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид._

♻️ Чорабиниро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

♻️ Ректори Донишгоҳ дар суханронии худ қайд намуд, ки Ҷaшни Нaврӯз, ки дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.

♻️ Дар доираи баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ, миёни факултетҳо ба муносибати таҷлил аз Иди байналмилалии Наврӯз, Озмуни “Дастархони наврӯзӣ ва намоиши либосҳои миллӣ” баргузор карда шуд.

♻️ Дар ҷараёни озмуни мазкур дастаҳои факултетҳо бо оростани хони наврӯзӣ, намоиши анъана ва урфу одатҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангии наврӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ, бозиҳои варзишиву зеҳнии тоҷикона миёни ҳам рақобат намуданд.

🏆🥇🥈🥉 Бо натиҷагирӣ ва баҳогузории ҳайати комиссияи озмунӣ, дастаи факултети педагогика ва психология сазовори ҷойи якум, дастаи факултети филология ва рӯзноманигорӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, аз ҷониби роҳбарият бо диплом қадрдонӣ карда шуданд.

🎶 Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби шуъбаи фарҳанги донишгоҳ намоиши театрикунонидашуда ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.