АКСИЯИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ» ДАР ДОНИШГОҲ

 

Бо иқдоми навбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара баҳри дар амал татбиқ намудани протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, №12, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2024, №422 (25-3) ва бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона, аксияи тарғиби либосҳои миллӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» баргузор карда шуд.