Cеменари илмӣ - назриявӣ дар мавзуи "Аудит дар низоми назорати молиявӣ"

Санаи 30.03.2024 бо ташабуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ семенари илмӣ - назриявӣ дар мавзуи "Аудит дар низоми назорати молиявӣ" баргузор карда шуд. Дар семенари мазкур олимони соҳа доктори илмҳои иқтисдӣ, профессор Низомов С.Ф. , доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов С.А. маъруза намуданд. Мутахассисони соҳа қайд намуданд, ки бидуни набудани аудит фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ғайриимкон аст. Дар охир бояд қайд намуд, ки дар семенари мазкур ҳамаи кормандони факултети молия ва қарз фаъол буданд ва дар ин чорабинии илмӣ саволҳои мубрам пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.