Курси такмили ихтисос барои омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти рус дар Донишгоҳи давлатии Данғара

Донишгоҳи давлатии Данғара аз соли 2023 ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Донишгоҳҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой ба таври судманд ба роҳ монда, дар самти «маориф ва таҳсилот» созишномаи дуҷониба ба имзо расонидааст.

Дар асоси созишномаи мазкур бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои иқтисоди профессор Хайрзода Шукрулло Қурбонали таи рӯзҳои 22-24 апрели соли 2024 барои омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти рус курси такмили ихтисос 2 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой - Марына Ольга Викторовна, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва Худенко Елена Анатольевна, доктори илмҳои филологӣ, профессор ташкил карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки такмили ихтисос барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони забони русӣ роҳандозӣ шуда, роҳу усул ва методҳои муосир дар раванди омӯзиши забон ва адабиёти рус мусоидат менамояд. Аз ин рӯ 10 нафар омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти рус ба курси омӯзишӣ ҷалб карда шуданд ва пас аз иштироки фаъолона дар омӯзиш соҳиби сертификати байналмиллалӣ гаштанд.

Дар доираи курси омӯзишӣ инчунин санаи 24.04.2024 иштироки меҳмонон бо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Данғара барои таҳсил дар зинаи магистратура суҳбату вохуриҳо гузаронида шуданд. Ташкили чунин чорабиниҳо дар шароити имрӯза барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таҳсилот ва равобит бо муассисаҳои хориҷи кишвар мусоидат менамояд.