ЗАМИНАҲОИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ВА ТАЪРИХИЮ ФАЛСАФИИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

            Санаи 08.06.2024 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Заминаҳои илмӣ-назариявӣ ва таърихию фалсафии ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” бахшида эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

           Дар кори конференсия ҳайати профессорону омӯзгорон ва унвонҷӯёни донишгоҳ, ҳамзамон олимони дигар муассисаҳои илмии кишвар, аз қабили Маҳмадизода Нозим Давлатмурод – д.и.ф., профессор, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Сатторзода Субҳидин Наҷмуддин – н.и.ф., муаллими калони кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ, Абдулхонов Файзалӣ – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳасанов М.М. – муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлаии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

- Бегонапарастӣ ва таъсири ногувори он ба фарҳангу арзишҳои миллӣ;

- Таъсири ифротгароӣ ба худшиносӣ ва арзишҳои миллӣ;

- Худшиносӣ ҳамчун омили муҳимми ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;

- Ҷашнҳои миллӣ – яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи манфиатҳои миллӣ;

- Таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги миллӣ: мушкилот ва дурнамо (таҳлили иҷтимоӣ -фалсафӣ).

         

Бояд зикр намуд, ки конференсия дар 3 бахш: Саҳми фалсафа дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, Давлати миллӣ ва манфиатҳои миллӣ ва Таърих ва саҳми он дар рушди худшиносии миллӣ кори худро идома дода, ба кумитаи тадорукотии конференсия 46 мақолаи илмӣ ворид гардида, маводи конфренсия ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли чопӣ ба нашр расонида шуд.