НАҚШИ ОБ ДАР ҲАЁТИ САЙЁРА: ЗАХИРАҲО, ТЕХНОЛОГИЯ ВА НАВОВАРИҲО

         Тибқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишгоҷи давлатии Данғара барои соли 2024”, санаи 19 июни соли 2024 дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши об дар ҳаёти сайёра: захираҳо, технология ва навовариҳо” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” доир гардид.

        Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои таърих Эркаев Сафар Абдулхайрович дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалии об ва ҳифзи пиряхҳодар ҷомеаи ҷаҳонӣ”, мудири лабораторияи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия дар мавзуи “Пиряхҳо, ташаккулёбии дарёҳои байнимарзӣ: проблема ва оқибатҳои экологии онҳо”, номзади илмҳои кишоварзӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара Расулзода Б.Р. дар мавзуи “Истифодаи самараноки захираҳои обу иқлим дар парвариши зироатҳо” маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд. Дар рафти чорабинӣ саволу ҷавоб ва баромадҳои судманд вобаста ба аҳамияти об ҳамчун унсури муҳими ҳаёт сурат гирифт.

       Маҷмуи мақолаҳои конференсия бо фарогирии беш аз 50 мавод фарогири самтҳои марбут ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи об; нақши олимону мутахассисон дар ҳалли мушкилоти глобалии «Об барои рушди устувор»; тағйирёбии глобалии иқлим ва мушкилоти демографӣ омили таъсиррасон ба дастрасӣ ба захираҳои об дар сайёра; истеҳсоли нерӯи барқи обӣ ва заминаҳои рушди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон; сарфакорӣ ва самаранокии истифодаи об дар соҳаҳои хоҷагии халқ; захираҳои обу пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи энергияи сабз таҳия гардидааст.

     Баргузории чорабинии мазкур ҷиҳати дарки масоили марбут ба об ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт бо пешниҳоди олимону мутахассисон басо муҳим ва саривақтӣ мебошад.