ШАНБЕГӢ: ИҚДОМИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҲОШИЯИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

         22 июни соли 2024 бо иқдоми ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ вобаста ба иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ шанбегии дастаҷамъона дар кӯчаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Данғара гузаронида шуд.

        Дар идомаи аксияи экологӣ зарфҳои пластикию партовҳо аз кӯчаҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳ партофта шуд. Ҳамингуна чорабиниҳоро Раёсати донишгоҳ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити экологии донишгоҳ ва ҳудуди ноҳияи Данғара мунтазам баргузор менамояд.