Густариши ҳамкориҳо байни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой дар самти такмили ихтисоси омузгорони забони русӣ

        Санаи 24 июни соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой, ректори донишгоҳи ҳамкор, доктори илмҳои педагогика, профессор Лазаренко Ирина Рудольфевна ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Кайгородев Евгений Викторович ба донишгоҳ ташриф оварданд.

        ​Мақсади ташрифи меҳмонон дар доираи ҳамкории дуҷониба дар он аст, ки дар доираи шартномаи дуҷонибаи ба имзорасида, ҳамкориҳои муштаракро дар самти мобилияти академии донишҷӯён, магистрҳо ва омузгорон, ҳамкориҳо дар самти илм, татбиқи лоиҳаҳои муштарак инчунин такмили ихтисоси кормандони таълимгоҳҳои ҳарду ҷониб мебошад.

       Санаи 23 то 26 апрели соли 2024 устодони донишгоҳи ҳамкор, мудири кафедраи филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Худенко Елена Анатолевна ва профессори кафедраи забономӯзӣ доктори илмҳои педагогика, Маренко Ольга Викторовна бо устодони кафедраи забон ва адабиёти рус, курси такмили ихтисоси забони русӣ гузаронида буданд ва дар ин сафар аз ҷониби ректори донишгоҳи номбурда ба омӯзгорони кафедраи забони русӣ, сертификати байналмиллалӣ тақдим карда шуд.