Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гардид.

        Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30.05.2024 зимни мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар оид ба муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълимӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо, таъкид намуданд, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати гузаштан аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида, муваффақона соҳиби ШАҲОДАТНОМА дар бораи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ силсилаи №001 аз 30.07.2024 гардид.

      Шаҳодатномаи мазкур, ба ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз ҷониби раиси Комиссияи аккредитатсионӣ д.ф.н., профессор Рахимов Г. тақдим карда шуд. Ҳуҷҷати мазкур баҳри баланд гардидани рейтинг ва нуфузи Донишгоҳи давлатии Данғара дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти муҳим хоҳад дошт. Дастоварди навбатӣ, ба коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара фархунда бод!